Дар Ӯзбекистон аз 28-уми феврал то 2-юми март мусобиқаи байналмиллалии "Тоскулоҳи бузург" ё "Гранд слам"-и Тошканд баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 17 варзишгар, 13 мард ва 4 зан намояндагӣ кард. Аммо ҳамаи онҳо дар марҳилаҳои гуногуни рақобатҳо шикаст хӯрда, медал ба даст оварда натавонистанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз варзишгарони зерин таркиб ёфта буд:

Мардҳо:

Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (-60 кг),

Эмомалӣ Нуралӣ, Умар Шеров (-66 кг),

Муҳиддин Асадуллоев, Абубакр Шеров (-73 кг),

Суннатулло Мусоев, Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг),

Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг),

Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло  Ҳакимов (-100 кг),

Мансур Раҳмон (+100 кг).

Бонувон:

Аҳлия Муминова (-48 кг),

Мадина Қурбонзода (-52 кг),

Александра Кан (-57 кг),

Виктория Киселёва (+78 кг).

 

Акси марбута

Натиҷаҳои беҳтарро дар миёни варзишгарони тоҷик  Эмомалӣ Нуралӣ, Муҳиддин Асадуллоев, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Аҳлия Муминова бо касби зинаҳои панҷум ба даст оварданд.

Ҳамчунин, Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов ва Мансур Раҳмон ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмиллалии ҷудо, дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург"-и Тошканд 242 варзишгар (116 мард ва 126 зан) аз 23 кишвар барои медалҳо мубориза бурдаанд.

Барои мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург"-и Тошканд 154 ҳазор евро маблағ ҷудо шуда буд. Ба ғолибони ҳамаи 14 вазн (7 байни мардон ва 7 - занон) 5 ҳазор евро, ба дорандагони медалҳои нуқра - 3 ҳазор евро ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ - 1500 евро мукофотпулӣ тақдим шудааст.

Ҳамчунин иштирокчиёни ин мусобиқа соҳиби имтиёзҳо дар радабандиҳои ҷаҳонии ҷудо шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ду соли пеш - 2023 ва 2024 дар ин мусобиқа Эмомалӣ Нуралӣ ду маротиба ғолиб гардид ва ба кишвар медапли тилло оварда буд.

Ҳамчунин, соли 2023 Сомон Маҳмадбеков, ҷудокори дигари тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург"-и Тошканд соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.