Дар моҳи Рамазон реҷаи таъмини нерӯи барқ ба аҳолии кишвар тағйир ёфтааст. Ҳоло сокинон дар як шабонарӯз 8 соат барқ бояд гиранд. Субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва шом аз соати 17:00 то 21:30. Дар ин бора Дӯстмурод Тоиров, сардори Раёсати маркази диспетчерии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Номбурда эътироф кард, ки ин аз реҷаи муайянкардаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, ки бояд аҳолӣ дар як шабонарӯз 10 соат барқ таъин бошанд, камтар аст ва гуфт, ин реҷа аз нимаи дуюми моҳи феврал риоя намешавад.
Сабаби ин ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, “сардии ҳаво аст”.
“Бо сабаби сардии ҳаво давоми ду-се ҳафтаи охир реҷаи интиқоли барқ ба аҳолӣ то 6-соат кам гардид”, - эътироф кард ин масъули “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.
Вале гуфт, дар рообита ба моҳи Рамазон тасмим гирифтанд, ки реҷаи интиқоли барқро то 8 соат зиёд кунанд.

“Ба хотири имкони субҳонаву ифтор доштани сокинон соати интиқоли барқро зиёд кардем. Субҳ аз соати 3:30 то 7:30 ва бегоҳ аз соати 17:00 то 21:30 аҳолӣ бо барқ таъмин ҳастанд”, - гуфт Дӯстмурод Тоиров.
Имсол “лимит”-и барқ кай аз байн меравад?
Ин масъули “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба ин саволи мо посухи мушаххас надод ва гуфт, ин ба вазъи ҳаво вобаст аст.
Ӯ зикр кард, ки дар пайи боришоти барфу борони ду ҳафтаи охир сатҳи оби дарёи Вахш кам гардидааст.
“Воридшавии об аз ҳисоби боришоти борон, гарм шудани ҳаво дар дарёи Вахш зиёд, ки гардид, ҳатман маҳдудияти интиқоли барқро аз байн мебардорем. Ҳоло ба ҳисоби миёна ба ҳолати имрӯз, 3-юми март 22-23% сатҳи об кам аст. Барфҳое, ки дар доманакӯҳҳои Рашт боридаанд, ки оби онҳо ба дарё ворид мешавад, ҳоло об нашудаанд”, - гуфт Тоиров.
Ин масъули ширкати таъминкунандаи барқ дар кишвар гуфт, ҳоло дар бораи муҳлати лағви лимити барқ чизе гуфта наметавонад, вале кӯшиш мекунанд, “маҳдудияти интиқоли барқ марҳила ба марҳила бардошта шавад”.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур ҳамакнун аз оғози маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман хабар медиҳад.
Соли ҷорӣ аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.
Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.
Азсаргирии павози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?
Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд
Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд
Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд
Боздошти як марди 41-сола дар Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш дар Русия
Озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи маданӣ. Тоҷикистон дар сафи “бадтарин”-ҳо қарор гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 марти соли 2025
Аз парвариши писта дар Тоҷикистон метавон рӯзгори хонаводаро таъмин кард?
“Анора” беҳтарин филм эътироф шуд. Ҷоизадорони имсолаи “Оскар” киҳоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста