Дар тасаввури ман, Баҳром Сироҷев шабеҳи ахтар аст, ахтаре дурахшон ва баланд дар фазои зиндагӣ. Ӯ шахсиятест, ки на танҳо чун роҳбари собиқи низоми энергетикии кишвар, яъне дар кору фаъолият, балки ҳамчун инсон дар зиндагиву рӯзгор низ ба қуллаи баландтарини умр расидааст, бо зиндагии худ исбот намудааст, ки инсон қодир аст ҳамаи мушкилоти зиндагиро осон намояд. Ӯ зиндагии орому ширин дорад, чунки тавонистааст онро орому ширин намояд ва ҳанӯз ҳам, вақте рӯзи 3-юми марти соли 2025 синни муборакаш ба 85 мерасад, кор мекунаду ба ҷомеа, ба Тоҷикистон манфиат меорад.
Бо меҳнат, бо мушкилнописандӣ ҳар чизе мехост, ба даст овард ва бо низом зиндагӣ дорад. Ҳама вақт тартибу низом ҳамсафари ҳаёти Баҳром Сироҷев буд ва ҳама вақт ҳаёташ шоиста буд.
Солҳое буданд, ки низоми зиндагӣ вайрон буд, Ҷанги Бузурги Ватанӣ падари Баҳромро, вақте ӯ ҳамагӣ ду сол дошт, ба комаш кашид. Модар бо се тифли хурдсол танҳо монданд. Вале ин душворӣ оилаи онҳоро тифоқтар намуд ва онҳо низоми зиндагиро аз даст надоданд.
Зиндагӣ маҷбур кард модарро, ки касби чевариро бидуни ягон устод, тез аз худ кунад. Ҳанӯз вақти дар Тошкент хонданаш, падари хонавода ба ҳамсараш мошинаи дӯзандагии немисии “Зингер” оварда будаанд. Модар дарҳол “забон”-и мошинаро аз худ карду чевариро омӯхт. Ӯ аввал барои фарзандони худ ва хешу ҳамсояҳо шиму курта ва фуфайка медӯхт. Он вақтҳо фуфайкапӯшӣ расм шуда буд. Баъдтар модар ба дӯхтани шими галифею гимнастёркаи “сталинӣ”, ки он замон мардон ҳавас мекарданд, ки ба монанди Сталин либос пӯшанд, машғул шуд.
Ҳамин тариқ, талабот ба сару либоси дӯхтаи модар меафзуд ва ашёи хом зиёдтар лозим мешуд. Дар ин ҳангом се фарзандаш низ касби бобои модариро пеш бурда, бо истифода аз асбобҳои аз ӯ монда, косибиро интихоб карда, мӯзачаҳои бачагона дӯхтанро ёд гирифтанд. Дар раванди ин амалҳо, кори Баҳром, ки аз ҳама хурдӣ буд, дар аввал ба ӯ рост намудани мехчаҳои қолибро бовар мекарданд.
Ӯ шод буд, ки дар зиндагӣ ва таъминоти оила саҳм мегузорад. Баъд ба ӯ равандҳои дигари масъулиятноктари тайёр кардани мӯзачаҳоро бовар карданд. Баъди се-чор сол, дар дувоздаҳсолагияш аллакай тайёр кардани мӯзачаи кӯдаконаро пурра аз худ кард. Онҳо, акаву додаракон барои вақтхушӣ, дар ҳолати иҷро кардани кор, суруд мехонданд. Сурудхонӣ, ҳоло ҳам дар ёд дорад Баҳром Сирҷев, ҳам корро метезонду ҳам ботини онҳоро шод мекард. Вақте суруд мехонед, чи тавр гузаштани вақтро ҳис намекунед.
Баҳром Сироҷев имрӯз ба ёд меоварад, ки аз овони косибии худ ду сабақи бузург гирифтааст. Нахуст – парҳез аз саросемагӣ. Барои шакли қолибро гирифтани соқи бар рӯи он кашида, вақт даркор ва барои он, ки корат хом набарояд, бояд сабр кард. Дар зиндагӣ низ ҳамин тавр аст; сабру таҳаммул ҳар корро мукаммал менамояд.

Дуввумин сабақи ӯ зиндагии ҳалол аст. Боре воқеае рӯй дод…
Модар барои харидани 10 метр матое, ки барои дӯхтани шими галифеӣ ва фуфайка лозим буд, ба дасти писари калонӣ - Хайрулло пул дода, Баҳромро бо ӯ ҳамроҳ намуда, ба мағоза равон кард. Онҳо аз фурӯшанда - амаки Усмон 10 метр матои даркориро харида, бақияи пулро гирифта, ба хона омаданд. Модар як маротиба матоъро чен карду бақияи пулро се маротиба шуморид. Бачаҳо аз ин кори модарашон ҳайрон монданд, ҳатто андак ташвиш кашиданд. Сипас модар ба ҳар дуи онҳо муроҷиат карда гуфт, ки фурӯшанда ёздаҳ сӯм кам пул гирифтааст. Баъд фармуд, ки ҳатман, ҳозир ҳардуятон ин ёздаҳ сӯмро ба фурӯшанда бурда расонед.
Дар мағоза амаки Усмон маблағро боз як маротибаи дигар ҳисоб кард. Гапи модар дуруст баромад. Ӯ рӯ ба қибла карду дуо дод:
- Илоҳо хока гиред, зар шавад, ба тарбиятгаратон раҳмат.
Чеҳраи хушнуди амаки Усмон дар хотироти Баҳроми хурдсол як умр нақш баст ва ӯ барои тамоми умр дарси ибрат гирифт, ки ҳаққи дигаронро хӯрдан мумкин нест; он ҳаром аст.
Давоми зиндагии Баҳром Сироҷев низ саҳлу осон набуд. Ақлу фаросати фитрӣ ва аз зиндагии имрӯза самимона сабақ гирифтан фардои ӯро ҳамвор менамуд.
Соли 1955 модар аз дунё гузашт ва аҳли оила бесаробон монд. Ҳамон сол пайвандон, махсусан амаки калонӣ Мухтор Бақоев, ки чун чорводори маъруф буд ва дар ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси директори муассиса кор мекард, саробонии фарзандони ятими кул мондаи додарашонро ба ӯҳда гирифт. Мухтор Бақоев ба Уротеппа (имрӯза Истаравшан) омад, бо аҳли авлод маслиҳат кард, розигии Хайруллову Баҳромро гирифт (он вақт бародари сеюм Ёқуб дар хидмати артиш буд) ва онҳо болои мошини боркаш роҳ пеш гирифтанд ба сӯи Шаҳринав.

Дар Шаҳринав таҳсилашро аз синфи 9 дар мактаби миёнаи №1 ба номи Островский идома дод ва мактаби миёнаро бо медали нуқра хатм кард. Соли 1963 факултети энергетикаи Донишкадаи политехникии ба номи Калинини шаҳри Ленинградро хатм намуда, ба Тоҷикистон баргашт ва дар шуъбаи энергетикаи АИ РСС Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатияш оғоз намуд.
Дертар ба истеҳсолот гузашт ва солҳои 1963-1965 ба ҳайси сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ (шаҳри Қурғонтеппа) ифои вазифа намуд, вале кори илмиро низ тарк накард. Ҳамин тариқ, дар фаъолияти корӣ то нуқтаи баландтарин – роҳбари Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” ва дар ҷодаи илм то сатҳи академики Академияи байналмилалии муҳандисӣ ва академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид.
Академик Баҳром Сироҷев аз илм як қадам дур нашуда, назарияро дар ҳар рӯзи фаъолият бо амалия пайваст намудааст. Ӯ 38 соли ҳаёташро ба ширкати “Барқи тоҷик” бахшида, тӯли солҳои дароз раиси ин ширкати бонуфуз буд.
Вақте ҳанӯз муовини раиси ширкат буд, пешниҳод намуд, ки барои аҳолии ВМКБ, ки шароити зиндагонияшон душвор аст, нархи як киловатт соат қиммат аст. Ин таклифи худро то охир ҳимоя намуд ва вақте ба қабули референти Раиси Совети Вазирони СССР медаромад, бо касе мувофиқа накарда, ноҳияҳои Файзобод, Комсомолобод, Ғарм ва Ҷиргатолро низ ба рӯйхат даровард. Бо ташаббуси ӯ нархи барқ дар ин минтақаи калони кишвар аз чор тин ба як тин фуроварда шуд.
Дар солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва то охир соли 2000 - ум нигоҳ доштан ва такаммул додани системаи энергетикӣ бо ташаббуси Баҳром Сироҷев низоми энергетикии мо аз фалаҷ шудан нигоҳ эмин монд. Бо назардошти ин, ҳатто Ширкати “Барки тоҷик” медали тиллоии “Сифат ва бартарӣ” мукофотонида шуд. Ҷоиза моҳи ноябри соли 2000-ум дар шаҳри Женева ба раиси ширкат супурда шуд.
Ҳамчун олим, баробари дигар тадқиқотҳо, аввалин 250 адад плитаҳои барқиро ворид намуда, аҳамияти плитаҳои барқӣ, обгармкунакҳои барқӣ ва гарм кардани макони зист тавассути барқро дар мисоли совхоз-техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Қурғонтеппа таҳқиқ ва исбот намудааст.
Баҳром Сироҷев ҳоло ҳам фаъолияташро дар соҳаи энергетика ба ҳайси машваратгари бунёди Нерӯгоҳи “Роғун” идома дода истодааст.
Хидматҳои Баҳром Сироҷев аз тарафи давлат ва ҷомеа қадр шудаанд. Ӯ ду маротиба (солҳои 1967 ва 1990) сазовори унвони «Аълочии энергетика ва электриконии СССР», ду маротиба (солҳои 1971 ва 1981) бо Ордени «Нишони фахрӣ», соли 1981 ба муносибати ба кор андохтани. агрегатҳои неруугоҳи Норак бо Грамотаи фахрии Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофонида шудааст. Баҳром Сироҷев соли 1998 сазовори унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардидааст. Ӯ ду маротиба дар съездҳои партияи Коммунистии Тоҷикистон (соли 1986 ва соли1991) аъзои Комитети Марказӣ интихоб шудааст. Дар интихоботҳои даъвати понздаҳум ва шонздаҳум аз ҳавзаҳои интихоботии Ванҷ ва Норак Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.
Аз ҳама ҷолибаш, ба гумони ман он аст, ки ӯ академики он академияе мебошад, ки зиндагӣ ном дорад. Дар зиндагии худ исбот намудааст, ки бо меҳнат, бо истифодаи пурраи ақлу заковати умр ба сар бурдан тамоми мушкилоти инсонро осон менамояд. Бояд оҳиста-оҳиста, бафурҷа боло баромад.
Имрӯз Баҳром Сироҷев шабеҳи ахтари хеле баланду болост ва аз фарози зиндагӣ хеле муниру дурахшон менамояд. Мо ба ӯ менигарему ба зиндагӣ дилгарм мешавем, ҳаёт дар назарамон ширину гуворо менамояд. Мо ба ӯ менигарему сабақ мегирем.
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?
Мақомоти Душанбе савдогаронеро, ки нархи маҳсулотро баланд мекунанд, ҷазо медиҳад
Кадом беморон беҳтараш рӯза надоранд ва чӣ гуна бемориҳо метавонанд ҳангоми рӯза шиддат ёбанд?
Роҳи Душанбе-Чаноқ дубора боз шуд, вале хатари тармафароӣ боқӣ мондааст
Оғози тахриби чойхонаи “Роҳат” дар Душанбе. Сокинон барои нигоҳ доштани он имзо ҷамъ мекунанд
ҲХДТ ғолиб эълон шуд, коммунистон бидуни курсӣ монданд. Натиҷаи аввалияи интихоботи парлумонӣ эълон гардид
Ҷудокорони тоҷик аз Тошканд дасти холӣ бармегарданд
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста