Соли 2024 дар Додгоҳ (Суд)-и олии иқтисодии Тоҷикистон парвандаҳои марбут ба даъвоҳои молиявӣ, уҳдадориҳои қарзӣ ва баҳсҳо сари замин баррасӣ шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 6 феврал Зебонисо Абдуллозода, ки чанде пеш раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ таъин шуд, хабар дод.
“Даъвоҳои парвандаҳои марбут ба қарзи бонкҳо назди муштариён, нақзи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи табиат ва баҳсҳо сари қитъазои замин аз ҷумлаи даъвоҳое мебошанд, ки қонеъ гардонида шуданд", - изҳор дошт Абдуллозода.
Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ ба фоидаи даъвогарон ба маблағи зиёда аз 416 млн сомонӣ қарор содир кардааст.
Миёни баҳсҳои бештар пурсарусадо дар соли 2024 даъвоҳои вобаста ба зиёни расида ба табиат аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, қарзҳои “Агроиневстбонк”, баҳсҳои фермерон барои қитъаҳои замин, инчунин даъвои Вазорати молия нисбати як қатор ширкатҳо номбар шуданд.
Зарар ба парвариши моҳӣ: талаби муҷозоти обёрон
Айни замон дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати нисбат ба Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ баррасӣ мешавад. Даъвои асосӣ сари он аст, ки ба захираҳои моҳии кишвар зиёни бузургмиқёс расонида шудааст.
Ба гуфтаи муовини раиси Додгоҳ Сулаймон Қосимзода, парванда ба интиқоли об аз обанбори «Баҳри Тоҷик» ба заминҳои кишоварзии вилояти Суғд вобаста аст. Бар асари беэҳтиётии кормандони Агентӣ, миқдори зиёди моҳӣ ва моҳичаҳо бо ҷараёни об ба заминҳои обёришаванда бурда шудаанд.
Мувофиқи арзёбии коршиносони Кумита, зарари расида ба низоми экологӣ 78 млн сомониро ташкил медиҳад ва Кумита ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони масуъл ва ҷуброни зиёнро талаб дорад.
Баҳси додгоҳӣ идома дошта, қарори ниҳоӣ дар ин парванда ҳоло қабул нашудааст. Дар ҳамин ҳол, фаъолони экологӣ ва коршиносон ба шадидтар кардани назорат аз болои фаъолияти сохторҳои обрасонӣ даъват менамоянд, то аз такрори чунин ҳолатҳо дар оянда пешгирӣ карда шавад.
Қарзҳои «Агроинвестбонк»: пардохт ба мизоҷон дар чӣ ҳол аст?
Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон даъвоҳои мизоҷон алайҳи «Агроинвестбонк»-ро, ки ба амонатгузорон 532,2 млн сомонӣ қарздор аст, баррасӣ намуд. Соли 2024 додгоҳ бонкро ба пардохти 63,9 млн сомонӣ ба фоидаи мизоҷони ҷабрдида вазифадор кард.
Тибқи маълумоти моҳи августи соли 2024, маҷмӯи уҳдадориҳои «Агроинвестбонк» 1,6 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағе мебошад, ки бонк бояд ба қарздеҳони гуногун, аз ҷумла амонатгузорони шахсӣ ва шахсони ҳуқуқӣ баргардонад.
Моҳи майи соли 2021 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иҷозатномаҳои ду муассисаи бузурги молиявӣ – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-ро бозхонд кард. Пас аз ин ҷараёни пардохти ҷуброн ба амонатгузорон оғоз шуд, ки аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2024 идома ёфт. Аммо на ҳамаи мизоҷон тавонистанд пасандозҳои худро бозпас гиранд.
Соли 2024 «Агроинвестбонк» қарори судро қисман иҷро карда, ба мизоҷон 63,9 млн сомониро баргардонд. Бо вуҷуди ин, қарзи бонк ҳанӯз ҳам зиёд боқӣ монда, масъалаи баргардонидани пурраи маблағҳо ҳалношуда боқӣ мемонад.
Айни замон корҳои бозпас гирифтани қарзҳои додаи бонк идома доранд. Миёни қарзгирон ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ ҳастанд. Ин маблағҳо метавонанд қисман барои пардохти қарзҳои амонатгузорон истифода шаванд, аммо то ҳол маълум нест, ки ин ҷараён чӣ қадар муҳлатро мегирад.
Амонатгузороне, ки интизори баргардонидани пасандозҳои худ ҳастанд, ба қарорҳои минбаъдаи додгоҳ ба нафъи худ умедворанд. Аммо бо назардошти ҳаҷми сарбории хеле зиёди қарз, дурнамои пардохти пурраи қарзҳо то ҳол норавшан боқӣ мемонад.
Вазорати молияи Тоҷикистон аз ширкатҳои Алимардоновҳо миллионҳо талаб дорад
Вазорати молияи Тоҷикистон алайҳи чандин ширкате, ки маблағҳои калонро тибқи шартномаҳои қарзӣ барнагардондаанд, даъво пешниҳод кардааст. Дар байни ҷавобгарон корхонаҳое қарор доранд, ки ба бародарон Алимардоновҳо тааллуқ доранд (Муродалӣ Алимардонов – собиқ роҳбари Бонки миллии ҶТ ва раиси пешини раёсати «Агроинвестбонк». – Эзоҳи идора). Қарзи умумии ин ширкатҳо назди бонкҳо беш аз 150 млн сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, Вазорати молия талаб кардааст, ки маблағҳои зерин рӯёнида шаванд:
- ҶДММ «Боғи 15-солагии истиқлолияти ҶТ» – 39 863 280 сомонӣ;
- ҶС «Баракати Ёвон» (Ҳисор) – 47 273 203 сомонӣ;
- ҶДММ «Ниҳолхонаи арчаи Ҳисор» – 33 373 266 сомонӣ;
- ҶДММ «Баракати гӯсфанди ҳисорӣ» – 29 525 914 сомонӣ.
Асос барои даъвоҳо ба ҳисоб кардани фоизу ҷаримаҳо ва иҷро нашудани шартҳои созишномаҳои қарзӣ марбут аст.
Қарорҳои додгоҳ дар ин парвандаҳо метавонанд ба фаъолияти минбаъдаи корхонаҳои Алимардоновҳо, инчунин ба суботи молиявии қарздиҳандагоне, ки миллионҳо қарз додаанд, таъсири ҷиддӣ расонанд.
Айни замон намояндагони ҷавобгарон дар бораи даъвоҳои Вазорати молия изҳороти расмӣ надодаанд.
Афзоиши баҳсҳо сари замин: деҳқонон ба додгоҳ мераванд
Муовини раиси Додгоҳ Сулаймон Қосимзода изҳор намуд, ки соли 2024 ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои замин 311 даъво ворид шуд, ки 100 даъво зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст ва таъкид дошт, ки аксари парвандаҳо ба даъвоҳои аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ алайҳи роҳбарон дар масъалаи тақсими саҳмияҳои замин марбутанд.
Сабаби асосии афзоиши шумораи даъвоҳо нофаҳмиҳо ҳангоми тақсими саҳмияҳои замин мебошад. Деҳқонон ҳарчи бештар ба додгоҳ муроҷиат карда, роҳбарони хоҷагиҳоро ба тақсими ғайриодилонаи замин, саркашӣ аз супоридани қитъаҳои муқарраршуда ё вайрон кардани созишномаҳо муттаҳам мекунанд. Ин аз механизмҳои заифи ҳифзи ҳуқуқи замин ва ноқисиҳо дар қонунгузории танзими фаъолияти хоҷагиҳо гувоҳӣ медиҳад.
Мақомоти давлатӣ низ дар як қатор баҳсҳои калон сари замин ҳузур доранд. Масалан, Додгоҳи олии иқтисодӣ даъвоҳои Вазорати молия ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро баррасӣ менамояд. Ин мурофиаҳо метавонанд ба сифати бесобиқа баррасӣ шуда, ба амалияи татбиқи қонун дар баҳсҳои заминӣ ва иқтисодии оянда таъсир расонанд.
Қарорҳои ниҳоӣ дар парвандаҳои пурсарусадо дар моҳҳои наздик қабул хоҳанд шуд. Агар додгоҳ даъвогаронро дастгирӣ кунад, эҳтимол меравад, ки қоидаҳои тақсими замин таҷдиди назар шуда, назорат аз болои амалкарди роҳбарони хоҷагиҳо шадидтар гардад.
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Ҷазои чанд соҳибкор дар Суғд барои фиреби истеъмолкунандагон
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кӣ ба муҳоҷири тоҷик кумак мекунад? Ёддошт ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силӣ задани бемор бар гардани сӯфӣ”
Дар Душанбе технопарки муштараки саноатии Тоҷикистону Русия сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста