Аз 3-юми феврали соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид (виза) ба Эрон сафар кунанд. Ин танҳо ба сафар бо ҳавопаймо байни ду кишвар дахл дорад. Шаҳрвандоне, ки сарҳади давлатиро тариқи кишварҳои сеюм ва нуқтаҳои марзии заминӣ убур мекунанд, бояд раводид гиранд.

Эрон бо таърихи бениҳоят ҷолиб, ки беш аз 3000 солро дар бар мегирад, бо тақвими солшумории худ зиндагӣ мекунад, ки аз таъсиси империяи Хахоманишиён (империяи қадимаи Форс) дар соли 550 пеш аз мелод оғоз мешавад. Ин яке аз қадимтарин ва аз лиҳози фарҳангӣ маъруфтарин кишварҳоест, ки анъанаву  меъморӣ ва мероси он дар таърихи ҷаҳон осори амиқе боқӣ гузоштааст.

Теҳрон - пойтахт ва бузургтарин шаҳри Эрон дар шимоли кишвар ва дар поёни доманаи қаторкӯҳи Албурз воқеъ аст. Дар қаламрави шаҳри Теҳрон "Қасри Гулистон" ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил аст.

Теҳрон як қатор ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва муосирро дорад, ки дар ин мавод аз куҷо оғоз кардани онро манзур мекунем. 

 

Бурҷи “Озодӣ”


Бурҷи "Озодӣ" беҳтарин макони тамошобоби пойтахти Эрони муосир мебошад. Ёдгории муҳташами 50-метра, ки аз мармари сафед сохта шудааст, дар даромадгоҳи шаҳр аз роҳи асосӣ сохта шудааст.

Пул (купрӯк) соли 1971 ба муносибати 2500-солагии империяи Форс ҳамчун рамзи таърихи пурифтихори он сохта шудааст.


Дар тарҳи ёдгорӣ метавон бисёр ишораҳо ба таърих ва фарҳанги Эронро дарёфт. Масалан, дар бунёди шакли он аз мақбараи Куруш дар Посоргод ва кӯҳи Дамованд, баландтарин қуллаи Эрон ва тамоми Ховари Миёна илҳом гирифта шудааст.


Ҳамчунин Бурҷ дар тарафи муқобили пули 200 риёли эронӣ, ки соли 1974 ба муомилот бароварда шудааст, тасвир ёфтааст.

 

Пули «Табиат»

Пули пиёдагард дар Теҳрон бузургтарин дар шаҳр маҳсуб меёбад. Масофааш 270 метрро ташкил медиҳад.


Пул тасодуфан “Табиат” номгузорӣ нашудааст, зеро он дар болои шоҳроҳи Мударрис ҷойгир буда, ду боғ - “Обу оташ” ва "Толеъонӣ"-ро бо ҳам мепайвандад.

Дар ҷараёни сохтмон тадбирҳои рӯйи даст гирифта шуданд, то ки зиён ба табиат ба ҳадди камтарин расонида шуда, дарахтони зиёдатӣ бурида нашаванд.


Ин маҷмаа на танҳо миёни сайёҳон, балки дар байни сокинони маҳаллӣ низ яке аз маконҳои сертамошобин ба шумор меравад. Шабона пул бо чароғҳои равшан нурафшон мешавад. Аз се сатҳи он манзараҳои аҷиби боғҳои атроф, кӯҳҳо ва манзараи шаҳрро дидан мумкин аст.

 

"Бурҷи Милод"

Бурҷи телевизиони “Бурҷи Милод” баландтарин бинои Эрон мебошад, ки баландии он аз поя то охир 435 метрро ташкил медиҳад.


Он як бинои ҷолиби иборат аз пӯлоду шиша ва бетон аст, ки аз якчанд иншоот иборат аст. Дар бино таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ насб шуда, дар дохили гунбаз тарабхонаи даврзананда бо тирезаҳо барои тамошои манзараҳо, маркази баргузории конфронс, меҳмонхонаи панҷситорадор, маркази савдо ва инчунин парки компютерӣ сохта шудааст.


Дар қисми поёнии он, ки аз шаш ошёна иборат аст, шаш эскалатори бузург ва чор лифт кор мекунанд.

Барои дӯстдорони ҳодисаҳои шавқовар ҷойҳои боз барои фароғат бо пардохти алоҳида пешбинӣ шудааст. Майдонҳои намоишӣ дар баландии 315 метр аз сатҳи замин ҷойгиранд.

 

"Қасри Гулистон"

Толорҳои пуршукӯҳ ва ҳавлиҳои ороёфта бо наққошиҳои беназир, мозаика ва нақши рӯи шишаҳо, ҳамчунин маҷмӯи (коллексияи) ҷолиби ашёҳои ҳунар ва ёдгориҳои таърихии давраи шоҳӣ, ки фарқияти ягонаи онҳо меъморӣ ва тарроҳии бесобиқа мебошад.


Осорхона-мамнуъгоҳ бо таърихи худ маъруф аст, чунки замоне он қароргоҳи сулолаи шоҳони Қоҷориҳо буд. Қаср дар давраи ҳукмронии Таҳмоспи I (1524–1576) сохта шудааст, аммо дар асрҳои XVIII–XIX бозсозӣ шудааст.


Қасри таърихӣ ба ҳафт қисм тақсим шуда, аз тақрибан бист бино иборат аст. Дар осорхона нигораҳо аз сафолҳои давраҳои гуногун, асбобҳои мусиқӣ, осор аз сангу фулузот, қолинҳои деворӣ (гобеленҳо), силоҳ ва дигар нигораҳои таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.


Ҳуҷраи арзишманд ва муҳимтарини қаср Айвони Тахти Мармар аст, ки соли 1806 бо фармони шоҳи дуюми Эрон Фатҳ Алӣ-шоҳ - вориси бунёдгузори сулолаи Қоҷориҳо сохта шудааст.

Дар ибтидо айвон барои қабули расмии меҳмонон истифода шуда, соли 1925 дар он маросими тоҷгузории 35-умин шоҳаншоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ баргузор гардид.


Дар ҳавлии қаср манзараи зебои фаввора бо унсурҳои анъанавии тарҳрезии манзаравии эронӣ боз мешавад.

 

Осорхонаи ҳунари муосири Теҳрон

Осорхонаи ҳунари муосири Теҳрон дар боғи зебои "Лола" яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангӣ на танҳо Эрон, балки дар тамоми Осиё ба шумор меравад.


Дар он зиёда аз 3000 осори ҳунарӣ нигоҳ дошта мешавад, ки сабкҳо ва давраҳои гуногунро фаро мегиранд. Ин на танҳо як маркази фарҳангӣ, балки инчунин рамзи муҳими ҳамкории Эрон бо арсаи ҷаҳонии ҳунар мебошад.

Осорхона ҳамчун як маркази бузург байни ҷамъоварон (коллексионерҳо)-и ҳунари муосир маъруф буда, омезиши бойи анъанаҳои ҳунарии ҷаҳонӣ ва эрониро инъикос мекунад.


Дар осорхона корҳои устодони машҳури ҳунар, аз ҷумла Василий Кандинский, Пабло Пикассо, Марсел Дюшан ва дигарон ба намоиш гузошта шудаанд.

Дар осорхона инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ, маърӯзаҳову машғулиятҳои устодон (мастер-классҳо) баргузор мешаванд, ки ба меҳмонон ҷиҳати амиқтар омӯхтани ва дарки ҳунар имконият медиҳанд.


 

Боғи "Нигористон"

Як гӯшаи таърихиву фарҳангӣ дар маркази Теҳрон аст. Сабзаҳои нигоҳубиншуда, гулҳои хушбӯй ва фаввораҳои боҳашамат имкон медиҳанд, ки кас аз шӯру ғавғои шаҳр худро канор гирад.


Боғи "Нигористон" қаблан ҳамчун қароргоҳи тобистона истифода мешуд. Дар он осорхона ҷойгир аст, ки дар он осори рассомони бузурги эронӣ аз давраи ҳукмронии Қоҷориён пешкаш мешавад.

Дар маҷмӯа (коллексия) расму осори хаттотӣ ва дигар нигораҳои ҳунарӣ мавҷуданд, ки хусусиятҳои фарҳангӣ ва таърихии Эронро таҷассум месозанд.


Боғ бо гуногунии дарахтон ва растаниҳо фарқ карда, дар он аз гиёҳҳои анъанавии эронӣ то навъҳои нодир ва экзотикӣ парвариш мешавад.

Дар ҳудуди он қасру гӯша (павилйон) ва галереяҳо ҷойгиранд. Дар маҷмааи музей инчунин ҳайкалҳои устодони маъруфро метавон тамошо кард.


Омезиши сабзаву меъморӣ ва унсурҳои об дар боғ онро ба намунаи равшани боғи анъанавии форсӣ табдил медиҳад, ки дар он ҳар як ҷузъ, хоҳ дарахт, хоҳ гул ё ҳавз, маънои махсуси худро дорад.

 

Бозори таърихии Табрез

Ҳоло аз ҳудуди пойтахт берун рафта, ба қадимтарин бозори пӯшидаи шаҳри Табрез, ки рамзи тиҷорат ва рӯҳи Эрон аст, сафар мекунем.


Ин маҷмааи таърихӣ, ки ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст, на танҳо як макони тиҷорат, балки як ганҷинаи воқеии фарҳангӣ ва таърихист, ки мероси бойи тиҷоратӣ ва фарҳангии Эронро таҷассум мекунад.


Бозори Табрез на танҳо як бозор, балки як шабакаи бузурги толору роҳравҳо ва кӯчаҳоест, ки бо ҳам пайваст шуда, як маҷмааи воҳидро ташкил медиҳанд.

Фазои он ба бахшҳои гуногун тақсим шуда, ки ҳар кадоме ба фурӯши як намуди маҳсулот ихтисос дорад: матоъу гиёҳҳои хушбӯй, қолину силоҳ, ҷавоҳирот ва дигар молҳо. Ин тартиб дар ҷаҳони ривоҷи тиҷорат ба харидорон  ҷиҳати ба осонӣ пайдо намудани моли дилхоҳашон кумак мекунад.


Дар ин ҷо шумо метавонед қолинҳои машҳури форсиро бо нақшҳои классикӣ харидорӣ кунед, ки Табрез бо онҳо маъруф аст. Матои босифати эронӣ, гиёҳҳои хушбӯй, ҷавоҳирот ва шириниҳои анъанавӣ, аз ҷумла паҳлава ва зулбиё – ҳамаи инро метавон дар бозор пайдо кард.

 

Персапол

Дар ҷанубу ғарби Эрон шаҳрии қадими форсӣ воқеъ аст, ки дар асрҳои VI-V пеш аз милод пайдо шуда, яке аз пойтахтҳои империяи Ҳахоманишиён мебошад.


Персеполи қадимаи шоҳӣ яке аз бузургтарин маҷмааҳои бостоншиносӣ аст. Агар хоҳиш дошта бошед, ки бузургӣ ва қудрати яке аз бузургтарин давлатҳо дар таърихи башариятро ҳис кунед, ҳатман аз ин ҷой боздид кунед.

Яке аз маъруфтарин ва рамзии қисматҳои Персепол Дарвозаҳои Шоҳӣ мебошанд, ки инчунин бо номи "Дарвозаи ҳамаи халқҳо" маълум аст.


Ин иншооти муҳташам бо шаклҳои бузурги сангии гову шерҳо, ки даромадгоҳ ба қасри асосӣ аст, шахсро мутаассир месозад.

Дар қаламрави Персепол на танҳо Дарвозаҳои Шоҳӣ, балки қабри шоҳони гузашта, ҳайкалҳо аз оҳаксанги хокистарӣ,  суфаҳову пешайвон, Қасри Дорои 1 ва Қасри Ҳахоманишиён ҷойгиранд.


Ин маконест, ки ба умқи таърих фурӯ рафта, бо он робита барқарор мекунед ва онро бевосита мебинед.

 

Суратҳо аз манбаъҳои боз гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.