Ҷудокорони Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалии Tashkent Grand Slam-2025 (Тоскулоҳи бузург), ки аз 28 феврал то 2 март дар шаҳри Тошканд - пойтахти Ӯзбекистон доир мегардад, иштирок мекунанд.
Тавре ки Федератсияи байнулмилалии ҷудо хабар медиҳад, айни замон барои иштирок дар мусобиқаи силсилаи Тоскулоҳи бузург 246 гӯштингир аз 23 кишвар номнавис шуда, дар назар аст, ки ҳамагӣ дар толор ҷудокорони 5 қитъа қувваозмоӣ мекунанд.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Меҳрзод Сӯфиев, Ҳақдод Гулов (60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ, Умар Шеров (66 кг), Муҳиддин Асадуллоев, Абӯбакр Шеров (73 кг), Суннатулло Мӯсоев, Муҳаммад Юсуфзода (81 кг), Умед Раҷабов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (100 кг), Мансур Раҳмон (+100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Мадина Қурбонзода (52 кг), Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).

Ҳаҷми умумии мукофотпулии ин мусобиқаи Тоскулоҳи бузург 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолибони ҳамаи 14 вазн (7 байни мардон ва 7 - занон) 5 ҳазор евро, ба дорандагони медалҳои нуқра - 3 ҳазор евро ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ - 1500 евро мукофотпулӣ тақдим мешавад. Ҳамчунин иштирокчиёни ин мусобиқаи пурнуфуз соҳиби имтиёзҳо дар радабандиҳои ҷаҳонӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки мунтахаби Тоҷикистон имсол бори аввал дар мусобиқаи бузурги байнулмилалии ҷудо дар шаҳри Боку иштирок карда, ду медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон байни 36 кишвар зинаи 12-умро касб кард.