Қарзи ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои интиқоли барқ ба ин кишвар аз Тоҷикистон 28 млн долларро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 1 август раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода.
Раҳбари ширкати “Барқи тоҷик” сабаби пайдо шудани қарзро бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ медиҳад.
Ӯ таъкид дошт, ки айни замон раҳбарияти ширкати Афғонистон рӯйи ҳалли ин мушкилот чораҷӯӣ мекунад.
Асозода зикр кард, ки моҳи июли соли равон DABS ба суратҳисоби “Барқи тоҷик” 2 млн доллар гузаронида, корҳо дар ин самт идома доранд ва қарзи боқимонда давра ба давра пардохт хоҳад шуд.
“Содироти барқ идома дошта, ҳеҷ гуна мушкилоте нест. Ҳамаи зербинои зарурӣ ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам дар қаламрави Афғонистон дар ҳолати коршоям қарор доранд", - иброз дошт ӯ.
Роҳбари ширкат таъкид дошт, ки бар асари мушкилот дар шабакаҳои энергетикии Афғонистон, дар муқоиса бо солҳои пешин имсол интиқоли барқ ба таври назаррас кам шуд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи декабри соли гузашта “Барқи тоҷик” ва DABS ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.
Дар қарордоди иловагӣ интиқоли шабонарӯзии барқ аз Тоҷикистон дар соли 2022 дар ҳаҷми 400 мегаватт-соат дар мавсими баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ва 25-30 мегаватт-соат дар мавсими тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-апрел) пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи ин қарордод, барои ҳар як киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон DABS 4,67 сент пардохт мекунад.
Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 734 млн киловатт-соат неруи барқ интиқол дода шудааст.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти интиқоли барқ ба Ӯзбекистон, ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар моҳҳои январ-июни соли равон ҳудуди 1,6 млрд киловатт-соатро ташкил додааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста