Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" бори сеюм аст, ки ба муносибати зодрӯзи худ дар боғу маконҳои таърихии пойтахт иқдоми ниҳолшинонӣ мегузаронад. Ин дафъа кормандони расона дар Боғи ғалабаи пойтахт ниҳол шинониданд.
Имсол, ин иқдоми нек ба муносибати 29-солагии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” ва 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) бахшида шуд.
Шинонидани 29 бех ниҳоли сарв чун рамзи 29 соли фаъолияти беғараз ва пурсамари оҷонсӣ дар роҳи таъмини ҷомеа бо иттилои саҳеҳ ва дақиқ ҳам барои ҷовидона мондани ин санаи таърихӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист ва сарсабзии пойтахти кишвар сурат гирифт.
Се сол қабл, дар ҷашни 26-солагии худ гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар “Боғи ҷавонон” дар назди “шаҳраки донишҷӯён” ниҳол шинонида буд. Ниҳолҳои соли гузашта, ба муносибати 28-солагӣ шинонидани кормандони расона имрӯз саҳни Хона-музейи устод Садриддин Айниро зеб медиҳанд.

Расо 29 сол пеш, 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи таҳлилӣ-хабарии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” нашр шуд, ки минбаъд таҳкурсии ҳафтаномаи мустақил ва гурӯҳи расонаҳои бузургу ҳамқадами замон гардид.
Дар урфият мегӯянд, ки шахс дар ҳаёташ бояд се амалро ба анҷом расонад: хона созад, фарзанд ба воя расонад ва дарахт шинонад. Имрӯз хонаи “Азия-Плюс” побарҷост, фарзандонаш-дастпарваронаш дар тамоми гӯшаҳои олам кор мекунанд ва ниҳолҳояш дар авҷи сабзишанд.