Эътироф бояд кард, ки фаъолияти камсамари намояндагиҳои мақомоти Тоҷикистон дар Русия, натиҷаи назарногир дар самти гуногунсамт сохтани бозори муҳоҷирати меҳнатӣ ва фишори зиёд ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз номуваффақ будани сиёсати муҳоҷират дар кишвар дарак медиҳад. Ин ҳама далели зарурати тағйирот дар самти сиёсати муҳоҷиратро аст.
Солеҳа Холмаҳмадзода чанд рӯзи пеш ба курсии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон нишаст. Маълум нест, ки аз мушкилоти муҳоҷират ё муҳоҷирони кории тоҷик то куҷо огоҳ аст, лекин ӯро лозим меояд, ки онҳоро ҳаллу фасл намояд ва фавран, зеро вазъи муҳоҷирони тоҷик торафт бадтар мешавад.
Мо мехоҳем, ки бори дигар ба ин мушкилот ишора кунем.
Мушкили №1 – муҳоҷирати тоҷикон дар Русия
Муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия солҳо инҷониб ба буҳрони пурмоҷаро ва чолишҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ дучор гардидааст. Ин мушкилот дар соли 2024 амиқтар шуд. Пас аз ҳодисаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав, ки бо гумони содиркунандаи аслии он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт гардид, сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия ба авҷи худ расид.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345366/%D0%9F%D0%BE%D0%B4%D0%BE%D0%B7%D1%80%D0%B5%D0%B2%D0%B0%D0%B5%D0%BC%D1%8B%D0%B5%20%D0%B2%20%D0%BD%D0%B0%D0%BF%D0%B0%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B8%20%20%D0%BD%D0%B0%20%D0%9A%D1%80%D0%BE%D0%BA%D1%83%D1%81%20%D0%A1%D0%B8%D1%82%D0%B8%20%D0%A5%D0%BE%D0%BB%D0%BB.jpg)
Муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо таҳдиди доимии аз даст додани мақоми қонунии иқомат, қатъ шудани иҷозатномаи кор ва бо бозгашту ихроҷи маҷбурӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ин боиси нигаронии ҷиддии ҳазорон оила дар Тоҷикистон гардидааст. Ин вазъ натанҳо ба манфиатҳои шахсии муҳоҷирон, балки ба иқтисоди миллии Тоҷикистон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, зеро аксари даромади хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон таъмин карда мешавад.
Ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ иқтисоди Тоҷикистонро ба бештар вобаста ба интиқоли маблағ дар ҷаҳон мешуморанд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2022 интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ якбора то 5,3 млрд доллар боло рафт (49% нисбат ба ММД), ки аз ҳаҷми соли 2021 - 2,9 млрд доллар қариб ду баробар зиёд аст. Соли 2023 ба ҷумҳурӣ 5,7 млрд доллар маблағ интиқол дода шуд, ки 6,6% бештар нисбат ба соли 2022 аст.
То соли 2022 ҳаҷми нисбатан бузурги интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар соли 2013 - ҳудуди 3,7 млрд доллар ба қайд гирифта шуда буд.
Ба ин тариқ, Тоҷикистон дар таносуби интиқоли маблағ ба ММД мавқеи пешсафиии худро дар миқёси ҷаҳон боз ҳам мустаҳкамтар кард.
Ҳама гуна тағйирот дар сиёсати муҳоҷират метавонад ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар таъсир расонад.
Тибқи маълумоти расмии мақомоти Русия, дар ин кишвар беш аз миллион муҳоҷирони тоҷик қарор доранд, ҳарчанд дар маълумоти расмии Тоҷикистон теъдоди онҳо тақрибан 600 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
Дар чунин шароит, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бояд нақши фаъолтар дошта бошад. Беҳтар аст, ки ба таври чашмрас барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон бо мақомоти рус чораандешӣ кунад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345366/%D0%94%D0%B5%D0%BD%D0%B5%D0%B6%D0%BD%D1%8B%D0%B5%20%D0%BF%D0%B5%D1%80%D0%B5%D0%B2%D0%BE%D0%B4%D1%8B.jpg)
Фаъолияти чашмрас надоштани намояндагиҳо дар Русия
Ҳамчунин фаъолияти намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ки бояд ҳомии аслии муҳоҷирони кории тоҷик бошад, комилан ноаён аст.
Рақамҳои намояндагиҳои вазорат, ки барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон дар авҷи боздошту ихроҷи онҳо дар соли гузошта расонаӣ шуд, на ҳамеша фаъол буд.
Муҳоҷирон борҳо шикоят карданд, ки ба тамосҳои пайдарпайи онҳо аз ин намояндагиҳо касе посух намедиҳад ва ҳатто як озмоиши “Азия-Плюс” ҳам собит кард, ки 50 дарсади ин рақамҳо фаъол нестанд.
Дар маҷмуъ, дар ҳолатҳои зарурӣ барои муҳоҷирони кории тоҷик ин намояндагиҳо натавонистанд ба муҳоҷирон ҳимояи ҳуқуқӣ пешниҳод кунанд ва ё дар сатҳи дипломатӣ барои ҳалли мушкилоти бамиёномада талош кунанд.
Дар бораи кори начандон чашмраси намояндагиҳои Тоҷикистон дар қаламрави Русия охири моҳи октябр президенти Тоҷикистон низ изҳори назар карда буд. Он замон ӯ зикр кард, ки “як гурӯҳи корӣ аз ҷумҳурӣ омада, вазифаҳои онҳоро иҷро мекунад”. Дуруст аст, ки маълум нест ин кадом гурӯҳе буду кадом корро иҷро кард. Пас ин ҳам маълум нест, ки пас дар ин ҳолат намояндагиҳо ба чӣ кор машғуланд.
Гуногунсамт кардани муҳоҷирати корӣ ҳоло ғайриимкон аст
Дар пасманзари ҳаводис ва маҳдудиятҳое, ки дар Русия бар зидди муҳоҷирон равона шуд, даричаҳои нави муҳоҷират ба Аврупо боз гардид. Лекин ҳоло онҳо хеле маҳдуданд.
Муҳоҷират ба Британияи Кабир, ки имкони кор дар шароити нисбатан хубтар ва маоши баландро фароҳам меовард, барои бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон як фурсате буд, ки метавонист зиндагии онҳоро тағйир диҳад. Соли 2022-юм 383 шаҳрванди Тоҷикистон бо шартномаҳои шашмоҳа барои корҳои мавсимӣ ба Британияи Кабир фиристода шуданд. Маоши миёнаи онҳо назар ба Русия чанд маротиба баландтар – тақрибан 90 доллар дар як рӯз – ҳисоб мешуд.
Аммо ин барнома дар натиҷаи танзими нодуруст ва амалҳои ғайриқонунии баъзе муҳоҷирон ба бумбаст мувоҷеҳ шуд. Бархе аз муҳоҷирон, ки пас аз анҷоми муҳлати шартномаи шашмоҳа ба Тоҷикистон барнагаштанд, ғайриқонунӣ дар Британияи Кабир монданд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345366/%D0%A1%D0%B1%D0%BE%D1%80%20%D1%8F%D0%B3%D0%BE%D0%B4%20%D0%B2%20%D0%92%D0%B5%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%BE%D0%B1%D1%80%D0%B8%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D0%B8%201.%20%D0%A4%D0%BE%D1%82%D0%BE%20%D1%81%20%D1%81%D0%B0%D0%B9%D1%82%D0%B0%20east-fruit.com.jpg)
Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2023 ҳамагӣ 1,5 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавонистанд тариқи Вазорати меҳнат бо ҷойи кори муваққатӣ дар Туркия, Қазоқистон, Лаҳистон (Полша), Руминия, Беларус, Литва, Латвия, АМА ва Ҷопон таъмин шаванд.
Қаблан, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулнора Ҳасанзода изҳор дошта буд, ки «бо мақсади гуногунсамт кардани муҳоҷирати корӣ лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ бо Британияи Кабир, ИМА, Корея, Канада, Лаҳистон, Латвия, Олмон, Сингапур, Ҷопон, Филиппин ва Арабистони Саудӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд».
Аммо дар амал ҳанӯз ҳеҷ натиҷае нест.
Таъмин бо ҷойи кори воқеӣ дар Тоҷикистон
Ҳар сол мақомоти Тоҷикистон аз таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ хабар медиҳанд. Аммо, бо вуҷуди ин, ҳар сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди кишвар бо баҳонаи наёфтани ҷойи кор дар дохил ба муҳоҷират мераванд.
Сабабҳои асосии ин тамоюл равшананд: ҷойҳои кори нав, ки аксаран дар бахши давлатӣ ё сохтмон эҷод мешаванд, маоши паст ва шароити маҳдуд доранд. Ғайр аз ин, ҷавонон, ки қисми асосии нерӯи кориро ташкил медиҳанд, ба далели даромади бештари молӣ, ба кор дар хориҷи кишвар бартарӣ медиҳанд.
Аз сӯи дигар, баъзе корхонаҳо баъди ба истифода додан бо сабабҳои номаълум аз кор мемонанд. Ин чиз ҳам омори таъсиси ҷойҳои нави кориро ба чолиш мекашад.
Тибқи маълумот ба ҳолати 17 январи соли 2025, соли 2024 дар Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 247 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 74 ҳазораш ҷойҳои кории доимӣ мебошанд.
Ба ақидаи коршиносон, танҳо бо фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои истеҳсолӣ, метавон муҳоҷиратро коҳиш дод ва мардумро ба шуғли дохилӣ ҳавасманд кард.
Чӣ гуна метавон омодагии кадрҳоро барои бозори кори Тоҷикистон беҳтар кард?
Бозори меҳнат дар ҷумҳурӣ таҳти таъсири вазъи ноустувори иҷтимоию иқтисодии ҷаҳон қарор дорад. Ин вазъият талаб мекунад, ки усулҳои нави омодасозии қувваи кории баландихтисос ҷорӣ гардида, сатҳи касбияти онҳо баланд бардошта шавад ва тақсимоти самараноки аҳолии қобили меҳнат ба бахшҳои иқтисодӣ таъмин гардад.
Афзоиши пешбинишудаи шумораи аҳолӣ (ба ҳисоби миёна 2-2,1% дар як сол то соли 2027) барои бозори меҳнат мушкилоти нав эҷод хоҳад кард. То соли 2027 шумораи захираҳои меҳнатӣ 572 ҳазор нафар ва қувваи корӣ - 227,1 ҳазор зиёд мешавад. Аммо ҳиссаи аҳолии ғайрифаъол аз нигоҳи иқтисодӣ тақрибан 55%-ро ташкил хоҳад дод.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345366/%D0%9D%D0%B0%D1%81%D0%B5%D0%BB%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%B5%20%D0%A2%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B0%20%D1%80%D0%B0%D1%81%D1%82%D0%B5%D1%82.jpg)
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро ҳар сол зиёда аз 222 ҳазор хатм мекунанд. Дар кишвар 60 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият доранд, ки таҳсилро аз рӯйи 135 ихтисос пешниҳод мекунанд, аммо сифати тайёрии касбӣ ҳанӯз ҳам паст боқӣ мемонад. Хатмкунандагон ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ набуда, сатҳи малакаҳои касбии онҳо аксаран рақобатпазир нестанд.
Дар муассисаҳои таълимӣ мушкилоти ҷиддӣ дар заминаи моддию техникӣ мавҷуд аст. Танҳо 50% компютерҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба Интернет пайваст мебошанд, дар ҳоле ки таҷҳизоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ кайҳо кӯҳна шудааст.
Ҳамчунин масъалаи боло бурдани музди меҳнати омӯзгорон ва навсозии низоми таълим то ҳол ҳалталаб боқӣ мемонад.
Ислоҳоте, ки дар солҳои охир оғоз гардидааст, ба навсозии низоми маориф ва беҳтар намудани шароити таълим равона шудааст. Вале барои рушди устувор ҳамкории зич бо корфармоён, ҷорӣ кардани ихтисосҳои нав ва баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо зарур мебошад.
Бо расонаҳо ҳамкорӣ нест
Яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсири манфӣ мерасонад, ҳамкории судманд надоштани намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо расонаҳо ва рӯзноманигорон мебошад.
Дар ҳолатҳои фавқулода онҳо ё дер вокуниш нишон медиҳанд, ё бо изҳороти кӯтоҳ ва нопурра маҳдуд мешаванд, ки наметавонанд саволҳои ҷомеаро пурра посух гӯянд.
Дар бораи сафорати Тоҷикистон дар Русия алоҳида сухан мебояд гуфт: мақоми асосие, ки давлати моро дар ин кишвар намояндагӣ мекунад, маъмулан бо рӯзноманигорон умуман робита надорад ва ҳатто ба дархостҳои хаттии марбут ба мушкили муҳоҷирон посух намедиҳад. Муфассалтар дар ин бора метавонед дар ин мақолаи “Азия-Плюс” хонед.
Набудани ҳамкории муассир бо расонаҳо сабаби гирифтани иттилоъ аз манбаъҳои ғайрирасмӣ мешавад. Ин вазъ гоҳо боиси паҳн гардидани маълумоти носаҳеҳ мегардад, ки ҷомеаро нигарон мекунад.
Фонди Саудии рушд ба сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар Кӯлоб 30 млн доллар ҷудо мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 феврали соли 2025
Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?
Амрико дар бораи риояи таҳрим алайҳи ширкатҳои русӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам кор мекунанд, мактуб фиристодааст
“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст
Ҷарроҳии зиёду сироятёбии камтар. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ чӣ гуфтанд?
Вазир гуфт, ҳарчанд хатти сарҳад бо Қирғизистон маълум шуд, вале “масъалаи роҳ ва объектҳои обӣ” то ҳол мавриди баррасӣ аст
Дар Тоҷикистон 280 ҳазор калонсолон аз давраҳои таълими касбӣ гузаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста