Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста шудан дигарбора барои ҳаракати мошинҳо аз ҳарду самт боз шудааст. Вале хатари фаромадани тарма то ҳол боқӣ мондааст. Дар ин бора ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини ин роҳ хабар медиҳад.   

Вале ба гуфтаи ин ширкат, танҳо баъди чанд дақиқаи иҷозат додани ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боз 4 тармаи хурду миёна фаромад, ки кормандони он бартараф кардаанд. 

“Ҳоло ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт оғоз гардид. Ҳамзамон, ҳушдор медиҳем, ки ҳангоми ҳаракат бодиққат бошанд, зеро хавфи тармафароӣ ҳоло ҳам мавҷуд аст”, - омадааст дар хабар.

Чанд соат қабл, ширкати IRS гуфта буд, ки шаби 2 ба 3-юми март дар ин масир  13 тармаи хурду калон фаромада, боиси баста шудани роҳ гардид. Дар натиҷа 7 мошин зери тарма мондааст.

“Бо кӯмаки кормандони мо 7 мошин аз тарма раҳо гардид, хушбахтона,  талафоти ҷонӣ нест. Ҷоиз ба зикр аст,  ки баландии барф дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур ба 60 сантиметр расидааст”, - хабар дода буд ин ширкат.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал дар километри 80-уми роҳи Душанбе-Чаноқ як мошини тамғаи “Mercedes Benz” зери тарма монда, дар натиҷа ронанда фавтида буд. Ҷасади ронанда як рӯз баъд, 27-уми феврал аз дохили мошин берун оварда шуд.

Гуфта мешавад, ки ронандаи мошин Шӯҳрат Муминов, сокини 38-солаи деҳаи Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб буда дар воситаи нақлиёт танҳо будааст.

Бояд гуфт, роҳи Душанбе-Чаноқ ягона масир аст, ки маркази кишварро бо шимоли он мепайвандад. Ин роҳи кӯҳӣ буда, ҳамасола дар натиҷаи боришоти зиёди барф ва фаромадани тарма соатҳо ва ҳатто рӯзҳо баста шуда, дар баъзе ҳолатҳо фаромадани тарма боиси марги ронандаҳо ва мусофирон мешавад. Масъули нигоҳубини ин роҳ ширкати “IRS” буда, бар ивази нигоҳубини роҳ аз ҳар як мошин маблағи муайян меситонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.