Мақомоти милитсияи Суғд занеро боздошт кардаанд, ки ба куштори як кӯдаки 11-моҳа, ки дар нигоҳубинаш буд, гумонбар мешавад. Дар  ин бора Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”  иттилоъ додааст.

Манбаъ, аз гумонбар Дилафруз Дадаҷоноваи 44-сола ном бурда, гуфтааст, “ҳодисаи марги кӯдак 8-уми окятбри соли 2024 дар маҳҳаллаи Чашма содир ва ҳамчун марги табиӣ саҳнасозӣ шудааст”.

Дар барнома гуфта мешавад, ки модари кӯдак (аз ӯ ном бурда намешавад-муаллиф) ва Дилафрӯз Дадаҷонова дар як хона иҷорашин будаанд ва рӯзи ҳодиса низ кӯдак фарзандашро барои нигоҳубин ба Дадаҷонова вогузор мекунад.

Тавре дар гузориш омадааст, кӯдак гирифтори бемории “илтиҳоби авитаминози  кариаяи хурди чашмон” буда, таҳти табобату назорати духтурон қарор доштааст.

“Аммо 8-уми октябр ҳангоми хӯрокхурӣ гиря кардани кӯдак дояро асабӣ ва нороҳат мекунад. Дилафрӯз Дадаҷонова тифлро ба болои рахти хоб ҳаво медиҳад, ки дар натиҷа, кӯдаки 11 моҳа бо шикам афтода, аз нафастангӣ ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар гузориш.

Манбаъ мегӯяд, Дилафрӯз Дадаҷонова “барои аз чашми мақомот пинҳон мондани кирдори ҷиноятияш ҷасадро ба хок супурдааст”.

Дертар Дилафрӯз Дадавонова аз сӯи мақомот бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир ва нисбаташ  бо  қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуд шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунд.

Назари худи Дилафрӯз Дадаҷонова, вакили дифоъ ва пайвандлону наздикони ӯ дар робита ба ин ҳодиса амаълум нест.  

Ҳодиса аз дасти доя озор дидани кӯдакон ва марги онҳо дар Суғд бори аввал нест.

Соли 2024  милитсияи Суғд Мафтуна Аҳмадҷоноваи 47-ро, ки  дояи кӯдаки 2 сола буд ва ӯро озору шиканҷаи шадид мекард, боздошт намуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.