Тахриби чойхонаи “Роҳат” – яке аз машҳуртарин бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе оғоз шудааст. Аксе, ки дар он коргарон атрофи бинои чойхонаро девор мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бори дигар баҳси ҳифзи ин биноро ба миён гузошт ва теъдоде ба ҷамъоварии имзо оғоз карданд.
Хабари тахриби бинои чойхонаи “Роҳат” ҳанӯз 29-уми июл, дар нишасти хабарии Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Он замон Низом Мирзозода, раиси ин Кумита гуфт, бино кӯҳна шудааст ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест, аммо бренди чойхонаи “Роҳат” нигоҳ дошта шуда, барои он бинои нав сохта мешаванд.
Вале ӯ нагуфт, ки биноҳои нав кай ва дар куҷо бунёд карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, теъдоде аз сокинон бо ҷамъоварии имзо нигаронии худро аз тахриби бинои чойхона иброз дошта, аз шаҳрдории Душанбе хостаанд, ин биноро чун рамзи фарҳанг, таърих ва анъанаҳои мо” ҳизф намояд.
"Чойхонаи "Роҳат" даҳсолаҳо ҳамчун дили Душанбе хизмат кардааст — маконе, ки наслҳо бо ҳам вомехӯранд, мусиқӣ садо медиҳад, таомҳои миллӣ пешкаш мешаванд ва рӯҳи халқи мо ҳифз мегардад. Ин як таърихи зинда аст, ки мо вазифадорем ба наслҳои оянда расонем", - навиштаанд онҳо.

Ин гуруҳ сокинони пойтахт аз шаҳрдории Душанбе хоҳиш кардаанд:
- Ҷалби ҷомеа ба муҳокима ва қабули қарорҳо оид ба ояндаи чойхона.
- Эътирофи чойхонаи «Роҳат» ҳамчун ёдгории мероси фарҳангӣ.
- Андешидани тадбирҳо барои ҳифзи симои таърихӣ ва таъиноти функсионалии он.
- Таъмини маблағгузорӣ барои бозсозӣ ва нигоҳдории чойхона дар ҳолати шоиста.
Онҳ таъкид кардаанд, ки ҳифзи чойхонаи "Роҳат" на танҳо ҳифзи як бино, балки ҳифзи ҳувияти миллӣ ва сарвати фарҳангии мост.
Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад. Дар хусуси баҳси тахриби Чойхонаи “Роҳат” дар ин матлаб иттилои бештар дастрас аст: Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
Ташаббускори арзоншавии барқ. Баҳром Сироҷев – роҳбари пешини “Барқи тоҷик” 85-сола шуд
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста