Имрӯз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон (08:30), Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон (10:00), Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам (09:30), Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон (10:00), Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (09:00), Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон (10:00) оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 31 ЯНВАР
Соли 1927 – Ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфара) таъсис дода шуд.
Соли 2001 – Дар Тоҷикистон ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ оғоз шуд.
Соли 2002 – Аввалин истгоҳи телефонии рақамӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Соли 2009 – Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” табдил дода шуд.
Соли 2017 – Бо қарори Ҳукумат дар кишвар боз ду Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – “Ишкошим” ва “Данғара” таъсис дода шуд.
Соли 2019 – Пас аз танаффуси тӯлонӣ бархе аз шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон ба гирифтани нерӯи барқ аз Ӯзбакистон шурӯъ карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Мавлуди Борис Пшеничний, рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%B8%D1%81%20%D0%BF%D1%88%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D1%87%D0%BD%D0%B8%D0%B9%D0%B9.png)
Борис Пшеничний фаъолияти пурсамари рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ доштааст. Солҳо дар рӯзомаҳои мухталиф фаъолият карда, ҳамчунин сармуҳаррири моҳномаи “Помир” будааст.
Ӯ муаллифи мақола, очерк, филмнома, драма ва ҳикояҳои тахайюлӣ буда, осори алоҳидаи адибони тоҷик – Баҳром Фирӯз, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод ва дигаронро ба русӣ баргардон кардааст. Чанд сол вакили мардумӣ дар порлумон низ буд.
Борис Пшеничний соли 1997 дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1976 – Зодрӯзи Султонзода Сулаймон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D1%81%D1%83%D0%BB%D0%B0%D0%B9%D0%BC%D0%BE%D0%BD%20%D1%81%D1%83%D0%BB%D1%82%D0%BE%D0%BD%D0%B7%D0%BE%D0%B4%D0%B0.jpg)
Ӯ хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, солҳо ҳамчун муфаттиш ва додситон ифои вазифа кардааст. Аз ҷумла дар Додситони ҳарбӣ-гарнизони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) чун муфаттиш ва додситон фаъоляит бурдааст.
Аз моҳи январи соли 2017 то имрӯз директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст.
Соли 1962 – Абдусалом Деҳотӣ, шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D0%B0%D0%B1%D0%B4%D1%83%D1%81%D0%B0%D0%BB%D0%BE%D0%BC%20%D0%B4%D0%B5%D2%B3%D0%BE%D1%82%D3%A3%D3%A3%D3%A3.jpg)
Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ буда, 14-уми марти соли 1911 дар Самарқанд зода шудааст. Ӯ дар таҳрири осори устод Айнӣ ва таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ саҳм дорад.
Деҳотӣ солҳо дар Тоҷикистон фаъолият бурда, осори ғанӣ эҷод ва дастраси хонандагон кардааст. “Ҳаёт қадам мезанад”, “Бунафша, “Ҳадя ба хурдтаракон”, “Оби равон меояд” аз ин қабиланд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил мешавад. Қарори расман тасдиқ намудани ин рӯз ҳамчун рӯзи заргарон соли 2008 дар шаҳри Тошканд дар озмуни заргарони ҷавон қабул гардид.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D0%B7%D0%B0%D1%80%D0%B3%D0%B0%D1%80.jpg)
31 января соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуд. Хусусияти хоси ин Конститутсия дар он буд, ки дар қонун ҳадафи асосии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҷумҳуриҳо, баробарии ҳуқуқи онҳо, соҳибихтиёрии ҳар ҷумҳурӣ ва ҳуқуқи вуруд ва хориҷшавӣ аз Иттиҳод зикр гардида буд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D0%BE%D0%BD%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%82%D1%83%D1%82%D1%81%D0%B8%D1%8F.jpg)
Соли 1729 дар Истанбул аввалин китоби чопӣ ба хати арабӣ нашр шуд. Ин китоб луғати Ҷавҳарӣ дар тарҷума ба туркӣ буд. Ин луғат дар он замон хеле маъруф шуд ва зиёда аз ҳазорсол мақоми пешсафиро аз даст надод.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D0%BA%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%D0%B8%20%D0%B0%D1%80%D0%B0%D0%B1%D3%A3.jpg)
31 января соли 1893 тамғаи тиҷоратии Coca-Cola расман ба қайд гирифта шуд. Таърихи пайдоиши ин нӯшокӣ моҳи аз моҳи марти соли 1886 аст. Вақте Ҷон Пембертон хост давои дардсозе пайдо кунад, шарбати шакарро бо кофеин ва гиёҳи кока омехта карда, нӯшокии хушмаззае бо ранги қаҳвагӣ ҳосил кард.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345226/%D0%BA%D0%BE%D0%BA%D0%B0%20%D0%BA%D0%BE%D0%BB%D0%B0.jpg)
Аввалин маротиба ин нӯшокӣ дар дорухонаи “Ҷейкобс” дар Атланта ҳамчун дору барои ихтилоҷоти асабӣ пешниҳод гардид ва соҳиби патент шуд. Ҳар шахс метавонист бо пардохти панҷ сент финҷоне нӯшокии шифобахш гирад.
Аммо тамғаи тиҷоратии Coca-Cola танҳо соли 1893 аз ҷониби соҳибкори амрикоӣ Аса Кендлер , ки дорухатро аз ҳамсари Пембертон харидоре карда буд, расман сабт карда шуд. Аз ҳамон вақт Coca-Cola ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфт.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 31 ЯНВАРИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 8-13 то 3-5º сард, рӯзона аз -1+4º то 4-6º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 10-15º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 27-32º сард, дар баъзе минтақаҳо то 35-40º сард, рӯзона аз 10-15º то 16-21º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 12-14º сард, рӯзона 2-4º сард.
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кӣ ба муҳоҷири тоҷик кумак мекунад? Ёддошт ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силӣ задани бемор бар гардани сӯфӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста