Гум кардани телефон ё дуздида шудани он ҳолати нохушест, ки, мутаассифона, бисёриҳо дар зиндагии рӯзмарра ба он дучор мешаванд. Дар бораи чӣ гуна дуруст рафтор кардан дар чунин ҳолатҳо, чӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифтан ва чанде аз маслиҳатҳои муфид барои эмин нигоҳ доштани дастгоҳи мобилии шумо маълумот медиҳем.
Бо истифода аз чанд маслиҳати зерин шумо метавонед аз ҳолатҳои дучор нашудан ба чунин ҳолатҳои ногувор пешгирӣ кунед.
Дар ҷойҳои серодам эҳтиёткор бошед
Кисабурҳо (дуздон) бештар дар нақлиёти ҷамъиятӣ, бозорҳову марказҳои савдо кор мекунанд. Телефонро дар кисаи пеш ё дар борхалта (сумка)-е, ки маҳкам пӯшида мешавад, нигоҳ доред.
Аз гузоштани телефон дар кисаи қафои шим худдорӣ намоед, зеро барои дуздон ин осонтарин роҳи гирифтани он аст.
Аз лавозимоти муҳофизатӣ истифода баред
Ҷилд (чехол)-и қавӣ бо ҳалқа ё банде, ки ба даст мепечад, барои мустаҳкам нигоҳ доштани телефон дар даст ёрӣ мерасонад. Ҷилди махсус дастрасӣ ба телефонро душвор карда, кисаҳои пинҳон дар либос метавонанд муҳофизати иловагӣ шаванд.
Ҳангоми истифодаи телефон дар кӯча эҳтиёт кунед!
Бисёр вақт дуздон телефонро аз даст кашида мегиранд, бахусус вақте ки шахс парешон аст. Дар кӯча, махсусан дар истгоҳу гузаргоҳ ва канори роҳ телефонро истифода набаред, зеро шахси савори мотосикл ё дучарха (велосипед) онро рабудаву фирор карда метавонад.
Пас аз харидани смартфон чӣ бояд кард?
Ҳамин ки смартфонро харидед, тавсия медиҳем, ки якчанд танзимоти муҳими муҳофизатиро фавран анҷом диҳед.
Дастгоҳро муҳофизат кунед
Барои пешгирӣ аз дастрасии беиҷоза, рамз (парол)-и рақамӣ ё графикӣ насб кунед, инчунин шинохтро тариқи изи ангушт ё Face ID фаъол намоед. Ҳангоми сохтани рамзи рақамӣ аз рақамҳои якхела ё пайдарпай худдорӣ кунед.
Агар шахси бегона ба смартфони гумшуда ё дузидашуда дастрасӣ пайдо кунад ҳам, рамзи боэътимод намегузорад, ки аз он маълумот гирад.
Барои пайгирӣ аз трекер (пайгир) истифода баред
Ду шакли пайгирӣ вуҷуд дорад:
Трекери алоҳида – дастгоҳҳои хурди GPS (маяк), ки метавонед ба телефон, калид ё ашёи дигар часпонед (мисли Apple AirTag, Samsung SmartTag, Tile).
Трекер ҳамчун барнома – замимаҳое, ки ҷойгиршавии телефонро нишон медиҳанд: барои Apple – «Find My», барои Android – «Google Find My Device», инчунин барномаҳои дигар мисли Life360 ё GeoZilla.
Пешакӣ санҷед, ки ин функсияҳо фаъоланд, то дар ҳолати дуздида шудан зуд амал карда тавонед!
Чӣ метавон кард, агар чунин ҳолат ба миён ояд?
Аввалин ва муҳимтарин кор фавран қатъ кардани дастрасӣ ба дастгоҳ бо истифода аз имкониятҳои идоракунии дурдаст мебошад.
Бо ёрии локатор шумо метавонед маҳалли дақиқи ҷойгиршавии дастгоҳро пайгирӣ намоед.
Хизматрасониҳои операторони мобилӣ метавонанд ҷойгиршавии смартфонро тавассути манораҳои алоқа муайян кунанд, ҳатто агар интернет ва геолокатсия дар дастгоҳ ғайрифаъол бошанд. Танҳо телефони фаъол ва ҳузури SIM-корт дар он кифоя аст.
Қатъи кори SIM-корт
Агар шумо телефонро гум карда бошед, фавран ба ширкати алоқа муроҷиат кунед ё ба он ҷо занг занед, то ки кори SIM-кортро қатъ кунанд.
Навиштани ариза ба ШВКД
Агар телефони шумо дуздида шуда бошад, лозим аст ба ШВКД муроҷиат намуда, ариза нависед.
Беҳтар аст ин корро дар ҷойи ҳодиса анҷом диҳед, аммо агар чунин имкон набошад, аризаро ба ҳар шуъбаи ШВКД пешниҳод кардан мумкин аст. Баъдан онро ба суроғаи зарурӣ равон мекунанд.
Барои ин ҳатман бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи соҳиби мол ва рақами IMEI-и дастгоҳи мобилӣ пешниҳод шавад.
Пас аз пешниҳоди ариза дар бораи дуздӣ ё гум шудани телефон ба ШВКД, корманди милитсия вазифадор аст чорабиниҳои фавриро анҷом диҳад.
Дар ариза муҳим аст, ки рақами IMEI-и телефон зикр гардад, зеро ҷустуҷӯи дастгоҳ маҳз бо он анҷом дода мешавад.
Ҳуҷҷатҳоро метавонед бо худ гиред, то соҳибиро тасдиқ намоед, аммо гузоштанаш дар шуъба ҳатмӣ нест.
IMEI (International Mobile Equipment Identifier) — ин рақами шиносоии 15-рақамаи махсус аст, ки ба ҳар телефон дар корхона дода мешавад ва дар нармафзори он сабт мегардад. Ин рамз ба операторони мобилӣ имкон медиҳад, ки кори дастгоҳро қатъ кунанд ва ҷойгиршавии онро дар шабака пайгирӣ кунанд. Агар телефони дуздидашуда дубора фаъол ва истифода шавад, онро метавон пайдо кард.
Маслиҳати муҳим
Дар iCloud ё Google Drive барои Android аккаунт созед ва тамоми файлҳои муҳим, аз қабили аксу видео, тамос ва дигар маълумотро ба он ҷо боргирӣ кунед. Дар ҳолати гум шудани телефон ва истифода бурдани он аз ҷониби шахсони бегона, шумо метавонед кори дастгоҳро қатъ намуда, маълумоти шахсии худро хориҷ кунед.