Соли 2024 дар Тоҷикистон 4 млн 351 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 2023 ба 104 ҳазор тонна камтар аст, хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.
Шералӣ Кабир, вазири саноат дар нишасти матбуотии 6-уми феврал ин коҳишро бо афзоиши зиёди истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон шарҳ дод.
Ӯзбекистон яке аз ду воридкунандаи асосии ин маҳсулот аз Тоҷикистон (дар баробари Афғонистон) ба шумор меравад.
Ба иттилои Вазорати саноат, содироти семент ба Ӯзбекистон дар соли 2024 то 260,2 ҳазор тонна коҳиш ёфтааст, дар ҳоле ки соли 2023-юм 342 ҳазор тонна буд. Дар маҷмуъ, содироти семент аз Тоҷикистон дар соли гузашта 655 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2023 ба 286 ҳазор тонна ё 30,4% камтар аст.
Гуфта мешавад, ки интиқоли ин маҳсулот ба Ӯзбекистон аз моҳи ноябри соли 2024 амалан қатъ шудааст, зеро ҳукумати ин кишвар арзиши барасмиятдарории гумрукии сементи тоҷикро қариб 9 маротиба баланд бардоштааст – аз 35 доллар то 300 доллар барои як тонна.
Ба гуфтаи содиркунандагони тоҷик, ин тағйирот маҳсулоти онҳоро дар бозори Ӯзбекистон ғайрирақобатпазир кардааст.
Содиркунандагони тоҷик мутмаинанд, ки ин тасмим бо ташаббуси корхонаҳои сементбарории Ӯзбекистон гирифта шудааст.
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш
Эҳтимол меравад, ки боло бурдани пардохти гумрукии сементи тоҷикро истеҳсолкунандагони ӯзбек пешниҳод карда бошанд, аммо татбиқи чунин тадбирҳо танҳо бо қарори ҳукумати кишвар имконпазир аст. Бо вуҷуди ин, ҳуҷҷати расмии марбут ба ин қарор дар манбаъҳои боз дастрас нест.
Дар ҳамин ҳол, вазири саноати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ тасдиқ кард, ки воқеан ҳукумати Ӯзбекистон ҳуҷҷати дахлдорро бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони маҳаллии худ қабул кардааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2020 ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори худ воридоти сементро аз 1 май то охири ҳамон сол муваққатан манъ карда буд. Аммо пас аз се ҳафта ин маҳдудият бекор карда шуд.
Дар моҳи июли соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон низ содироти сементро муваққатан манъ кард, аммо баъдан ин маҳдудият бардошта шуд. Он замон роҳбарияти Вазорати саноат шарҳ дод, ки манъи содирот ҳамагӣ панҷ рӯз амал кард ва сабаби он норасоии сементи босифат дар сохтмонҳои стратегӣ буд.
Таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон яке аз таъминкунандагони асосии семент ба Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?
Амрико дар бораи риояи таҳрим алайҳи ширкатҳои русӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам кор мекунанд, мактуб фиристодааст
“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст
Ҷарроҳии зиёду сироятёбии камтар. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ чӣ гуфтанд?
Вазир гуфт, ҳарчанд хатти сарҳад бо Қирғизистон маълум шуд, вале “масъалаи роҳ ва объектҳои обӣ” то ҳол мавриди баррасӣ аст
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ гузаштанд
Соли 2024 кӣ ба Тоҷикистон бештар аз ҳама кумак кард?
Раиси “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки баланд бардоштани нархи барқро пешниҳод намудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста