Хадамоти гумрук интиқоли ғайриқонунии 6 ҳазору 490 қуттӣ маҳсулоти тамоку, ки арзиши умумиашон 137 ҳазор сомониро ташкил медод, ошкор кардааст.

Дар ин бора 19-уми феврал ин ниҳод иттилоъ дода, навиштааст, аз мошини Х.С, сокини Душанбе 6 навъи тамоку, аз ҷумла 1990 қуттӣ навъи “Winston”, 500 қуттӣ “Parliament”, 400 қуттӣ “Тегеа”, 100 қуттӣ “Sobranie”, 500 қуттӣ “Marlboro” ва 3 ҳазор қуттӣ “Heets” дарёфт гардидааст.

Хадамот менависад, тамокуи мусодирагардида тариқи қочоқ ва бидуни тамғаи эксизӣ бо мақсади фурӯш ба шаҳри Душанбе ворид карда шудааст.

Ба навиштаи ин ниҳод, “нархи як қуттӣ маҳсулоти тамокуи навъи “Winston” 23 сомонӣ, “Parliament” 16 сомонӣ, “Тегеа” 17 сомонӣ, “Marlboro” 15 сомонӣ ва “Heets” 23 сомониро ташкил медиҳад”.

Нисбати Х.С. барои “соҳибкории ғайриқонунӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил” (қисми 2-и моддаи 259-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда боз шудааст. Аммо хадамот дар хусуси дастгир гардидани шарикони ин шахс иттилоъ надодааст.

Ин банди қонун ҷарима ба миқдори аз 41 ҳазору 25 сомонӣ то 68 ҳазору 400 сомонӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол бо ҷарима ба андозаи то 37 ҳазору 500 сомониро пешбинӣ мекунад.


Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки дар ҳудуди кишвар интиқоли маҳсулот ба таври қочоқ ошкор мешавад. Ба гузориши Хадамоти гумрук дар соли 2024-ум 244 ҳолати интиқоли ғайриқонунии молҳои зераксизӣ, аз ҷумла 91 ҳолат вобаста ба маҳсулоти тамоку, 82 ҳолати маҳсулоти спиртӣ, 2 ҳолати маснуоти заргарӣ ва 69 ҳолати дигар молҳои зераксизӣ, аз ҷумла нӯшокиҳои қувватбахш ва газнок, воситаи нақлиёти сабукрав ва чархҳои резинӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.