Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири ҶДММ “Кишвари сабз” боздид намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, масоҳати замини хоҷагӣ 45 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш карда мешаванд.

Гуфта мешавад, мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, дар масоҳати 2 гектару 20 садяк замин дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтаааст. Дар гармхона ниҳоли дарахтон ва гулу буттаҳои гармидӯст парвариш ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд.
“Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гулпарварон ва маҳсули заҳмати онҳо баҳои баланд дода, коргаронро ба вусъат додани ин таҷрибаи ибратбахш, зиёд намудани мутахассисон ва муассисаҳои гулпарварӣ, аз ҷумла дар дигар гӯшаҳои кишвар ҳидоят намуданд”, - омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Президенти кишвар супориш дод, ки бо истифода аз заминаи мусоиди чунин парваришгоҳҳо барои ободонию сабзкорӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон Барномаи миллии “Кишвари сабз” барои солҳои 2023-2027” ва “Барномаи давлатии сабзкории Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” қабул шудааст, ки ҷиҳати дар оянда ба воқеан ҳам ба як кишвари сарсабз табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Вакил Миронов ихроҷи муҳоҷирони тариқи пора ҳузурашон қонунишударо пешниҳод намуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста