Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) бо нашри як баёния гуфт, ба далели “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш барои арзёбии интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар 2-юми марти соли 2025 нозиронашро намефиристад.

Дар Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИР) аз шарҳи ин изҳороти САҲА худдорӣ карданд. Коршиносон мегӯянд, ҳузур ё адами нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон ба раванди интихобот таъсир намерасонад.

 

“Кафолат надоданд”

Ин созмон нақша доштааст, ки барои назорати шаффофияти интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон 20 нозири дарозмуддат ва 150 нозири кӯтоҳмуддат равон кунад, вале ҳоло аз ин кор худдорӣ кардааст.

Нозирони дарозмуддат – нозироне мебошанд, ки муддати тӯлонӣ пеш аз интихобот вориди кишвар мешаванд ва тамоми марҳилаҳои омодагӣ, раванди пешазинтихоботӣ, овоздиҳӣ ва шумориши овозҳоро назорат мекунанд. Нозирони кӯтоҳмуддат – нозироне ҳастанд, ки танҳо дар рӯзҳои наздик ба интихобот ё дар рӯзи овоздиҳӣ ҳузур доранд ва раванди онро дар участкаҳои интихоботӣ назорат мекунанд.

Нозирони САҲА дар яке аз интихобтҳои Тоҷикистон
Хабаргузории "Озодагон"

Ҳарду гурӯҳ барои таъмини шаффофият ва қонунмандии интихобот нақши муҳим доранд.

 “Мо сидқан афсӯс мехӯрем, ки мушоҳидаи интихоботи ояндаи парлумонӣ дар Тоҷикистон акнун имконнопазир аст. Набудани кафолатҳои расмӣ барои кори нозирони мо то як моҳ пеш аз рӯзи интихобот моро маҷбур сохт, ки аз назорат даст кашем”, - гуфт Мария Телалян, роҳбари Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА рӯзи 4-уми феврал.

Дар КМИР-и Тоҷикистон аз шарҳи ин изҳороти намояндаи САҲА худдорӣ карданд.

 

Ҳузур ё адами нозирони САҲА чизеро тағйир намедиҳад?

Коришиносони тоҷик ба камрангии ҳузури нозирони САҲА дар раванди интихобот ишора карда, мегӯянд, иштирок кардан ё накардани онҳо ба ҷараёни интихобот таъсир намерасонад.

Профессор Иброҳим Усмонов, вакили пешини парлумон мегӯяд, “беҳтар мебуд, агар нозирони САҲА меомаданд ва назорат мекарданд, аммо адами назорати нозирони ин созмон дар ҷараёни интихобот таъсир намерасонад ва интихобот баргузор мешавад”.

Иброҳим Усмонов
Акс аз сомонаи mediacouncil.tj

“Интихобот кори ҳар кишвар аст ва ташкилотҳои байналхалқӣ мехоҳанд бинанд, ки ин кишвар оё воқеан ба ҳадде расидааст, ки мустақилона интихоботро баргузор кунад ё на. Дар асоси ин мушоҳида хулоса бароварда, барои беҳтар шудани вазъият маслиҳат медиҳанд”, - гуфт И.Усмонов.

Ӯ ба интихоботҳои пешини Тоҷикистон ишора карда, таъкид менамояд, ки новобаста ба иштирок кардан ё накардани созмонҳои нозири байналхалқӣ, онҳо баргузор шуданд.

Сайфулло Сафаров, роҳбари Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон ва собиқ муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, “будан ё набудани нозирони САҲА дар интихоботи Тоҷикистон ягон таъсир намерасонад”.

“Агар бошанд ҳам, танҳо назорат мекунанд ва ба раванди интихобот дахолат карда наметавонанд. Танҳо худамон метавонем, ки интихоботро шаффоф ё ношаффоф гузаронем”, - зикр мекунад Сайфулло Сафаров.

Ӯ мегӯяд, “аслан зарур нест, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ягон созмони байналмилалӣ назорат кунад, зеро дар кишвар ҳизбҳои сиёсии мухолиф ҳастанд, ки ҷараёни интихоботро назорат мекунанд”.

Сайфулло Сафаров
Акс аз Asia-Plus

 

Собиқаи назорати интихоботҳои Тоҷикистон аз сӯйи нозирони САҲА

Бояд гуфт, ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1995 аз нозирони САҲА даъват мекунад то интихоботҳои порлумонӣ ва президентиашро назорат кунанд. Дар муддати 30 сол ин созмон ҳашт интихоботи Тоҷикистонро назорат кардааст.

Нозирони ин созмон чунин хулоса карда буданд, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои байнулмилалӣ ва демокративу шаффоф баргузор нашуданд. Он чӣ, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша рад кардаанд.

Ин созмон барои ислоҳ ва тағйири вазъ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои худро ироа кардааст, аммо дар як гузориш таъкид намуд, ки ҳеҷ як аз пешниҳоду тавсияҳояш ба назар гирифта нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ҳар 5 сол як маротиба баргузор мегардад. Интихоботи навбатӣ 2-юми марти соли 2025 дар назар аст.

То ҳол ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд. Ҳоло давраи сабти ном ба охир расида, аз ҳафтаи дигар таблиғи номзадҳо оғоз мешавад. 

Парлумони Тоҷикистон аз 63 курсӣ иборат аст, ки 47 курсӣ дар ихтиёри ҲХДТ қарор дорад. Ҳизби аграрӣ 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 5 курсӣ, Ҳизби коммунистӣ ду намоянда ва Ҳизби сотсиалистӣ як курсӣ дорад.

Ягона намояндаи Ҳизби демократӣ раиси он Саидҷафар Усмонзода буд, ки тобистони соли гузашта бо иттиҳоми “талош барои табадуллоти давлатӣ" боздошт ва рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд.

ҲСДТ, ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолиф шинохта мешуд, дар парлумон ҳеҷ гоҳ курсӣ надошт.

Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.