Моҳи январи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 6,5 млн доллар нерӯи барқ содир шудааст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ. Ин нишондиҳанда 2,7 баробар зиёдтар нисбат ба моҳи январи соли гузашта (ҳудуди 2,4 млн доллар) аст.
Ҳиссаи интиқоли неруӯи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ 5,7%-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Агентӣ, содироти барқ дар моҳи январи соли равон зиёдтарин дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол аст. Дар моҳи октябр интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 3,8 млн доллар, моҳи ноябр - 4,2 млн доллар ва декабр - 6,4 млн доллар сурат гирифта буд.
Тибқи маълумоти ҶСК “Барқи тоҷик”, дар мавсими тирамоҳу зимистон неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.
Қаблан ширкати электроэнергетикии Афғонистон Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) хабар дода буд, ки барои харидории барқ дар соли 2025 бо ширкати “Барқи тоҷик” тавофуқ ҳосил кардааст. Ҷузъиёти дигаре аз ин қарордод ва гуфтугӯи ҷонибҳо дар хабар зикр нашуда буд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетикаи ҶТ, соли 2024 ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 2,5 млрд киловатт-соатро ташкил додааст. Нерӯи барқ аз ҳама зиёдтар ба Афғонистон - 1 млрд 530,4 млн кВт/соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ содир шудааст. Мутаносибан нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои ин кишвар 46 дирам (4,2 сент)-ро ташкил додааст.
Соли гузашта ба Ӯзбекистон ба маблағи 201,2 млн сомонӣ 943,9 млн киловатт-соат нерӯи барқ содир шудааст. Ҳар 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ин кишвар 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) нарх доштааст.
Ҳамчунин соли 2024 аз Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои начандон зиёд нерӯи барқ ба Қирғизистон - 4 млн киловатт-соат ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ содир шудааст. Нархи ҳар як киловатт-соати он 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, аз даҳаи охири моҳи сентябр барои сокинони деҳоти Тоҷикистон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ амал мекунад - дар як шабонарӯз ба онҳо субҳ 3 соат ва шомгоҳон - 5 соат барқ дода мешавад. Интиқоли нерӯи барқ натанҳо ба аҳолӣ, балки ба нуқтаҳои фурӯш ва корхонаҳои хурд қатъ мешавад, ки дар маҷмӯъ иқтисоди кишвар аз он ҷиддӣ зарар мебинад.
Вакил Миронов ихроҷи муҳоҷирони тариқи пора ҳузурашон қонунишударо пешниҳод намуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста