Имрӯз, 7-уми феврал нахустин парвози ҳавопаймо дар масири “Душанбе-Рашт-Душанбе” дар замони истиқлолият анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати “Тоҷик-Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, ҳавопаймо аз ҳарду ҷониб бо 17 мусофир парвоз кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, парвоз аз ҳарду ҷониб 30-дақиқаӣ давом кардааст.
“Ҳавопаймо аз Душанбе соати 14:35 парвоз карда, соати 15:05 ба фурудгоҳи Рашт фуруд омад. Аз ҷониби Рашт бошад, соати 15:40 парвоз карда, соати 16:10 ба Душанбе расид”, - гуфтанд аз ин ширкат ба “Азия-Плюс”.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” дар нишасти Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон гуфта буд, ки соли ҷорӣ ин ширкат парвозҳои дохилии нав аз Душанбе ба Ванҷ, Рашт ва Лахшро роҳандозӣ мекунад.
Баъдтар дар бораи тафсилоти парвоз ба Рашт ва нархи чипта иттилоъ дода буд. Нархи чипта 350 сомонӣ аст.
Барои фармоиши чипта сокинон имкон доранд ба суроғаи ширкати ҳавопаймоӣ, ки дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, қарор дорад, муроҷиат кунанд ва ё бо рақамҳои +992 88837 7777 , +992110000012 тамос гиранд.
Аз ин ширкат мегӯянд, парвозҳо ҳафтае се маротиба – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа тариқи ҳавопаймои АН-28 анҷом мешаванд. Ин ҳавопаймо барои интиқоли 17 мусофир ва то 1750 кг бор пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ин чорумин хатсайри ҳавоии дохилист, ки ширкати “Тоҷик-Эйр” парвозҳоро анҷом медиҳад. Моҳи гузашта ин ширкат парвоз дар масири "Душанбе Хоруғ-Душанбе" “Душанбе-Кӯлоб-Душанбе” ва “Душанбе-Панҷакент-Душанбе”-ро низ роҳандозӣ карда буд.
Қосим Бекмуҳаммад: "Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд"
Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд
Сарбозони тоҷик дар гузашти низомии 80-солагии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Роҳандозии реҷаи онлайни табодули маълумот дар бораи ҷинояткорон байни Русия ва Тоҷикистон
“Танҳо як рӯз”. Дар ҷашни Наврӯз сокинон бо барқ таъмин хоҳанд буд?
Баҳодур Усмонови тоҷик мағлубнашуда боқӣ мемонад: ин дафъа муштзани ӯзбекро шикаст дод
Эмомалӣ Раҳмон: “Аз натиҷаҳои музокирот бо Русия қаноатмандем”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 марти соли 2025
Душанбе ба пешвози Наврӯз чӣ гуна омода мешавад?
Ҳалокати як кас дар пайи сӯхтори пойгоҳи сӯзишворӣ дар Спитамен
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста