Тибқи иттилои Александр Горовой, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар 670 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ ҳузур доранд, ки бештари онҳо занону кӯдакон ҳастанд. Аммо ӯ мушаххас дар бораи аз кадом кишварҳо будани и муҳоҷирон иттилоъ надодааст.
Ин мансабдори рус гуфтааст, онҳое, ки қонуншиканӣ накардаанд, то 30-юми апрел метавонанд вазъи ҳуқуқии худро дар Русия ба танзим дароранд ва ба будубоши худ идома диҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, барои ин муҳоҷирон бояд ба мақомоти дахлдори Русия то 30-юми апрел муроҷиат кунанд.
“Пас аз тафтиши сабтҳои махсуси мо ва баҳодиҳии мавҷуд набудани ягон қонуншикание, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, мо вазъи ҳуқуқии ин шаҳрвандони хориҷиро танзим мекунем. Дар акси ҳол, онҳо вазифадоранд, ки Русияро тарк кунанд”, - гуфтааст Горовой.
Хотиррасон мекунем, ки аз 5 феврали соли 2025 дар Русия як қатор меъёрҳои нави қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегиранд, ки бевосита ба муҳоҷирони меҳнатӣ дахл дорад. Онҳо чӣ қонунҳое ҳастанд ва чӣ маҳдудият барои муҳоҷирон хоҳанд дошт? Дар ин матлаби мо хонед.
Сколько баллов Таджикистан получил в Индексе восприятия коррупции в 2024 году?
Ученые заявили, что внутреннее ядро Земли деформировалось и замедлилось
Зеленский допустил обмен части Курской области на украинские земли
США направили письмо Таджикистану о соблюдении санкций против российских компаний, работающих в стране
Таджикистан и Доминика отменили визы
Боксер Шавкат Рахимов пережил кровоизлияние в мозг: карьера под угрозой
Израиль выдвинул ХАМАС ультиматум по освобождению заложников
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 февраля 2025 года
Жасмин Ан-Нимр: от министерства финансов Таджикистана до чемпионата мира по бодибилдингу
Саудовский фонд развития выделит $30 миллионов на строительство кольцевой дороги в Кулябе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста