Аз 8-ум то 11-уми феврал дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво то -32 дараҷа поён равад.

Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ки ҳарорат дар ин давра якбора тағйир ёфта, шабона дар водиҳо -1+4 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ -8 -13 ва дар шарқи ВМКБ то -32 дараҷа сард мешавад.

Рӯзона ҳарорати ҳаво дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 0+5º ва дар шарқи ВМКБ 10-15º сард пешгӯӣ мешавад.

Агентӣ сокинони кишварро аз эҳтимоли яхбандӣ дар баландкӯҳҳо огоҳ карда, ҳушдор додааст, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои кишвар эҳтиёт бошанд.

Чанд рӯзи охир дар кишвар ҳаво офтобӣ буда, ҳарорат то +12+17 дараҷа гарм шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.