Дар ҷумҳурии Чувашистон аз 1-уми апрели соли ҷорӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ кор дар соҳаҳои тиҷорати чаканаи машрубот ва тамоку, нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, таксӣ, ҳамчунин дар бахшҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва фароғат манъ мешавад.

Дар ин бора расонаҳои Русия хабар дода, навиштаанд, ки фармони дахлдорро Олег Николаев, раиси ҷумҳури Чувашистон имзо кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин кор коҳиши қонуншиканиҳо дар соҳаи муҳоҷират ва таъмини кор барои шаҳрвандони дохилӣ аст.

Бар асоси фармони дахлдор, корфармоён бояд то 1-уми апрел шумораи коргарони хориҷии худро бознигарӣ кунанд ва онҳоро ба муқаррароти нав мутобиқ созанд.

Гуфта мешавад, ки ин мамнуъият ба шаҳрвандони Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон, ҳамчунин мутахассисони баландихтисос, ки ҳаққи кор бидуни иҷозатнома дар Русияро доранд, дахл надорад.

Бояд гуфт, Чувашистон яке аз камтарин минтақаҳои Русия буд, ки дар он ҷо кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷирон манъ нашуда буд. Акнун ин минтақа низ ба рӯйхати минтақаҳое шомил шудааст, ки муҳоҷирон дар онҳо қариб дар ҳеҷ куҷо кор карда наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз ҳодисаи "Крокус" дар Маскав фишору таъқиб ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар Русия афзуд. Маҳз баъди ин ҳодиса мақомоти Русия ба маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар оғоз карданд.

Чанде пеш расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки соли гузашта дар беш аз нисфи ин кишвар ва ё 47 минтақаи он кор барои муҳоҷирон манъ ва маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Маҳдудиятҳои зиёдтар дар минтақаи Краснодар (дар 99 соҳа) ҷорӣ шуда, дар ҷойи дуюм вилояти Твер (82) қарор дорад. Аз ҳама камтар маҳдудиятҳо дар вилояти Воронеж (10 соҳа) амал мекунанд.

Соли 2025 барои муҳоҷироне, ки нияти кору зиндагӣ дар Русияро доранд, тағйироти зиёд мешавад. Шурӯъ аз ҳамин сол муҳоҷирони ғайриқонунӣ зери назорати қатъӣ хоҳанд буд, бинобар ин риояи ҳама қоидаҳои нав муҳим аст. Ин қоидаҳо кадомҳоянд? Дар ин мавод талош кардем, ки онҳоро муфассал шарҳ диҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.