Шоми рӯзи 4 феврал Шоҳзода Карим Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар синни 88-солагӣ дар Лиссабон аз олам даргузашт. Ба ҷойи ӯ Раҳим Ал-Ҳусейнӣ Оқохон V рӯзи 5 феврал 50-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон эълон шуд. Дар ин матлаб мо тасмим гирифтем, оид ба тарҳҳое, ки бунёди ӯ дар Тоҷикистон амалӣ кард, маълумот диҳем.
Шурӯъ аз соли 1992, вақте ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, Бунёди Оқохон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ва дигар минтақаҳои кишварро маводи хӯрокворӣ тақсим мекард. Дар он солҳо Оқохони IV чандин маротиба ба Тоҷикистон омада буд. Соли 1995 ӯ бори аввал ҳамроҳи президенти Тоҷикистон аз Бадахшон боздид кард.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/%D1%84%D0%BE%D1%82%D0%BE%20golos.tj.jpg)
Саҳмгузорӣ ба рушд
Аввали солҳои 1990-ум дар Тоҷикистон ташкилоти Aga Khan Development Network (AKDN) ба фаъолият оғоз намуд, ки дар доираи он як қатор муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ амал мекунанд. Ӯ муассис ва президенти Донишгоҳи ҳамном дар Покистон, инчунин Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад, ки биноҳо (кампусҳо)-и он дар Қирғизистону Тоҷикистон ва Қазоқистон кушода шуданд.
Фонди Оқохон аз болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон 5 пул (купрӯк) бунёд кард. Панҷтои онҳо дар ВМКБ ва яктоаш дар ноҳияи Шамисддини Шоҳин воқеъ аст, ки ин ноҳияи вилояти Хатлонро бо мавзеи Шоҳони Афғонистон пайваст мекунад. Ин пулҳо ба рушди иқтисоди минтақа ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо мусоидат мекунанд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/httpsfergana.agency.jpeg)
Ҳамчунин аз ҳисоби Бунёди Оқохон дар ширкати энергетикии “Помир Энержи” корҳои таъмиру навсозӣ анҷом дода шуданд.
ҶСК «Ширкати энергетикии Помир» ҷамъияти саҳомии кушода буда, 70%-и саҳмияҳои он ба Фонди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ дар симои ҷамъияти “Помир Инвест” ва 30%-и саҳмияҳо - ба Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ тааллуқ доранд.
Фонд ҳамчунин дар сохтмони қитъаи роҳи Мурғоб - Қулма бо роҳ ёфтан ба Чину Покистон, таъсиси Аввалин Бонки молиявии хурд дар Тоҷикистон, сохтмон ва ифтитоҳи меҳмонхонаи 5-ситорадори “Серена Душанбе” саҳм гузоштааст.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/%D0%9F%D0%B0%D0%BC%D0%B8%D1%80%20%D0%AD%D0%BD%D0%B5%D1%80%D0%B4%D0%B6%D0%B8.jpg)
Бунёди Оқохон фаъолияти ширкати Tcell-ро ба роҳ монд, ки имрӯз яке аз операторони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Соли 2009 дар шаҳри Душанбе бинои Маркази исмоилиён ба истифода дода шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/httpssun9_6_userapi_com_%D0%A6%D0%B5%D0%BD%D1%82%D1%80_%D0%98%D1%81%D0%BC%D0%B0%D0%B8%D0%BB%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B2_%D0%B2_%D0%94%D1%83%D1%88%D0%B0%D0%BD%D0%B1%D0%B5.jpg)
Дар соҳаи маориф Бунёди Оқохон дар ҳамдастӣ бо ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA)-ро таъсис дод. Бино (кампус)-и UCA дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯён барномаҳои муосири таълимӣ пешниҳод намуд.
Бунёди Оқохон оид ба рушд сохтмони литсейҳо дар Ишкошиму Шуғнон ва Рӯшон, инчунин дар Душанбе ва ҳамчунин Академияи Оқохонро дар нақша дошт. Ҳамчунин Фонд ба сохтмони неругоҳи барқи обии “Себзор” дар Роштқалъа маблағгузорӣ намуда, ният дорад, ки ба сохтмони НБО “Санобод” дар ноҳияи Рӯшон низ маблағгузорӣ кунад.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/%D0%A3%D0%A6%D0%90%20%D0%B2%20%D0%A5%D0%BE%D1%80%D0%BE%D0%B3%D0%B5%20the.akdn.png)
Моҳи феврали соли 2024 Фонди Оқохон дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) ғолибони грантҳоро аз Фонди минтақавии мубориза бо тағйирёбии иқлим эълон кард. Лоиҳаҳои интихобгардида ба пешбурди технологияҳои истифода аз энергияи офтобӣ дар бахши кишоварзӣ равона шудаанд.
Дар ҳамкорӣ бо USAID Бунёди Оқохон барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон”-ро амалӣ намуд, ки ба беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии зиёда аз 190 ҳазор нафар дар 16 ноҳияи вилояти Хатлон ва ВМКБ нигаронида шуда буд.
Барнома аз самтҳое чун дастрасӣ ба оби тоза, хидматрасониҳои беҳдоштӣ, тандурустӣ, маориф ва барқро дар бар мегирифт.
Давлатӣ кардани муассисаҳо
Солҳои ахир дар Тоҷикистон тамоюли кам кардани шумори фондҳои байнулмилалӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки дар қаламрави кишвар амал мекунанд, ба мушоҳида мерасад. Як қатор муассисаҳои марбут ба шабакаи Оқохон ба ихтиёри давлат гузашт.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/%D0%9B%D0%B8%D1%86%D0%B5%D0%B9%20%D0%90%D0%B3%D0%B0%20%D0%A5%D0%B0%D0%BD%D0%B0.jpg)
Соли 2023 Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ давлатӣ гардонида шуда, соли 2022 Боғи марказии фарҳангу истироҳат дар Хоруғ ба ихтиёри давлат гузашт. Меҳмонхонаи “Серена” низ дар шаҳри Хоруғ давлатӣ шуд.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/345437/%D0%93%D0%BE%D1%80%D0%BE%D0%B4%D1%81%D0%BA%D0%BE%D0%B9_%D0%BF%D0%B0%D1%80%D0%BA%2C_%D0%BF%D0%B0%D1%80%D0%BA_%D0%BA%D1%83%D0%BB%D1%8C%D1%82%D1%83%D1%80%D1%8B_%D0%B8_%D0%BE%D1%82%D0%B4%D1%8B%D1%85%D0%B0%2C%D0%93%D0%91%D0%90%D0%9E.jpeg)
Давлатӣ кардани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) ҳоло расман тасдиқ нашудааст. Ҳамчунин тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, Созмишномаи ҳамкорӣ бо AKDN дароз карда нашудааст.
AKDN фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, лоиҳаҳои худро дар соҳаҳои тандурустиву маориф, тиҷорат, молия ва фарҳанг амалӣ кард.
Дар сохторҳои ин ташкилот ҳудуди 3500 нафар машғули кор буданд. Тибқи маълумоти дастрасгардида, аз соли 1995 то соли 2018 AKDN бо сармоягузорӣ ба лоиҳа ва ташаббусҳои бузургмиқёс барои рушди Тоҷикистон 1 млрд доллар маблағгузорӣ кард.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гилаи зан аз шавҳари фақир”
Вазири меҳнат: Тоҷикистон самтҳои муҳоҷирати кориро васеъ кард
Фонди Саудии рушд ба сохтмони роҳи ҳалқавӣ дар Кӯлоб 30 млн доллар ҷудо мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 феврали соли 2025
Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?
Қарздорони калонтарин аз истифодаи барқ дар кишвар киҳо ҳастанд?
Амрико дар бораи риояи таҳрим алайҳи ширкатҳои русӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам кор мекунанд, мактуб фиристодааст
“Тартибро вайрон карда, хеста рафтанд”. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабаби сабтином нашудани нозирони САҲА-ро шарҳ дод
Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди нафт ба таври озмоишӣ ба кор оғоз кардааст
Ҷарроҳии зиёду сироятёбии камтар. Дар нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ чӣ гуфтанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста