Масъалаи Нақшаи генералии Душанбе, ки мувофиқи он биноҳои кӯҳна тахриб шудаву биноҳои нав сохта мешаванд, байни рӯзноманигорон ва намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 4 феврал баҳси доманадор барпо кард.
Раиси Кумита Маҳмадсаид Зувайдзода изҳор намуд, ки мувофиқи Нақшаи генералӣ, бинои манзилҳои нависандагон тахриб мешаванд ва баъди ин рӯзноманигорон ба ӯ саволҳо дода, пурсиданд, ки чаро Нақшаи генералӣ ба ҷомеа дастнорас аст.
“Нақшаи генералӣ ҳуҷҷатест, ки дар он самтҳои стратегии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва қаламрави маҳаллаҳои аҳолинишин муайян карда мешаванд. Ин ҳуҷҷати махфиест, ки набояд нашр шавад. Агар шумо (ӯ ба рӯзноманигори “Азия-Плюс” муроҷиат кард) аз рӯи иншооти мушахххас савол дошта бошед, мутахассисон посух мегӯянд”, - изҳор дошт Зувайдзода.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи Нақшаи генералӣ, ҳамаи бинои якошёнаи манзилҳо ё ҳавлиҳо, ки дар маркази пойтахт ҷойгиранд, давра ба давра тахриб мешаванд, зеро “инро Нақшаи генералии пойтахт тақозо мекунад”.
“Дар ҳамаи пойтахтҳои ҷаҳон “Нақшаи генералӣ” ҳаст ва онҳо ҳамин тавр мекунанд (биноҳоро тахриб мекунанд). Ҳамааш давра ба давра сурат мегирад”, - иброз дошт роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Зувайдзода инчунин эътироф намуд, ки Нақшаи генералӣ баъзе камбудиҳо дорад, аз ҷумла дар он майдонча барои кӯдакон, таваққуфгоҳҳо барои мошинҳо ва ғайра пешбинӣ нашудааст, лекин онҳо дар ҳамдастӣ бо ҳамтоҳояшон аз Маскав, ки Нақшаи генералиро лоиҳакашӣ кардаанд, рӯйи бартараф намудани онҳо кор карда истодаанд.
Биноҳои манзилҳои нависандагон тахриб мешаванд
Раиси Кумита хабар дод, ки биноҳои манзилҳои нависандагон тахриб шуда, ба моликони онҳо ҷубронпулӣ пешниҳод мегардад.
“Тахриби манзилҳо мувофиқи Нақшаи генералӣ сурат гирифта, дар ин хусус қарори ниҳоӣ қабул шудааст ва лоиҳаи мазкур дар марҳилаи амалишавӣ қарор дорад. Ду бинои маъруф ба манзилҳои нависандагону адибон дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва ҳамаи манзилҳое, ки дар паҳлӯи боғи ”Истқлолият” ва маҷмааи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар маркази шаҳр ҷойгиранд, тахриб карда мешаванд”, - таъкид дошт Зувайдзода.
Ба қавли ӯ, дар ҷойи биноҳои тахрибшуда биноҳои истиқоматии муосири баландошёна, зербинои роҳ, фаввора ва дигар иншоот сохта мешаванд.
“Ба моликони ин хонаҳо мувофиқи интихобашон манзилҳо, аз ҷумла дар маҳаллаи Зарафшон ё ҷубронпулӣ пешниҳод мешавад”, - гуфт Зувайдзода.
Дар ҳамин ҳол, 22 январ сокинони биноҳои манзилҳои нависандагону адибон бо дархости тахриб накардан, балки ҳифз намудани ин биноҳо ба раиси палатаи болии парлумон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд, зеро ин биноҳо дорои арзиши таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд.
Дар мактуби аз ҷониби 38 оила имзошуда гуфта мешавад, ин биноҳо байни мардум бо номи “Хонаи нависандагон” ва “Хонаи аъзои ҳукумат” маъруф буда, дар он аъзои оила ва пайвандони арбобони таъриху фарҳанги Тоҷикистон: Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турснзода, муаллифи Суруди миллии кишвар Гулназар Келдӣ, Ҳунарманди халқӣ Марям Исоева, собиқ раисони Иттифоқи нависандагон Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ, шоирону нависандагон Сорбон, Салимшо Ҳалимшоҳ, Бозор Собир ва дигарон зиндагӣ мекунанд.
Биноҳои таърихии Душанбе
Ба саволи рӯзноманигорон дар бораи биноҳои таърихии пойтахт, ки набояд тахриб шаванд, роҳбари Кумита посух дод, ки дар Душанбе 12-то чунин бино вуҷуд дорад.
“Мо онҳоро бо Вазорати фарҳанг мувофиқа карда, рӯйхати пурраи чунин иншоотро аз онҳо дастрас карда метавонед”, - гуфт Зувайдзода.
Ба зангҳои телефонии “Азия-Плюс” дар ин хусус дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг гӯширо набардоштанд. Лекин як сол пеш ба дархости “Азия-Плюс” ба Вазорат чунин рӯйхати ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва монументалиро пешниҳод карданд (шояд он тағйир наёфта бошад):
1. Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ;
2. Бинои «Кохи Наврӯз»;
3. Бинои парлумон;
4. Маҷмаа бо муҷассамаи Сомонӣ;
5. Бинои «Кохи Истиқлол»,
6. Бинои «Кохи Сомон»
7. Нишони миллӣ
8. «Қасри миллат»
9. Муҷассамаҳои Сино, Рӯдакӣ ва дигарон.
Дар рӯйхати Вазорати фарҳанг он замон бинои чойхонаи “Роҳат” зикр нашуда буд ва маълум нест, ки ба он ворид мешавад ё не.
Рӯйхати тағйирёбанда
Қобили зикр аст, ки сол то сол рӯйхати биноҳои дорои арзиши таърихӣ ва меъморӣ иваз мешавад.
Соли 2016 шаҳрдории Душанбе рӯйхати 15 биноро нашр кард, ки набояд тахриб шаванд. Дар ин рӯйхат он замон бинои кохи собиқи президент низ зикр шуда буд. Ин бино соли 2020 тахриб шуд.
Ҳамчунин соли 2020 мудири шуъбаи ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихиву меъмории Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор дошта буд, ки дар Душанбе чунин биноҳои таърихӣ мавҷуд аст:
Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, «Кохи Наврӯз», «Кохи Истиқлол», «Кохи Сомон», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Маҷлиси Олӣ, бинои Донишгоҳи миллӣ, бинои Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.