Ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиршуда аз Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 2 млрд 478 млн киловатт-соатро ташкил дод. Дар муқоиса бо соли 2023 ин нишондиҳандаи интиқоли барқ 204 млн киловатт-соат ё худ 7,8% камтар аст. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Нерӯи барқ аз Тоҷикистон дар соли гузашта бештар ба Афғонистон 1 млрд 530,4 млн киловатт-соат ба маблағи 705,2 млн сомонӣ интиқол дода шудааст.
Мутаносибан нархи ҳар як киловатт-соат нерӯи барқ барои ин кишвар 46 дирам (4,2 сент)-ро ташкил додааст.
Соли гузашта ба Ӯзбекистон ба маблағи 201,2 млн сомонӣ 943,9 млн киловатт-соат нерӯи барқ содир шудааст. Ҳар 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба ин кишвар 21,2 дирам (ҳудуди 2 сент) нарх доштааст.

Қаблан, мақомот гуфта буданд, ки неруи барқ дар ҳаҷми начандон зиёд танҳо ба Афғонистон барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва дигар таҷҳизоти зерсохтор интиқол дода мешавад. Қарордоди интиқол ба Ӯзбекистон танҳо дар мавсими тобистон амал мекунад.
Ҳамчунин соли 2024 аз Тоҷикистон дар ҳаҷмҳои начандон зиёд нерӯи барқ ба Қирғизистон - 4 млн киловатт-соат ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ содир шудааст. Нархи ҳар як киловатт-соати он 10,7 дирам (0,98 сент)-ро ташкил додааст.
Барои муқоиса, нархи 1 киловатт неруи барқ барои аҳолӣ дар Тоҷикистон 30,75 дирам аст.
Ҳаҷми барқи содиргардида дар ҳаҷми умумии истеҳсоли он дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 11% баробар шудааст.
Дар Тоҷикистон соли сипаригардида ҳудуди 22 млрд 428 млн киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, соли 2024 дар Тоҷикистон зиёда аз 22,4 млрд киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад.
Дар соли 2024 ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,8%-ро ташкил додааст.
Интиқоли барқ ба хориҷи кишвар дар ҳолест, ки таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистон аст. Ҳарчанд масъулини энергетикаи кишвар мегӯянд, дар ин давра ба хориҷ барқ намефурӯшанд.
Ҳамасола аз моҳи сентябр то апрел дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Соли 2024 аз 22-юми сентябр дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об моҳи декабр ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқро танзим кардаанд: дар як шабонарӯз ба аҳолӣ бояд 10 соат (аз соати 5:00 то 8:00 ва аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад. Вале сокинони кишвар ҳамон вақт ҳам аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегуфтанд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз хонаҳояшон равшан асту халос.
Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёми солонааш гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энерегетикӣ ноил мешавад.





Бекор шудани 601 млн сомонӣ қарзи аҳолӣ. “Шабакаҳои тақсимоти барқ” мегӯяд, дурустии қарзи солҳои пешинро месанҷад
Ҳукумати Русия аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷиронро дар Тоҷикистон тасдиқ кард
“Поянда бод забони порсӣ!” Нигина Амонқулова барандаи ҷоизаи “Қанди порсӣ” шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 28
Мавқеи Тоҷикистон дар радабандии S&P як зина беҳтар шудааст. Ин чӣ маъно дорад?
Бо гузашти 4 сол ҳанӯз барномаи “Ислоҳнигорӣ” омода нашудааст. Кумитаи забон боз чӣ баҳона пеш овард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 феврали соли 2026
Додситони кул: 405 нафар барои гузоштани “лайк” аз ҷавобгарӣ озод шуданд
Иқтисоди Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кадом мавқеъ аст?
“Мактаби кӯҳна” дар Душанбе. Боздошти марде бо гумони таълимоти динии ғайриқонунӣ ва азобу уқубати ноболиғон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста