Барои ҷавобгӯ набудани маҳсулот ба талаботи бехатарӣ ва фиреби истеъмолкунандагон нисбати 7 соҳибкор дар Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ҳамаи онҳо ҷазо гирифтаанд. Дар ин бора Ғайбулло Муҳидинов, сардори Раёсати “Тоҷикистандарт” дар вилояти Суғд хабар дод.
Номбурда гуфт, ки нисбати 1 соҳибкор додгоҳ барои шартан татбиқ накардани ҷазо ба мӯҳлати 3 сол ҳукм татбиқ кард. Шаш нафари дигар бо маблағҳои гуногун ҷарима шуданд. Ин ду банди қонунгузорӣ аз 200 то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои номбурда, соли гузашта, ин ниҳод беш аз 1000 ҳуқуқвайронкунии риоя накардани қоидаҳои бехатарии маҳсулотро дар фаъолияти соҳибкорон ошор кардааст. Маблағи умумии ҷаримаҳои татбиқгардида дар ин самт 253 ҳазору 152 сомониро ташкил додааст.
Ин масъул афзуд, ки теъдоди қонунвайронкуниҳо нисба ба соли 2023 146 адад ва мабалағи ҷаримаҳо бештар аз 46 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст.
“Нисбати дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ додаанд дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда шуд. Микдори зиёди маҳсулотҳои пастсифат ва мӯҳлати истеъмолаш гузашта бо иштироки комиссия нобуд карда шуда, якчанд номгуйи маҳсулоти пастсифати ошкоршуда дар раванди баррасии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад”-афзуд Муҳидинов.
Тибқи иттилои расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 1000 тонна (1 миллиону 11 ҳазору 801 кг) маҳсулоти гуногуни хӯроквории бесифат ошкор шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2023наздики 500 тонна кам аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо мақсади “ҳимояи бозори истеъмолӣ аз маҳсулотҳои пастсифат ва хатарнок” мутахассисони “Тоҷикстандарт” миқдори зиёди молу маҳсулоти пастсифат, истеъмолашони гузашта ва бесертификатро ошкор ва нобуд мекунанд. Аммо ҳамасола даҳҳо ҳолати ворид ва фуруши ин навъи маҳсулот ошкор мешавад, ки боиси поймол шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон мегардад.
Парвози нахустини ҳавопаймо аз Душанбе ба Рашт низ анҷом ёфт
Соли 2024 қарздиҳӣ ба ипотека дар “Амонатбонк” ба таври назаррас афзудааст
Баста шудани ҳисобҳои бонкӣ, боздошт ва аз кор рондан. Муҳоҷирон аз иштибоҳҳо дар “рӯйхати сиёҳ”-и Русия шикоят кардаанд
Як зодаи Тоҷикистон дар Русия кӯдаки 11-моҳаро аз марг наҷот додааст
Қарзи “Агроинвестбонк” ва тақсими замин. Баҳсҳои соли 2024 дар Додгоҳи олии иқтисодӣ
Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар Душанбе чӣ гуна таҷлил мешавад?
Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро амалӣ кард?
Афзоиши назарраси истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон дар соли 2024
Кӣ ба муҳоҷири тоҷик кумак мекунад? Ёддошт ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силӣ задани бемор бар гардани сӯфӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста