Рӯзҳои 28-29 январ дар шаҳри Маскав ҷиҳати иҷроиши тавофуқҳои мулоқоти роҳбарияти олии ду кишвар машваратҳои байниидоравии Тоҷикистон ва Русия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират, таъминот бо кор ва таълими шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия баргузор гардид.
Тавре ки намояндагии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Русия хабар медиҳад, вохӯрии аввал рӯзи 28 январ бо муовини вазири маорифи Русия Андрей Корнеев доир гардида, дар он аз ҷониби Тоҷикистон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ ва муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Лутфия Абдулхолиқзода иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва сафорати ҷумҳурӣ дар Русия ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни гуфтушнидҳо масоили таъсиси Марказ барои кӯдакони лаёқатманд дар Душанбе, фаъолияти панҷ мактаби муштараки Тоҷикистону Русия, мутобиқ гардонидан ва интиқоли китобҳои дарсӣ ба забони русӣ, таълими таърих дар Тоҷикистон, инчунин ташкили сафари вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба қабули кӯдакони муҳоҷирони тоҷик ба мактабҳои Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Рӯзи 29 январ машваратҳои васеи байниидоравӣ оид ба масоили муҳоҷират доир гардида, дар ҷараёни он доир ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандоне, ки дар рӯйхати таҳти назорат қарор доранд, баргузории муоинаи тиббии шаҳрвандон дар Тоҷикистон, бекор кардани манъи вуруд барои ҳамватаноне, ки барои қонуншиканиҳои начандон ҷиддӣ ҷорӣ шуда буданд, табодули назар сурат гирифт.
Ғайр аз ин, ҷонибҳо масоили имзои Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия, инчунин таълими касбии тоҷикистониён ба ихтисосҳои кории серталаб дар Русияро баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, чорабинӣ дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия баргузор шуда, ҷонибҳо баҳри рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои зикршуда изҳори омодагӣ карданд.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста