Дар вилояти Маскав Бахтиёр Исмоилов, як зодаи Тоҷикистон кӯдаки 11-моҳаро, ки дар канори шоҳроҳ тақрибан урён чорпо мегашт, наҷот дода, ба наздиконаш супоридааст, хабар медиҳад хабаргузории “Regnum.ru”.
Манбаъ аз қавли ин ҷавон навиштааст, ки “соати тақрибан 4 субҳ (ба вақти Маскав) вақте аз кор ба хона бармегашт, дар наздикии деҳаи Станово ҷисми сафедро мушоҳида кард, ки ба рӯи шоҳроҳ мебарояд. Дар аввал фикр кард, ки ин ҷисм харгӯш ё гурба аст. Барои эҳтиёт мошинро яктарафа кард, то ҷисмро пахш накунад. Вале чун наздик шуд, кӯдакро дид ва фавран таваққуф карда, ӯро, ки беист мегирист ва сармо хурда буд, ба мошини гарм гузошт ва ба ёрии таъҷилӣ ва пулис занг зад”.
Ба нақли ӯ, баъди тақрибан 10 дақиқа дар маҳалли ҳодиса зане пайдо шуд, ки худро бибии кӯдак муаррифӣ кард ва бо ғазаб талаб намуд, ки кӯдакро ба ӯ диҳанд.
Ҳарчанд Бахтиёр Исмоилов чанд маротиба аз ӯ пурсид, ки агар бибиаш аст чаро кӯдак дар дар ин вақт нимурён дар роҳ асту оё метавонад ба волидайни кӯдак занг занад, вале зан посухи мушаххас надод.
“Вай (бибии кӯдак) фикр мекард, ки кӯдакро аз хатар ҳифз мекунад ва ба ҳамин сабаб ӯро дар ҳавои сард урён гузоштааст”, - менависад манбаъ.
Дертар маълум шуд, ки ин зан гирифтори бемории руҳӣ аст.
Баъди омадани дастаи ёрии таъҷилӣ, кормандони пулис, Кумитаи тафтишот ва хадамоти ҳифзи кӯдакон дар Русия ба маҳалли ҳодиса, модари кӯдак низ пайдо шуда, духтари 11-моҳаашро гирифт.
Бахтиёр Исмоилов дар суҳбат бо телефизиони “Маскав 24” гуфтааст, ки барои ин кораш ба мукофотпулӣ пешниҳод кардаанд, вале ӯ нагирифт. Чун ба гуфтааш, қарзи шаҳрвандиашро иҷро кард.
Дар ин гузориш модари кӯдак тасдиқ мекунад, ки модараш, (бибии кӯдак) воқеан бемории рӯҳӣ аст ва он шаб вақте онҳо хоб карданд, ӯ кӯдакро ба берун бурдааст ва ӯро дар ҷангал дар рӯи барф гузошта, худаш ба дигар тараф рафтааст.
Ӯ ба Бахтиёр Исмоилов миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки агар ӯ намебуд, намедонист бо фарзандаш чӣ ҳодиса рух медод, “чунки дар ҳамон замон дар тарафи муқобил як мошини боркаш бо суръати тез ҳаракат мекард”.
Вале ин расона дар гузоирши худ зикр накардааст, ки Бахтиёр Исмоилов зодаи Тоҷикистон аст.
Бахтиёр зиёда аз 20 сол боз дар Русия зиндагӣ ва дар як ширкати интиқоли ғизо кор мекунад. Ӯ як писар дорад аз кӯдаке ки наҷот дод, як моҳ хурдтар-10 –моҳа аст. Ӯ шаҳрвандии Русияро барои худ ва фарзандаш гирифтааст, аммо ҳамсараш ҳанӯз шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондааст.
Қаҳрамониҳои дигари муҳоҷирони тоҷик
Дар гузашта низ муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳолатҳои фавқулода ҷони одамонро наҷот додаанд. Масалан, Муҳаммадҷон Обидов, колорасони 23-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи июли соли 2024 дар Маскав духтараки навзодеро аз марде наҷот дод, ки дар ҳолати мастӣ ӯро рабуданӣ буд.
Мисоли дигар, Ҳасан Авғонов, зодаи 58-солаи Тоҷикистон соли гузашта сарфи назар аз синну вазъи нохуби саломатӣ, вақте додхоҳии кӯдакони дар ҳоли ғарқшавиро шунид, ба яхоба даромада, писарчаҳоро наҷот дод.
Дар ҷараёни ҳамлаи террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл»-и назди Москва, як пешхизмати 17-сола аз Тоҷикистон ним соат бо марди захмӣ нишаст, дар ҳоле ки тамоми кормандон пас аз садои огоҳӣ ҷои корро тарк карда буданд.
Дар аввали моҳи апрел дар Орски Русия сел садди обанборро рахна намуд ва шаҳрро об зер кард. Дар тамоми минтақа реҷаи ҳолати фавқулодда эълон карда шуд, эвакуатсияи оммавии аҳолӣ гузаронида шуд. Ба сокинони аз обхезӣ зарардида шаҳрвандони Тоҷикистон бо мошинҳои боркаш фаъолона кӯмаки башардӯстона расонданд.
Аммо ба қавли худи муҳоҷирон сарфи назар аз ҳамаи ин, бархе аҳолии Русия ҳамоно ба муҳоҷирон дидгоҳи некбинона надоранд.
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста