Соли гузашта дар ноҳияи Мастчоҳ, ки аз навоҳии пахтакори вилояти Суғд аст, нақшаи ҷамъоварии пахта ҳамагӣ 60% иҷро шудааст. Ба ҷои 28,4 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 17 ҳазор тонна "тиллои сафед" ба хирман супорида шудааст.
Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ номусоидии иқлим ва тухмии пастсифатро сабаби аслии кам шудани ҳосил ва талаф ёфтани пахта унвон кард.
“Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаво якбора 43-44 дараҷа гарм шуд, ки деҳқонон 20-30% ҳосилро аз даст доданд. Ҳатто дар баъзе хоҷагиҳо пахта як-ду ваҷаб қад кашиду боз хушкид. Баъди дархоси мо аз тарафи як шӯъбаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ташхис карданд ва маълум шуд, ки беш аз 40%-и тухмиҳое, ки дар ноҳияи Мастчоҳ мавҷуд аст тухмиҳои техникӣ будааст”-шарҳ дод раиси ноҳия.
Ба гуфтаи Ализода баъзе соҳибкорон 4-5 намуди тухмиҳои пастсифатро омехта карда, ба бозор баровардаанд, ки дар натиҷа, деҳқонон зарар диданд.
Вай афзуд, ки айни замон гурӯҳи корӣ аз ҳукумати кишвар ва Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар заводу корхонаҳои ноҳияи Мастчоҳ рафта, сатҳу сифати тухмиҳоро месанҷанд.
Раиси ноҳия гуфт, ки масъулини ҳукумати Мастчоҳ азм доранд, аз мавсими нав тухмиҳое, ки сертификат надорад, кишти онро манъ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 26 ҳазору 993 гектар гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки нисбат соли 2023-юм 496 гектар зиёд аст. Кишти пахта дар майдони 12084 гектар гузаронида шудааст.
Дар умум дар ноҳия беш аз 60 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуд аст, ки тибқи дурнамо 65% пахтакор ва 35% дигар намуди маҳсулоти кишоварию полезӣ парвариш мекунанд.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста