Тоҷикистон – кишварест, ки дар як сол ҳудуди 300 рӯзи офтобӣ дорад ва барои рушди энергетикаи офтобӣ имконияти зиёд мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, технологияҳои офтобӣ дар кишвар ба таври шоиста муаррифӣ нашудааст ва сокинон дар бораи он маълумоти кофӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, талабот аз ҷониби сокинон ба он низ кам аст. Бо назардошти ин, мо на дар бораи дастгоҳҳои гаронбаҳо, балки дар бораи дастгоҳҳои дастрас ва боэътимод маълумот гирдоварӣ кардем.

Мо бо Диловар Маъмуров, мудири иҷроияи Ассотсиатсияи энергия барқароршавандаи Тоҷикистон ҳамсӯҳбат шудем. Ин чи гуна технологияҳо аст, кадом омилҳо монеъи паҳншавии он аст ва барои дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ҷорӣ намудани он чӣ бояд кард?

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва шароити иқлимии нотакрори он барои рушди энергетикаи офтобӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯза ба таври васеъ истифода бурдани он имкониятҳои бузургро фароҳам меорад.

Ба гуфтаи Диловар Маъмуров, тибқи як тадқиқот, ки Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи энергияи барқароршаванда ва Вазорати энергетикии кишвар анҷом додааст, иқтидори техникии энергияи офтобӣ дар қитъаҳои замини истифоданашудаи Тоҷикистон (беш аз 7300 километри мураббаъ) қариб 370 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад. Ва иқтидори умумии он тақрибан 650 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад.

“Ин рақамҳо хеле зиёданд. Барои муқоиса, иқтидори умумии тавлиди тамоми нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷудаи кишвар 6 000 МВт-ро ташкил медиҳад. Дар сурати ба  кор андохтани неругоҳи барқи обии Роғун ин рақам то 9 600 МВт афзоиш меёбад”, - шарҳ дод ӯ.

 

Бозорҳои худсарона ва маҳсулоти пастсифат

Ба гуфтаи коршинос, дар бозорҳои Тоҷикистон миқдори кофии дастгоҳҳое, ки бо нерӯи офтоб кор мекунанд, мавҷуд аст. Аз ҷумла, панелҳои офтобӣ, ки давоми ду соли охир, маъмул гаштаанд.

Нархи онҳо аз 800 то 2000 сомонӣ аст. Намунаҳои арзонтарин метавонад 5 лампа ва 1 телевизорро давоми 4-6 соат бо нерӯ таъмин кунад.

Диловар Маъмуров

Аммо мушкил дар он аст, ки дар бозор маҳсулоти пастсифат низ мавҷуд аст ва харидори маъмулӣ на ҳама вақт медонад, ки чӣ гуна панели офтобиро харад. Дар ин бобат бисьёри одамон ба маслиҳат ва ёрии фурӯшанда умед мебанданд.

“Дар мо чунин маҳсулотро аз бозорҳои муқаррарӣ харидорӣ кардан мумкин аст. Баръакси мағозаҳои махсус, фурӯшандагон дар бозор салоҳияти зарурӣ надоранд, бинобар ин онҳо наметавонанд ба шумо дар бораи тамоми нозукиҳои кори таҷҳизот нақл кунанд. Танҳо барои фурӯхтани маҳсулоти худ ба муддати як чанд сол кафолат медиҳанд. Аммо ҳангоми пайдо шудани нуқсон, вақте муштарӣ барои кафолат бармегардад, онҳо аз қабули маҳсулоти худ саркашӣ мекунанд. Дар натиҷа, таҷрибаи номуваффақи харид ба тасаввурот оид ба технологияҳои офтобӣ дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонад”, - гуфт коршинос.

Дар баробари ин, ӯ зикр мекунад, ки маҳсулоти хушсифате, ки аз ҷониби ширкатҳои махсус пешниҳод мешавад, назар ба маҳсулоти дар бозор фурухташаванда қариб ду баробар қимат аст.

Технологияҳои баландсифати офтобӣ мӯҳлати кафолат доранд ва дар сурати дуруст истифода бурдани онҳо метавонанд солҳои зиёд кор кунанд.

Ду намуди дастгоҳи офтобӣ мавҷуданд - On-Grid ва Off-Grid. Якумаш бе аккумулятор, тавассути шабакаи барқи шаҳрӣ кор мекунад. Ин имкон медиҳад пули барқ сарфа карда шавад. Чунин як истгоҳ ба гуфтаи Диловар Маъмуров, аз 700 то 1000 доллар арзиш дорад.

“Аммо тарафи манфии ин дар он аст, ки ҳангоми шабакаи шаҳрӣ қатъ шудан, истгоҳ низ аз кор мемонад. Чунин технология дар кишварҳои аврупоӣ хеле маъмул аст, чун дар он ҷо нерӯи барқ мунтазам ва барои муддати дароз қатъ намешавад”, - шарҳ медиҳад ӯ.

Дастгоҳи барқи офтобӣ дар мактаби деҳаи Даштиҷуми вилояти Хатлон

Истгоҳи Off-Grid дорои батарея буда, мустақилона кор мекунад. Арзиши чунин дастгоҳ аз 2000 доллари амрикоӣ оғоз меёбад. Ҳамзамон, кисмати гаронбаҳои ин система батареяҳои онҳо мебошад.

“Худи панел арзон аст. Давоми 5 соли охир арзиши онҳо 10 маротиба поён шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки талабот дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш ёфта, истеҳсолкунандагони зиёде пайдо шудаанд. Чин яке аз пешсафони ин бозор буда, барои рақобатпазир шудани маҳсулоти худ ҳама корҳоро мекунад. Аз ин рӯ, воридоти ин дастгоҳҳо барои бисёре аз кишварҳо арзонтар аст, назар ба истеҳсоли онҳо”, - иброз дошт коршинос.

 

Ҳам телефонатонро нерӯ медиҳад, ҳам метавон обро гарм карду хӯрок пухт

Нерӯи офтобро ҳамчун манбаи гармӣ низ истифода бурдан мумкин аст. Масалан барои обгармкунӣ ё гармидиҳии хонаҳо.

Гармкунии об дар чунин дастгоҳҳо ҳатто дар ҳарорати зери сифр анҷом додан мумкин аст, чизи муҳим дар ин ҷо нури офтоб аст. Аз ин рӯ, он махсусан барои минтақаҳои баландкӯҳ, ки офтоб ҳатто дар фасли зимистон хеле равшан аст, самаранок аст.

“Чунин системаҳо аз 100 литр оғоз меёбанд. Арзиши онҳо аз хусусиятҳояшон ва имконотятҳои иловагӣ вобаста аст. Соддатаринаш, ки бе фишори об кор мекунанд, ҳудуди 5500 сомонӣ арзиш дорад”, - гуфт манбаъ.

Ӯ як бунгоҳи тиббии хурди деҳаи Сангвори ҷамоати Ваҳдатро мисол овард. Дар шароити нарасоии нерӯи барқ ​​бо шарофати насби обгармкунаки офтобӣ ва системаи фотоэлектрикии офтобӣ бунгоҳи тиббӣ ҳамавақт бо рӯшноӣ ва оби гарм таъмин аст.

Таҷҳизоти обгармкунӣ дар яке аз ҳаммомҳои ҷамъиятии водии Бартанг

Нури офтоб низ барои пухтупаз истифода мешавад. Ошхонаҳои офтобӣ - як дастгоҳи оддие мебошанд, ки ба лавҳаи параболӣ шабоҳат дошта, дорои сатҳи инъикоскунанда аст. Онҳо як роҳи ҳалли оддӣ барои минтақаҳое мебошанд, ки мушкилоти нерӯи барқ ​​доранд.

 “Ошхонаи стандартии офтобӣ, ки диаметраш 1,8 м аст, метавонад дар тобистон бештар аз 2 киловатт-соат энергияро коркард кунад. Яъне, 2 литр об дар 5 дақиқа ҷӯш мешавад. Як мизоҷи мо аз деҳот ҳатто тавонист дар он оши палав пазад. Дар ёд дорам, ки ӯ бо мо чӣ гуна шодӣ мекард, ки ҳамеша оби гарм дорад ва волидонаш ин ошхонаро худ идора мекарданд”, - мегӯяд манбаъ.

 

Дастгирии давлат муҳим аст

Яке аз монеаҳо дар самти истифодаи васеъи технологияҳои офтобӣ дар Тоҷикистон, ин арзиши расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти он ба кишвар мебошад. Аз ин сабаб арзиши аслии махсулот то 30 фоиз меафзояд.

Ба андешаи коршинос, имтиёзҳои гумрукӣ метавонад чунин технологияҳоро барои сокинон хеле дастрастар кунад.

“Танҳо соли гузашта фурӯши ин масҳсулот бештар шуд, зеро дар фасли баҳор ҳам маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ гардид. Мардум дар ҷустуҷӯи манбаҳои алтернативии барқ шуданд”, - зикр кард Диловар Маъмуров.

Раванди ҷорӣ намудани технологияи сарфакунандаи энергия аз бисёр омилҳо, аз ҷумла дастгирии  ҳукумат вобаста аст.

Ӯзбекистон мисоли равшан шуда метавонад. Соли 2023 дар он ҷо барномаи “Хонаи офтобӣ” ҷорӣ карда шуд.

Насби панели офтобӣ барои рӯшноӣ дар водии Қаротоғ

Тибқи ин барнома, давлат ба шаҳрвандоне, ки нерӯи барқи иловагии тавассути панелҳои офтобии дар хонаашон насбшударо ба низоми ягонаи энергетикӣ интиқол медиҳанд, кумакпулӣ медиҳад.

Ба гуфтаи коршинос, ин тадбир имкон медиҳад, ки сарбории нирӯи барқ аз ҷониби истеъмолкунандагон коҳиш ёбад.

Ҳамчунин, ҳукумати Ӯзбекистон ширкатҳои сохтмониро вазифадор кардааст, ки ҳадди ақалл дар 50%  қисмати озоди боми биноҳои бисёрошёнаи мавриди баҳрабардорӣ қарордошта панелҳои офтобӣ насб кунанд.

“Тоҷикистон дар ин самт акнун ба кор шурӯъ мекунад. Лоиҳаҳои зиёд мавҷуд аст ва фикр мекунам, ки дар солҳои наздик мо ҳатман ба ин мерасем. Аҳолӣ сол то сол меафзояд, шумораи корхонаҳои саноатӣ меафзояд, мошинҳои электрикӣ торафт зиёд мешаванд, иқтисодиёт рақамӣ мешавад. Хамаи ин сарфи зиёди энергияро талаб мекунад”, - мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар 5-10 соли наздик метавонад дар рушди энергетикаи офтобӣ ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил шавад.

“Вазорати энергетика ҳоло барои оғоз кардани сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги офтобӣ бо иқтидори то 1000 МВт дар 2-3 соли оянда фаъолона кор карда истодааст. Ин имкон медиҳад, ки вазъи таъминот бо қувваи барқ дар фасли зимистон беҳтар мешавад. Вазорат нақша дорад, ки то соли 2030 ҳиссаи тавлиди нерӯи барқро тавассути истгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ 5% афзоиш диҳад”, -бовар дорад ӯ.

 

Оби дастшӯй бо истифода аз таҷҳизоти офтобӣ гарм мешавад.

Ба мардум бояд маълумот дод

Ба андешаи коршинос, ҳар як маҳсулот ба таблиғ ниёз дорад. Шахси огоҳ маҳсулотро нисбат ба шахсе, ки маълумот надорад, зудтар ва бо хоҳиши бештар харидорӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ташкилоти махсусгардонидашуда бояд пеш аз ҳама ба таблиғи технологияҳои дастраси офтобӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Ва таблиғоти баландсифат барои ҷалби таваҷҷӯҳи шумораи зиёди одамон кӯмак хоҳад кард.

Вақте, ки ташкилот тавассути лоиҳаҳои худ ба шумораи маҳдуди ҷамоатҳои маҳаллӣ хабар медиҳад дигар аст, аммо вақте он доираи васеътарро фаро мегирад, натиҷаи беҳтар медиҳад. Ва шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз як платформаи олиҷаноб барои васеъ кардани чунин ташаббусҳо мебошад.

Коршинос мутмаин аст, ки мардум баъди огаҳӣ аз фоидаи ин гуна фанновариҳо бештар мехоҳанд онро харанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.