Бинои асосии чойхонаи “Роҳат” дар шаҳри Душанбе тахриб намешавад, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Муҳаммадсаид Зувайдзода.
Ба гуфтаи раиси Кумита, танҳо биноҳои гирду атрофи он ки ба чойхона часпидааст, тахриб мешавад.
“Ин биноҳо арзиши таърихиву фарҳангӣ надоранд. Дар ҷойи онҳо бинои нави Вазорати адлия ва гулгашт сохта мешавад”, - иброз дошт номбурда.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки “дар бораи тахриби бинои Театри ба номи Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Академияи илмҳо, ки дар кӯчаи марказӣ ҷойгир аст, супориш нашудааст”.
“Аз ин рӯ онҳо тахриб намешаванд”, - изҳор дошт Раиси Кумита.
Баҳсҳои навбатӣ атрофи тахриби чойхонаи “Роҳат” баъди тахриби бинои тарабхона дар шафати он пайдо шуданд.
Масъалаи тахриби биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз соли 2016 мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад.
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ чандин маротиба бо дархости тахриб накардани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла чойхонаи “Роҳат” ба мақомоти марбутаи давлатӣ муроҷиат карданд.
Президенти Русия қонуни назорати муҳоҷирон тариқи телефонро имзо кард
Британия қоидаҳои муҳоҷиратро сахттар мекунад. Ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Мафҳили адабии “Ҳумоюн” дар Душанбе бо иштироки шоирон Фарзона ва Озарахш
Ҷонибек Муродов: Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!
Ҳарвард маъмурияти Доналд Трампро ба додгоҳ кашид. Ин донишгоҳро аз ҳақи қабули донишҷӯёни хориҷӣ маҳрум карданд
Даври панҷуми музокироти Эрон ва Амрико ҳам “бо пешрафтҳои начандон қатъӣ” анҷом ёфтааст
Баъди марги писарчаи 2-сола дар кӯдакистон. Ҷузъиёти ҳодиса аз забони шоҳидон ва нигарониҳо аз нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳо
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2025
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста