Натиҷаи интихоботи  парлумонии Тоҷикистон, ки дирӯз, 2-юми март баргузор шуд, эълон гардид. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе, дар ҳузури аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, даъвогарони курсиҳои порлумонӣ, нозирони байналмилалӣ ва рӯзноманигорон натиҷаи интихоботро эълон кард.

Пирӯзии ҲХДТ ва шикасти ҲКТ

Раиси КМИР зикр кард, ки дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории ҳизбҳо ба тариқи зайл овоз доданд:

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 12 курсӣ (2 миллиону 435 ҳазору 541 нафар - 51,9 дарсад);

Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 5 курсӣ, (986 ҳазору 887 нафар - 21 дарсад)

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 3 курсӣ (595 ҳазору 281 нафар - 12,7 дарсад);

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 1 курсӣ (248 ҳазору 64 нафар - 5,3 дарсад);

Ҳизби демократии Тоҷикистон – 1 курсӣ (237 ҳазору 563 нафар - 5,1 дарсад);

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – 0 курсӣ (89 ҳазору 738 нафар - 1,9 фоиз);

Ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоиз овоз додаанд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бидуни курсӣ дар парлумон монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.