Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Исфара Муҳаммад Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара барои фурӯши замин 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Дар ин бора Сафар Салимзода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмудзода Олим, сардори шӯъбаи муқовимат ба фасоди Раёсати Оҷонсии зиддифасод ба “Азия-Плюс” гуфт, Муҳиддинзода то ҳол дар вазифааш кор мекунад ва дар асоси ҳукми додгоҳ, барои аз вазифа озод кардани Муҳаммад Муҳиддинзода аз ҷониби ин ниҳод дастур фиристода шуда, “эҳтимол аст масъалаи барканории Муҳиддинзода ҳамин ҳафта ё ҳафтаи оянда ҳалли худро ёбад”.
Муҳаммад Муҳиддинзода ба он гумонбар мешавад, ки ҳамроҳи Насризода Шукрулло, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, Искандар Шафеиён, мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати шаҳри Исфара ва Шокир Холиқов, директори КВД “Лоиҳакаш”-и ин шаҳр ба чанд нафар ғайриқонунӣ замин фурӯхтааст.
Сафар Салимзода, дар шарҳи ҳодиса гуфт, Муҳаммад Муҳиддинзода, Шукрулло Насризода, Искандар Шафеиён ва Шокир Холиқов “бо истифода аз мақоми хизматӣ давоми моҳҳои сентябр - октябри соли 2021 аз ҳисоби заминҳои ба ҶДММ “Файзи Навгилем” барои сохтмони боғчаи бачагона, бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, нонвойхона ва манзилҳои истиқоматии дорои ҳавлидор ҷудогардида, ғайриқонунӣ ба 11 шаҳрванд, ба ҳар кадоме 0,04 га қитъаи замин ҷудо карда додаанд”.

Ӯ гуфт, дар робита ба ин, нисбати онҳо барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин (моддаи 338) ва сохтакории хизматӣ (моддаи 323) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, Додгоҳи шаҳри Исфара 28-уми ноябри соли 2024 Муҳаммад Муҳиддинзодаро барои пардохти 24 ҳазор сомонӣ ҷарима бидуни маҳрум шудан аз ишғоли мансабҳои муайян муваззаф кардааст.
Ҳамчунин, бо қарори додгоҳ, Шафеиён Искандар ҳам 24 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар ҳукумати маҳаллӣ барои 4 сол маҳрум гардидааст.
Додгоҳ қарор кардааст, ки Насризода Шукрулло 18 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт кунад, вале аз вазифааш маҳрум нашавад.
Холиқов Шокир бо қарори додгоҳ ба пардохти 15 ҳазор сомонӣ муваззаф шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар муддати ду сол маҳрум шудааст.

Ёдовар мешавем, ин бори аввал нест, ки мақомоти зиддифасоди кишвар аз боздошти мансабдорон барои фурӯши замин хабар медиҳанд. Қаблан, Оҷонсии зиддифасод собиқ раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Толиб Тоҳирро барои содир кардани силсилақаллобиҳо ва сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ гунаҳгор дониста, аз ҳаққи кор дар вазифаи давлатӣ маҳрум карда буд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта аз ҷониби Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд 427 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст. Аз ин шумора барои гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор (моддаи 319 Кодекси ҷиноятӣ) 8 ҳолат сабт шуда, нисбати 9 нафар парванда боз гардидааст.
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста