Тахриби бинои чойхонаи “Роҳат”, ки солҳост баҳси он идома дорад, ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва тақдири он мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 2-юми июл, дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар дод.
Номбурда дар робита ба тақдири ояндаи ин чойхона кӯтоҳ гуфт, ки тахриби он “тибқи нақшаи генералӣ мавриди баррасӣ қарор дорад”.
Ин дар ҳолест, ки дар нишасти матбуотии соли гузашта, Муҳаммадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфта буд, ки бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад ва танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидаанду аҳамияти таърихиву фарҳангӣ надоранд, тахриб мешавад.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз гуфт, “мо онро баррасӣ мекунем ва дар ҳақиқат ба манфиати ҷомеа ва пойтахти Тоҷикистон зарурат дошта бошад, мо онро мавриди баррасӣ қарор медиҳем ва нуқта мегузорем”.
Дар шарҳи идаои раиси пешини Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба тахриб нашудани чойхона Низом Мирзозода, гуфт, “зиндагӣ давом дорад, тағйиротҳо шуда истодааст”.
“Мо лоиҳаҳоро таҳрезӣ мекунем, лекин бо назардошти баъзе ҳолатҳо зарурати бунёди иншооти барои пойтахт лозима ба миён меояд. Мо метавонем дилхоҳ иншоотро агар аҳамияти фарҳангӣ надошта бошад ва дар рӯйхати иншооти бо қарори ҳукумат тасдиқшуда набошад, тахриб карда, дар ҷояш иншооти дигар созем. Аз ин рӯ, ин ҷо ҷои баҳсу мунозира нест”.
Бояд гуфт, ки баҳси тахриби чойхонаи “Роҳат” солҳост давом дорад. Дар гузашта тасмими тахриби он аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандиро нигарон карда буд ва онҳо барои нигоҳ доштани он талош ҳам карда буданд. Онҳо мегуфтанд, ки ин чойхона арзиши таърихӣ дорад ва он бояд барои ояндагон ҳифз карда шавад.
Чойхонаи "Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чанд сол пеш ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон "Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дода буд.
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Чаро фармони даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон имсол дар моҳи феврал содир шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2025
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста