Дирӯз, 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи вакилони халқ баргузор гашт. Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсӣ (КМИР) бо нашри як иттилоия гуфт, то соати 12:00 59% овоздиҳандагон дар интихобот иштирок кардаанд ва он “баргузоргардида ҳисобида шуд”.
Тибқи қонунгузории кишвар, интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50 фоиз интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.
Дар баёнияи дигар, ки шоми дирӯз КМИРТ нашр кард, интихоботро “шаффоф ва ошкоро” унвон карда, гуфтааст, ки “дар ҷараёни овоздиҳии интихобкунандагон ягон арзу шикоят ва муроҷиат ворид нашуд”.
Тасдиқи дурусти ин иттилоъ аз дигар манбаъҳо ғайриимкон аст. КМИР ба хабаргузории “Азия-Плюс” барои пӯшиши раванди интихобот иҷоза надод ва аз ироа ҳар гуна иттилоъ ҳам худдорӣ мекунад.
Аз ин ниҳод гуфтанд, овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон соати 20:00 анҷом ёфт ва натиҷаҳои пешакии он имрӯз, 3-юми март соати 10:00 дар Китобхонаи миллӣ эълон хоҳанд шуд.
Интихоботи имсоларо танҳо нозирони ИДМ ва СҲШ дар ҳайти 230 кас назорат карданд. Ба ҳайати нозирони ИДМ намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбакистон, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия, Ассамблеяи парлумонии СПАД ва Кумитаи иҷроияи ИДМ шомиланд.

Онҳо мисли солҳои қаблӣ низ интихоботи имсоларо “шаффофу озод ва демократӣ” хонданд.
Вале имсол бори аввал ҷараёни интихоботи парлумонии Тоҷикистонро нозирони САҲА назорат нахоҳанд кард. Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.
Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.
Ҳамчунин, имсол чанд расонаи мустақили дохилӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Азия-Плюс” Радиои Озодӣ ва BBC ҳам аз бозтоби интихоботи парлумонӣ маҳрум шуданд. КМРИТ бо баҳонаи гузаштани муҳлати сабти ном ба онҳо иҷозаи бозтоби интихобтро надод.
Бояд гуфт, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон соли ҷорӣ бо иштироки 6 ҳизби сиёсӣ баргузор шуд. Чанд номзади мустақил ҳам кориди корзори интихоботӣ ҳастанд. Дар умум, барои 63 курсии пурлумони Тоҷикистон 220 номзад, аз ҷумла 68 номзад аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳурӣ ва 152 номзад аз ҳавзаҳои якмандатӣ мубориза бурданд.
Гуфта мешавад, барои гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар кишвар 41 ҳавзаи якмандатии интихобот ва 3513 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, берун аз кишвар дар 28 давлати дунё 36 участкаи интихоботӣ ташкил гардидаанд.
Натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамаи 6 ҳизбе, ки вориди корзори интихоботӣ шудаанд, аз мавқеи ҳукумат ошкори пинҳон пуштибонӣ мекунанд. Барномаҳои аксари онҳо ҳам ба ҳам шабоҳатҳои зиёд дорад.
Ягона ҳизби расман амалкунанда – Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот иштирок намекунад ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надодааст.
Дар парлумони ҳамакнун собиқ, аз 63 курсӣ аксарашро ҳизби ҳоким-Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) соҳиб буд. Ҳизби аграрӣ 7 ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 вакил доранд. Ҳизби комунистӣ 2 вакил ва ҳизбҳои сотсиалистӣ 1 курсӣ доранд.
ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
Ташаббускори арзоншавии барқ. Баҳром Сироҷев – роҳбари пешини “Барқи тоҷик” 85-сола шуд
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста