Дар Душанбе аввали моҳи май ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад. Дар он театрҳои 6 кишвар ширкат мекунад ва миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷашнвораи байналмилалӣ рӯзи 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома мекунад.
Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Озарбойҷон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат мекунанд.
“Ин ҷашнвора барои тақвияти ҳамкориҳо ва мубодилаи таҷрибаҳои ҳунармандони кишварҳои ширкатдошта мусоидат менамояд. Ҳадафи фестивал густариши равобиту ҳамкории фарҳангӣ, рушди театрҳои касбӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад”, - гуфтанд аз Вазорати фарҳанг.
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барҳам хӯрда буд. Акнун он дубора эҳё мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе як ҳафтаи охир ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту 2025” баргузор гардид. Ин ҷашнвора чӣ гуна гузашт ва кадом намоишнома чӣ ҷоиза гирифт, дар матолиби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.




“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистон ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста