Дар баробари чанд расонаи дигар хабаргузории “Азия-Плюс” ҳам имсол ҳаққи пӯшиши интихоботи парлумонии Тоҷикистонро, ки рӯзи 2-юми март баргузор мешавад, надорад. Аз КМИРТ гуфтанд, барои бозтоби интихобот парвона ё иҷозатнома дарёфт бояд кард. Дар ҳоле ки қонун ва ҳуқуқдонҳо мегӯянд, фаъолияти ин ниҳод барои расонаҳо дастрас бошад.
“Азия-Плюс” нимаҳои моҳи феврали соли равон барои дарёфти иттилоъ ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) муроҷиат кард, вале аз ин ниҳод гуфтанд, ки “шумо ҳаққи инъикоси интихоботро надоред, чунки барои дарёфти парвона ба ин ниҳод муроҷиат накардаед”. Ҳамин тариқ, ин ниҳод ба “Азия-Плюс” иттилоъ намедиҳад ва барои дарёфти он тавсия медиҳад, ки ба расонаҳои сабтиномшуда муроҷиат кунем.
Аз ин ниҳод гуфтанд, мӯҳлати охирини гирифтани иҷозатнома ё парвона 10-уми феврал муайян гардида буд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ тартиб ва муҳлати гирифтани иҷозатнома бояд пешакӣ эълон мешуд. Аммо ин эълон танҳо дар як гӯшаи ноаёни сомонаи КМИР нашр шуда, расонаҳо расман огоҳ нашуда буданд.
Дар баробари “Азия-Плюс” чанд расонаи байналмилалӣ, аз ҷумла Радиои Озодӣ ва “Би Би Си” низ аз бозтоби интихобот маҳрум шудаанд. Ба ин ду расона ҳам гуфтаанд, ки “бо сабаби муроҷиати дер, парвонаи кор дастрас намешавад”.
КМИР ба ин расонаҳо ҳам тавсия додааст, ки “маълумоти мавриди таваҷҷуҳро метавонед аз сомонаи Комиссияи марказии интихобот ва расонаҳое, ки аккредитатсия шудаанд, дастрас намоед”.
Хуршеди Атовулло, мудири Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки ҳафтаномаи “Фараж” дар ихтиёраш аст, гуфт, ҳоло ин расона имкони бозтоби интихоботро надоранд ва аз ин рӯ, барои гирифтани парвона муроҷиат накарданд. Онҳо маълумотро аз сомонаҳои расмии вобаста ба интихобот мегиранд
Тибқи иттилои дастрас танҳо чанд расонаи ҳукуматӣ барои бозтоби интихоботи парлумонӣ сабти ном шудаанду халос.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ Комиссия бояд фаъолияти худро ба таври шаффоф амалӣ намояд ва ҷаласаҳои он ошкоро гузаронида шуда, барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма дастрас бошанд (моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон”).
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ин маъракаҳо барои ВАО бояд тариқи тартиби огоҳномавӣ сурат гирад, на иҷозатномавӣ.
Мувофиқи қонуни нави низоми иҷозатномадиҳӣ (аз 30 июни 2023) КМИР ба ВАО бояд як бор шаҳодатнома барои инъикоси раванди интихобот диҳат ва он бемӯҳлат аст. Ин шаҳодатнома бояд то барҳам хӯрдани фаъолияти ВАО эътибори қонунӣ дошта бошад. Тибқи он минбаъд дар тамоми маъракаҳои сиёсӣ расонаҳо имкони иштирок тариқи огоҳониданро доштаанд.
Имсол на танҳо расонаҳо, инчунин, бархе нозирони байналмилалӣ ҳам аз ҳаққи назорати интихобот маҳрум шуданд. Аз ҷумла, Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА, ки қаблан интихобтҳои Тоҷикистонро назорат мекард, эълон кард, ки барои назорати интихоботи парлумонӣ ба Тоҷикистон нозирони худро намефиристад.
Ин созмон далели дасткашӣ аз назорати интихоботи парлумониро “набудани кафолат аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар бораи сабти ном ё аккредитатсияи нозирон”-аш унвон кард.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, гуфт САҲА ба сабаби вайрон кардани тартиби бақайдгирӣ сабти ном нашуданд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 2-юми март баргузор мешавад.
Ба ғайр аз Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар гузашта яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати кишвар гуфта мешуд, 6 ҳизби дигари сиёсӣ номзадҳои худро барои интихобот пешниҳод кардаанд.
Ҳоло 220 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ ва якмандатиҳо барои дарёфти 63 курсӣ дар парлумон талош мекунанд.
Ҳамаи ин ҳизбзҳо ошкору пинҳон аз ҳукумат ҷонибдорӣ мекунанд ва коршиносони мустақил мегӯянд, онҳо дар фазои сиёсии кишвар таъсири муассире гузошта наметавонанд.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста