ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 МАРТ

Соли 1940 – Ба Театри давлатии драмаи русии Тоҷикистон  номи Владимир Маяковский гузошта шуд.

Соли 2010 – Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) аз узвияти Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ шуд. Шӯрои ҷамъиятӣ як сохтори машваратӣ буд, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳизбҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо ҳукумат таъсис ёфта буд. Сабаби асосии хориҷшавии ҲДТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ норозигии онҳо аз сиёсати ҳукумат ва маҳдудиятҳои озодиҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар кишвар буд. Раҳбарияти вақти ҲДТ изҳор дошт, ки дар чунин шароит идомаи узвият дар Шӯрои ҷамъиятӣ маъное надорад ва онҳо наметавонанд дар фаъолияти он иштирок кунанд.

Соли 2010 – Ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд, ки тибқи он барои напардохтани андозҳо, инчунин пинҳон кардани даромад аз андозбандӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад.

Соли 2016 – Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ифтитоҳ гардид. Ин муассиса нахустин маркази бисёрсоҳаи тиббии кишвар мебошад, ки зинаҳои гуногуни ташхис, табобат, аз ҷумла маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ва офиятбахширо дар бар мегирад.

Соли 2020 – Шӯрои уламои Тоҷикистон дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирус даъват кард, ки аз намозҳои дастаҷамъона дар масҷидҳо худдорӣ кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Зодрӯзи Раҳбар Қосимов, арбоби ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистони шӯравӣ.

Роҳбар Қосимов

Ӯ фаъолияти кориашро ҳамчун агроном оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои баланди роҳбарикунандаи ҳизбӣ фаъолият дошт. Аз моҳи феврали соли 1974 роҳбари бюрои ташкилотии КМ ҲК Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб буд. Субҳи 26 феврали соли 1974 ҷасади Роҳбар Қосимовро аз меҳмонхонаи шаҳри Кӯлоб пайдо карданд. Ӯ ҳамагӣ 44 сол дошт ва пеш аз маргаш умури ташкилии вилояти Кӯлобро дар даст дошт ва мебоист котиби якуми кумитаи вилоятии ҳизби коммунист мешуд. Хулосаи тафтишот ин буд, ки ин мансабдори баландпоя худкушӣ кардааст, вале фарзияҳои дигар, аз ҷумла куштор низ вуҷуд дошт.

Вай чанд дафъа вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон  интихоб шуда буд.

Соли 1949 – Мавлуди Дона Баҳром, овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Дона Баҳром хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.

Фаъолияти касбиаш дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радио ва телевизион  оғоз гардида, дар ин даста ба олами сарояндагии асили тоҷикӣ ворид мешавад. Дона Баҳромов зиёда аз 100 суруди гуногунмавзӯъ иҷро намуда, дар заминаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ маҷмӯи овозие ҳам сохта ва сабт намудааст.

Соли 1957 – Мавлуди Ҳуринисо Ализода, рӯзноманигори тоҷик, раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон.

Ҳуриниссо Ализода

Ҳуриннисо Ализода Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст. Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба ҳайси омӯзгор дар ноҳияи Фархор кор карда, соли 1986 бо шурӯи кор дар рӯзномаи “Роҳи ленинӣ” ба олами журналистика пайвастааст. Аз соли 1988 ба сифати гӯяндаи радиои ноҳиявӣ ва муддате мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Ҳамадонӣ фаъолият дошт.

Баъдан солҳо дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” фаъолият кард.

Соли 2006 сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъин гардид ва аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи майи соли 2015 муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2021 раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳоло дар ин вазифаи ҷамъиятӣ фаъолият дорад.

Ҳуринисо Ализода муаллифи як қатор очеркҳо буда, маҷмуи очеркҳояшро бо номи “Ҳафт ахтар” аз чоп баромадааст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Фейрӯз Ҳакимов, навозанда, оҳангсоз, гитарнавози тоҷик.

Соли 1993 – Саймуддин Бурҳонов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2018 – Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда, рӯзноманигор, тарҷумон ва драматурги тоҷик дар синни 76-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии муҳандисӣ аст. Аз соли 2020 инҷониб ҳар сол 4 март ин ҷашн таҷлил карда мешавад. Ин иди касбии муҳандисон, олимон ва ихтироъкорон бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии ташкилотҳои муҳандисӣ таъсис ёфта, бо қарори Конфронси генералии ЮНЕСКО расмӣ гардонида шудааст.


Имрӯз Рӯзи ихтирои баландгӯяк (микрофон) аст. Маҳз 4 марти соли 1877 ихтироъкори амрикоӣ Эмил Берлинер баландгӯякро ихтироъ кард. Вале як сол қабл, соли 1876, Александр Белл низ микрофонеро сохта буд, ки онро дар намоишгоҳи ҷаҳонии Филаделфия намоиш дода буданд. Берлинер дар он ҷо онро дида, тасмим гирифт, ки дастгоҳи беҳтаре созад. Вай тавонист сигналҳои садоиро тақвият дода, дар натиҷа як навъ дастгоҳе ихтироъ кунад, ки он “микрофон” ном гирифт.


4 марти соли 1955 як ширкати бузурги технологӣ истеҳсоли радиоҳои хурдро оғоз кард. Ин навоварӣ оғози муваффақияти ҷаҳонии ширкат гардид. Охири солҳои 1960 ва ибтидои солҳои 1970, он яке аз пешвоёни истеҳсоли электроникаи маишӣ шуд.


4 март Рӯзи байналмилалии айнакдорон таҷлил мешавад. Аввалин линзаҳо ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар Троя пайдо шудаанд (тахминан 2500 пеш аз милод), вале асосан ҳамчун ҷавоҳирот истифода мешуданд. Танҳо баъди садҳо сол линзаҳо барои ислоҳи биноӣ ба кор рафтанд. Аввалин айнакҳо дар асри XIII пайдо шуданд. Онҳоро як шишабур аз Флоренсия – Салвино Алмати ихтироъ кардааст. Аввалин айнакҳо барои наздикбинон танҳо дар асри XIX ихтироъ шуданд.


Айнаксози лондонӣ Эдвард Скарлетт дар аввали асри XVIII ба айнакҳо пояҳои насбшуда барои дар пушти гӯш гузоштани айнак илова кард. Пеш аз ин, онҳоро бо ресмон ё банди эластикӣ истифода мебурданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 4 МАРТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17º сард, рӯзона -4+1º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона -2+3º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 22-27º сард, рӯзона 3-8º сард.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.