Имрӯз, 3-юми март дар шаҳри Лос-Анҷелеси Калифорния 97-умин маросими ҷоизасупории Академияи синамогарони Амрико –“Оскар”, ки баландтарин ҷоизаи синмаоӣ дар ҷаҳон дониста мешавад, доир шуд. Филми “Анора” беҳтарин филм эътироф шуд ва 5 ҷоизаи “Оскар”-ро ба даст овард. Филми “Бруталист” се ҷоизаи ин маросимро соҳиб шуд.
Шон Бейкер, коргардони филми “Анора” дар бахши “Беҳтарин коргардон” ва Майки Мэдисон дар бахши “Беҳтарин нақши занона” соҳиби ҷоиза гардиданд. Чор ҷоизаро Шон Бейкер қабул кард ва коргардон Квентин Тарантино онҳоро ба коргардон супорид.

Ғолибони ҷоизаи “Оскар” дар бахшҳои гуногуни филмофарӣ ба таври зайланд:
Филми “Анора” бо 6 миллион доллар ва ҳамагӣ бо 40 нафар дар маконҳои воқеии Ню-Йорк сабт шудааст.
Эдриан Броуди барои нақши Ласло Тот дар драмаи “Бруталист” дар ин филм нақши меъмори венгерии яҳудитаборро бозидааст, ки аз Ҳолокост наҷот ёфтааст. Эдриан Броуди чанд сол қабл низ барои филми “Пианист” ҷавонтарин ҷоизадори “Оскар” дар ин бахш эътироф шуда буд.

Филми аниматсионии “Поток” (Flow), ки ҷоизаи “Беҳтарин филми аниматсионии комил” гирифт, аввалин филм аз Латвия аст, ки ҷоизаи “Оскар” мегирад. Ин филми беовоз достони гурбаеро нақл мекунад, ки пас аз обхезӣ барои наҷот талош мекунад. Ин филм бо истифода аз нармафзори ройгони Blender таҳия шудааст. Дар ин бахш ҳамчунин филмҳои тасвирии “Головоломка-2” ва “Дикий робот” пешниҳод шуда буданд.
Воқеаҳои филми “Замини дигаре нест”, ки ҷоизаи “Беҳтарин филми комили мустанад”-ро ба даст овард, дар соҳили Ғарбии дарёи Урдун ҷараён гирифта, дар бораи дӯстии яке аз фаъолони фаластинӣ ва рӯзноманигори исроилӣ нақл мекунад. Дар ин номинатсия ҳамчунин филми “Ҷанги чинӣ” пешниҳод шуда буд, ки дар бораи се рассоми украинӣ, ки дар оғози ҳамлаи васеи Русия дар Харков зиндагӣ мекарданд, нақл мекунад.
Суруди “El Mal” аз филми “Эмилия Перес” мусиқинавозони фаронсавӣ Камий ва Клеман Дюколь дар ҳамкорӣ бо коргардон Жак Одиар эҷод кардаанд.

Кадом филмҳо ҷоизаи бештар гирифтанд?
- “Анора” – 5 ҷоиза
- “Бруталист” – 3 ҷоиза
- “Злая: Афсонаи ҷодугари Ғарб” – 2 ҷоиза
- “Эмилия Перес” – 2 ҷоиза
- “Дюна: Қисми дуюм” – 2 ҷоиза
- “Конклав” – 1 ҷоиза
Ёдрас мешавем, ки ҷоизаи “Беҳтарин филм”-и “Оскар-2024”-ро филми “Оппенгеймер” - драмаи саргузаштии Кристофер Нолан бо касби 7 ҷоизаи “Оскар” ба даст оварда буд.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
Ташаббускори арзоншавии барқ. Баҳром Сироҷев – роҳбари пешини “Барқи тоҷик” 85-сола шуд
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста