Соли 2024 дар Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба маблағи умумии 42 млн сомонӣ (3,8 млн доллар) қарзҳо барои ипотека дода шудааст. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси бонк Алиҷон Салимзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, барои харидории амволи ғайриманқул 144 нафар аз “Амонатбонк” қарзи ҳадафнок гирифтаанд.

Раиси “Амонатбонк” зикр кард, ки бонк ба пешнҳоди қарз барои иптоека аз соли 2022 шурӯъ кард. Аз ин замон бонк ба маблағи умумии 56 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) қарзҳо барои ипотека додааст.

Ба ин тариқ, ҳаҷми қарз барои ипотекаи “Амонатбонк” дар соли 2024 дар муқоиса ба ду соли пешин 3 баробар зиёд шудааст.

Меъёри ипотекаи “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18% солона бо муҳлати 10 сол ва 14% солона бо муҳлати 7 сол мебошад. Шарти ҳатмӣ пешпардохт дар ҳаҷми 30% аз ариши манзил мебошад.

Қаблан соли 2023 раҳбарияти “Амонатбонк” хабар дода буд, ки ба додани қарзи ипотека ба кормандони худ (8% солона бо асъори миллӣ) оғоз намудааст. Дар доираи ин барнома 42 нафар барои ипотека қарз гирифтанд.

Ба сурати умум зикр мешавад, ки “Амонатбонк” барои қарздиҳӣ ба ипотека аз сармояи худ 100 млн сомонӣ ҷудо кардааст.

Ёдрас мекунем, ки қонун “Дар бораи ипотека” соли 2008 қабул шуда,  дар бонкҳо зикр мекарданд, ки намехоҳанд таваккал карда, дар шароити норасоии маблағҳои озод қарзҳои дарозмуҳлат диҳанд ва ва барои баҳсҳои судӣ вақту неруи иловагӣ сарф кунанд.

Дар натиҷа охири соли 2019 ба қонун “Дар бораи ипотека” тағйирот ворид шуда, онҳо аз аввали соли 2020 мавриди амал қарор гирифтанд. Дар тағйирот ба фурӯш гузоштани предмети ипотека бо тартиби ғайрисудӣ барои пардохт накардан ё саривақт пардохт нашудани қарз пешбинӣ шудааст. Танҳо он қарордодҳое, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани тағйирот ба қонун ба имзо расидаанд, бо тартиботи судӣ баррасӣ шуда метавонанд. Аммо гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби судӣ ба фурӯши предмети ипотека эътироз оварда, ё талаб кунад, ки навиштаи иҷрои нотариус ғайриҳаққонӣ шуморида шавад.

Ба истилоҳи дигар, агар қаблан дар қонун ҳалли ҳама гуна баҳс дар мавриди ипотека байни бонк ва қарзгиранда танҳо бо тартиби судӣ пешбинӣ мешуд, акнун бонк дар сурати пардохт нашудани қарз, гарави мизоҷро бе баҳси судӣ ба савдо гузошта метавонад. Лекин ин маънои онро надорад, ки қарзгиранда барои муроҷиат ба суд ҳуқуқ надорад, агар чунин шуморад, ки қарздиҳанда ҳуқуқҳои ӯро поймол кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.