Дар бораи дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон воқеъ будани пистазорҳо ва то куҷо фоидаовар будани машғул шудан ба парвариши писта маълумот медиҳем.

Реша не, балки як пойгоҳи обкашии чуқур

Дарахтҳои писта дар заминҳои санглох ва камғизо мерӯянд. Онҳо нурҳои офтобро дӯст дошта, ба хушксолӣ ва сармоҳои сахт низ тобоваранд. Барои зинда мондан дар чунин шароити душво ба онҳо системаи қавии решаҳояшон ёрӣ мерасонад, ки  то 15-20 метр ба зери замин меравад.

Дарахтони писта метавонанд то 5 метр ва дар баъзан маврид, ки хеле кам дучор мешаванд, то 10 метр қад кашанд.

Дарахтони писта дар Тоҷикистон

Сохтори инкишофёфтаи решаҳо аз ду қабат иборат аст: як қабат обро аз рӯйи замин ҷамъ карда, вақте ки захираҳои намӣ тамом мешаванд, “пойгоҳҳои обкашӣ”-и" ё худ қабати поёни решаҳо фаъол мешавад.

Сохтори решаҳо то 25-40 метр масоҳати заминро фаро гирифта, то 12-15 метр ба ҷуқурии замин фурӯ меравад.

Дарахтони писта на бо шохаҳо, балки бо решаҳо ба ҳамдигар пайваст мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо бояд дар фосилаи 5 метр ва ё бештар аз он шинонида шаванд.

Дарахте, ки танҳоиро дӯст медорад

Дар табиат онҳо қариб ҳамеша танҳо мерӯянд. Ҷангалҳои табиии писта хеле кам дучор меоянд. Шукуфтани муғчаҳои дарахтон дар моҳи апрел ва дар баъзе минтақаҳо - моҳи март оғоз меёбад.

Сурат аз манбаъҳои боз

Онҳо ҳам дар бутта ва ҳам дар дарахтон ҳосил дода, баъзе дарахтон метавонанд ҳамешасабз бошанд. Барги баъзе навъҳои дарахтон мерезанд.

Лекин сарфи назар аз навъ, ҳамаи онҳо ба як оила - Сумахҳо (ё Анакардҳо) мансубанд. Аз рӯи хусусиятҳои биологӣ, хеши наздикарини писта манго мебошад.

Пистазор дар Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

Писта дар куҷо парвариш меёбад?

Дар саросари ҷаҳон ҳамасола аз 1 то 2 млн тонна ҳосили писта гирифта мешавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳаҷми истеҳсоли зиёда аз 400 ҳазор тонна бузургтарин истеҳсолкунанаи писта дар ҷаҳон мебошад.

Дар Эрон давоми як сол беш аз 350 ҳазор тонна писта истеҳсол мешавад.

1/7

Дар зинаи сеюм оид ба истеҳсоли писта Туркия (ҳудуди 200 ҳазор тонна) қарор дорад.

Дар қатори исетҳсолкунандагон ва содиркунандагони писта ҳамчунин Чин, Юнон, Сурия, Италия ва дигар кишварҳо низ номбар мешаванд.

Ҳамсоякишварҳои мо - Афғонистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Туркманистон дар як сол то 2 ҳазор тонна пистаро ба хориҷи кишвар содир мекунанд.

Тиҷорати писта

Бунёди пистазор сармоягузории ояндадор аст, зеро дарахтони он тӯли 400 соли оянда мева медиҳанд.

Бар асоси омор, дар Тоҷикистон писта дар майдони тақрибан 80 ҳазор гектар парвариш мешавад. Вале маълумот дар бораи ҳосили писта дар Тоҷикистон дар омори ҷаҳонӣ нест, зеро он асосан дар хоҷагиҳои ҷангал парвариш меёбад, яъне дар шакли табиӣ. Пистазорҳои ҳақиқии фермерон дар ҷумҳурӣ вуҷуд надоранд.

Аз ин рӯ, ба ақидаи мутахассисон, дар Тоҷикистон барои парвариши он имконоти хеле зиёд ҳаст.

Акси марбута аз манбаъҳои боз

Парвариши писта аз лиҳози иқтисодӣ метавонад хеле фоидаовар бошад. Гап сари он аст, ки дарахта писта зироати ба хушксолӣ тобовар буда, сохтори қавии решаҳояш хокро аз шусташавӣ ва бодхӯрӣ (эрозия) муҳофизат мекунад.

Мувофиқи ҳисобу китоби иқтисодчиён, фоида аз парвариши писта метавонад 28 баробар зиёдтар аз парвариши нахӯд, 9 баробар зиёдтар - аз парвариши зироати полезӣ ва 50 баробар зиёдтар - аз парвариши гандум бошад.

Маълумоти гуногун дар бораи писта

Дар саросари ҷаҳон ҳудуди 90 навъи пистаҳои эронӣ мавҷуданд, ки аз якдигар бо шакл, андоза ва дигар хусусиятҳо фарқ мекунанд

Ватани писта Эрон ва минтақаи Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Дар замонҳои қадим пистаро дар Эрон ба сифати асъор (пул) истифода мебурданд.

Дар ИМА, Туркия ва Испания барои писта ҳайкалҳо сохта шудааст. Дар маросими тақдими ҷоизаи Нобел барои гирандагони он писта ва нӯшокии шампанский пешниҳод мешавад.

Намуна дар Эрон
Сурат аз манбаъҳои боз

Ба ақидаи таърихшинос ва муфасири ислом Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ писта ҳанӯз  аз замони пайдоиши аввалин одамҳо маълум буд:

 «Мегӯянд, ки ҳангоми фуруд омадани Ҳазрати Одам (а) ба Замин, Худо ба ӯ 30 навъи хӯрок дод: 10 навъи меваи пӯстдор, 10 навъи меваи донакдор, 10 навъи меваи бетухм. Чормағз, бодом ва писта ба гурӯҳи аввал шомиланд».

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.