ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 АПРЕЛ

Соли 2000 – “Хонаи савдои Тоҷикистон ва Беларус” ифтитоҳ гардид.

Соли 2013 – Раёсати молияи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) расман ба Вазорати молия муроҷиат намуд, то ҳавопаймоҳое, ки аз ширкати Rolkan Investments Ltd дар доираи “парвандаи халабонҳо” мусодира шуда буданд, ба тавозуни ин идора ё Кумитаи давлатии сармоягузорӣ супурда шаванд.

"Парвандаи халабонҳо” дар соли 2011 вирди забонҳо шуд. Он замон дар Тоҷикистон ду халабони русро, ки бо марзшиканӣ дар Фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтар) фуруд омад, боздошт ва равонаи зиндон карданд. Ҳавопаймоҳои онҳо бошад, мусодира шуд.

Ин боиси эътирози Русия гардид ва дар пайи он давоми чанд рӯз садҳо муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Мақомти додгоҳии Тоҷикистон зери ин фишор маҷбур шуд ҳукми халабонҳоро бозбинӣ ва онҳоро бо ҷарима раҳо кунад.

Соли 2018 – Намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд созишнома оид ба барқарорсозии ҳаракати автобусҳоро имзо карданд.

Соли 2020 – Сандуқи Байналмилалии Асъор (IMF) расман эълон кард, ки барои 25 кишвари камбизоат, аз ҷумла Тоҷикистон сабукии фаврии қарзиро дар доираи Барномаи эътино ба офатҳои шадиди табиӣ ва ҳолатҳои изтирорӣ (Catastrophe Containment and Relief Trust) татбиқ мекунад.

Соли 2022 – Парлумони Тоҷикистон созишномаи байни Тоҷикистон ва Русияро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа тасдиқ кард. Ин созишнома 15 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1903 – Зодрӯзи Ғуломризо Баҳор, оҳангсоз, ҳунарпеша ва коргардони филм.

Ғуломризо Баҳор
Намогирифт

Ғуломризо Баҳор дар Машҳад ба дунё омада, аввали солҳои бистуми қарни гузашта аз Эрон ба ИҶШС ва соли 1926 ба Тоҷикистон омадааст. Ӯ соли 1933 Институти давлатии кинематографияи шаҳри Маскавро хатм карда, дар аввалин филми бадеии беовози тоҷик – “Муҳоҷир” ба сифати ҳунарпеша ва ёвари коргардон иштирок кард ва минбаъд асосан ба таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ машғул будааст.

Фаъолияти Ғуломризо Баҳор дар синамо бо он хотирмон аст, ки дар филмҳои ҳуҷҷатии ӯ “Душанбе – Сталинобод”, “Як рӯз дар колхоз”, “Инженерони рӯҳи одамизод” бори аввал каломи тоҷикӣ ва оҳанги миллӣ садо додаанд. Бори аввал Садриддин Айнӣ ва Лоҳутиро дар синамо ба навор бардоштааст. Ӯ ҳамчунин мусаннифи мусиқии аввалин намоишномаҳои Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буду чанд муддат дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд дарс дод. Инчунин, чун коргардони Театри ҳаваскорони “Тиранҷ” дар Душанбе кор кардааст.

Ғуломризо Баҳор ҳамчун навозанда ва овозхон низ шуҳрат дошт, бештар аз ашъори Абулқосим Лоҳутӣ таронаҳо замзама кардааст. Сурудҳои маъруфи “Гар намедонӣ бидон”, “Ранҷида ёрам”, “Ёри масчоҳӣ” маҳсули эҷоди ӯ мебошанд.

Соли 1936 – Мавлуди Абдукарим Ғанизода, филолог, осорхонашинос, адиб.

Соли 1964 – Зодрӯзи Лола Одилбекова, омӯзгор, арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1978 – Мавлуди Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷик, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз миёни тоҷикон.

Соли 2016 – Бобо Ҳоҷӣ,  шоир, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Бобо Ҳоҷӣ

Бобо Ҳоҷӣ, ки бо фаъолияти пурсамари адабӣ, аз ҷумла эҷоди шеърҳо барои кӯдакон саҳми беназир дорад, 1-уми майи соли 1928 дар деҳаи Похути ноҳияи Айнӣ зода шудааст. Ӯ баъди хатми Институти давлатии педагогии Душанбе дар рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон”, “Тоҷикистони Советӣ”, маҷаллаи “Машъал”, Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти “Ирфон”, “Маориф” ва “Адиб” фаъолият бурдааст.

Аввалин чакидаҳои хомааш соли 1949 ба табъ расиданд. Минбаъд ашъораш дар маҷмӯаҳои “Изҳори муҳаббат”, “Гули Хуршед”, “Шукуфаҳои чаман”, “Нони ҳалол, “Гули шому саҳар”, “Соябони сар” нашр шуданд.

Ашъори махсус барои кӯдакон эҷодшудааш бошад, дар маҷмӯаҳои “Бузи айнакдор”, “Қарсак аз ду даст”, “Насими баҳорон”, “Раҳмат ба Ватан” ва “Соябони сар” гирд оварда шуда, аксарашон дар китобҳои дарсии хонандагони синфҳои ибтидоӣ низ ҷой гирифтаанд.

Соли 2021 – Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, ориф, рӯҳонии саршиноси суннатгаро ва донишманди маъруфи исломӣ дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Ҳикматуллоҳи Тоҷикибодиро ҳамчунин яке аз пешвоёни тариқати нақшбандияи тасаввуф дар Тоҷикистон медонистанд.

Ҳикматуллоҳ Фатҳуллоев, маъруф ба Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ соли 1941 дар деҳкадаи Ғилмони водии Қаротегин дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Таълими ибтидоии мазҳабиро назди бибиаш, яъне назди модари модараш гирифтаааст.

Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Дар соли 1952 хонаводаи эшон ба вилояти Қӯрғонтеппа кӯчидаанд ва онҷо таълимоти диниро дар даврони Шӯравӣ дар назди Мулло Неъматуллоҳ, Домулло Ҷӯрабеки Ғармӣ, Домулло Назрӣ, Домулло Хӯҷаи Кӯлобӣ, Домулло Шералии Андиҷонӣ гирифтааст.

Домулло Ҳикматуллоҳ илми худро ҳамчунин назди Мавлавии Ҳиндустонӣ, яке аз маъруфтарин рӯҳонӣ ва донишмандони натанҳо Тоҷикистон, балки минтақа комил гардонидааст. Ва соли 1964 Домулло Ҳикматулло бо тавсияи устодаш Мавлавии Ҳиндустонӣ ба ноҳияи Куйбишев (Абдураҳмони Ҷомӣ) меравад, то пас аз дарёфти “илми зоҳир” назди Эшони Абдурраҳмонҷон, рӯҳонии дигари тоҷик аз “илми ботин” низ бархурдор гардад.

Аз таълифоти Домулло Ҳикматуллоҳ метавон асарҳои зеринро ном бурд: "Изохату-ш-шубҳа ан даови-ш-ширк ва-л-бидъа", "Файзи зиёрат бо ёди Пайғамбар салаллоҳу алайҳи ва саллам", "Хақиқати баён дар баёни хақиқати Нӯъмон", "Асъофу-л-аҳноф фи-л-хаҷҷи ва–л-иътимор бимашраби-л-аслоф", "Пандномаи ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон ал-Қорӣ алайҳи раҳмату-л-борӣ", "Сайри ибрат дар аҳди гул", "Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон", "Ашъори Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ" ва "Ақидаи салима". Шоҳасари пурмазмуни Мавлавӣ Ҳикматуллоҳ ибни Фатҳуллоҳи Қаротегинӣ "Ҷавшани амон аз даврони шамшери буррон".

Ин рӯҳонии саршинос дар миёни раҳбарони сиёии Тоҷикистон эҳтиром махсус дошт. Ӯ борҳо мардумро барои дастгирӣ аз ҳукумат ва сиёсатҳои раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даъват карда буд ва аз мардум хоста буд, дар ҳаққи ӯ дуо кунанд. Раиси ҷумҳур ҳам ҳангоми сафарҳояш ба минтақаи Рашт ба дидани ин олими дин мерафт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии рок-н-ролл аст. Ин жанри мусиқӣ дар охири солҳои 1940 ва аввали солҳои 1950 дар ҷануби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пайдо шудааст. Он бо вуҷуди инкишофи босуръаташ муддати тӯлонӣ номи мушаххас надошт.


Худи истилоҳҳои “rock” (ҷунбонидан, ларзонидан) ва “roll” (ғелидан) аз забони баҳрнавардон гирифта шудаанд ва ҳаракатҳои хоси киштиро дар баҳр ифода мекарданд. Гарчанде ҷашн 13-уми апрел баргузор мешавад, воқеаи таърихие, ки асоси ин рӯз гардид, рӯзи 12-уми апрели соли 1954 иттифоқ уфтод: Билл Ҳейлӣ таронаи машҳури худ – “Rock Around The Clock”-ро сабт кард, ки дертар онро оғози расмии давраи классикии рок-н-ролл номиданд.

Дар оғози солҳои 1960, сабки нав – поп-рок пайдо шуд. Гурӯҳи The Beatles, маъруф бо номи “чаҳоргонаи Ливерпул” бо таронаҳояш “эпидемия”-и “битломания”-ро ба ҷаҳон муаррифӣ кард. Соли 1964, гурӯҳи The Rolling Stones бо сабки хосаи худ вориди саҳна шуд. Солҳои 1970 ба давраи роки психоделик табдил ёфт, ки намояндагони намоёни он Pink Floyd, Deep Purple, Led Zeppelin ва Black Sabbath буданд. Ин даҳсола асри тиллоии рок ба ҳисоб меравад.

13 апрели соли 1895 ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ дар Помпей як скелет ёфт шуд, ки онро “савтори бухили антиқӣ” номиданд, зеро он аз миёни ганҷинаҳои зиёд ва тиллою ҷавоҳирот дарёфт гардид.


Он ҷо дастпонаҳои зебо, ангуштариҳо, занҷирҳои тиллоӣ ва як қатор чизҳои қиматбаҳо ёфт шуданд. Ганҷҳои ёфтшуда махфӣ ба хонаводаи Ротшилди фаронсавӣ фурӯхта шуданд. Вале вақте ин воқеа фош шуд, як моҷарои бузург сар зад. Аммо мақомоти Италия дигар наметавонистанд ин ганҷинаро баргардонанд ва тамоми ин ганҷҳо баъдтар ба осорхонаи Луври Фаронса интиқол дода шуданд.

13 апрели соли 1902 дар Санкт-Петербург аввалин троллейбуси Русия, ки он вақт онро “автомобили барқӣ” меномиданд, аз озмоиш гузаронида шуд. Вазни троллейбус 820 килограмм буд.

Механизми гирифтани нерӯи барқ (барққабулкунанда) ба асоси тарҳи ихтироъкори фаронсавӣ – Ломбар-Жерен асос ёфта буд ва аробачаҳои барққабулкунанда аз болои симҳо ҳаракат мекарданд.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 13 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм, рӯзона 14+19º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 28+30º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.