Эҳтимол давоми соли равон арзиши таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ дар кишвар баланд шаванд. Чунин пешниҳод аллакай, ба ҳукумати кишвар манзур шудааст. Дар ин бора Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории кишвар имрӯз, 5-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Қурбонзода, пешниҳоди дахлдор аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид шуд ва Хадамот ин масъаларо баррасӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани арзиши таърифаҳои истеҳсоли нерӯи барқ таклифҳоро пешниҳод кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, мактуби марбута аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ аллакай ба ҳукумати кишвар ирсол гардидааст.
“Ҳоло қарори дахлдоре ба тасвиб нарасидааст ва чӣ қадар баланд шудани арзиши неруи барқ низ маълум нест. Ин танҳо пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад”, - илова кард ӯ.

Ба иттилои манбаъ, тибқи созишномаву ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ташкилоту ниҳодҳои масъул мувофиқагардида, ҳоҷати баландшавии таърифаҳои нерӯи барқ ҳамасола муайян шудааст. Тибқи қонунгузории амалкунанда, таърофаҳои нерӯи барқ аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ мешавад.
Маълум нест, ки таърифаҳои барқ барои ҳамаи истифодабарандагони нерӯи барқ дар кишвар баланд мешавад ва ё танҳо барои аҳолӣ ё истифодабарандагони алоҳида.
Ба гуфтаи Қурбонзода, ҳоло тарифи миёнаи нерӯи барқ барои гурӯҳҳои гуногуни истифодабарандаҳо барои 1 кВТ 35 дирамро ташкил медиҳад. Дар соли 2021 он 20,11 дирам буд.
Ҳоло барои истифодаи барқ кӣ чӣ қадар месупорад?
Бояд гуфт, бори охир тарофаҳои неруи барқ дар кишвар аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 16% - аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло рафта буд.
Аз ин пештар, тарофаҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз "ТАЛКО" (Ширкати алюминии тоҷик), 1-уми октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 26,51 дирам пардохт мекард.
Аз 1-уми январи соли 2023 тарофа барои ТАЛКО низ то 15,57 дирам (давоми тамоми сол) боло бурда шуд.
То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1-уми май то 30-юми сентябр - 7,20 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел - 11,80 дирам) пардохт мекард.
Истеъмолгарони нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:
- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 26,51 дирам;
- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр - 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март - 26,51 дирам;
- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 9,2 дирам;
- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 12,6 дирам;
- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр - 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел - 60,65 дирам;
- барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф - 45,51 дирам.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии нерӯи барқи содиршуда аз Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз 2 млрд 478 млн киловатт-соатро ташкил дод.
Ин дар ҳолест, ки норасоии нерӯи барқ аз мушкилоти мубрами кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол бо фарорасии сардиҳо дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад, вале сокинон шикоят мекунанд, ки аз соатҳои расман муқарраргардида камтар барқ мегиранд.
10 вопросов, которые нужно задать врачу об ожирении
Главный военный прокурор Таджикистана выступил за предотвращение незаконных методов набора призывников
Эмомали Рахмон произвёл кадровые назначения в органах суда и прокуратуры
В Душанбе сбили работницу коммунальных служб: она скончалась в больнице
СМИ: ЕС приостановил разработку пакета военной помощи Украине из-за Венгрии
Сносить нельзя оставить. Где мэрия Душанбе поставит запятую?
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста