Соли 2025-ро сокинони Тоҷикистон бо қатъи нерӯи барқ “пешвоз” гирифтанд. Бархе аз аҳолии музофот шикоят доранд, ки дар ҳафтаи аввали соли нав ҳатто то 3 шабонарӯз барқ надоштанд.  Дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҳам чанд муддат боз барқ қатъ мешавад. Аммо масъулин ҳозир нестанд, ки ин масъаларо шарҳ диҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи декабр ҳини ироаи паёми солонааш сокинони кишварро дар сесолаи оянда пурра аз байн рафтани “лимит”-и барқ умедвор кард.

Аз Вазорати энергетика ва захираҳои об моҳи декабр ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки Шабакаҳои тақсимоти барқ реҷаи таъмини аҳолӣ бо барқро танзим кардаанд: дар як шабонарӯз ба аҳолӣ бояд 10 соат (аз соати 5:00 то 8:00 ва аз 16:00 то 23:00) барқ дода шавад.

Вале сокинони кишвар ҳамон вақт ҳам аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегуфтанд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз хонаҳояшон равшан асту халос.

Масъулони соҳаи энергетика ҳамоно қатъи нерӯи барқро бо вазъи душвори обу ҳаво ва пастшавии сатҳи об дар рӯдхонаҳо, ки ба кори нерӯгоҳҳои обӣ таъсир мерасонад, рабт медиҳанд.

Акси марбут
акс аз rus.ozodi.org

 

Сокинон аз қатъи 2-3-рӯзаи барқ нигаронӣ доранд

Дар аввали моҳи январ ҳам тақрибан нисфи иштирокчиёни пурсиш дар канали Telegram-и “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҷадвали таъминоти барқ дар минтақаи онҳо риоя намешавад.

Сокинон ҳатто аз қатъшавии чандрӯзаи барқ шикоят мекунанд. Дар деҳаи Уртабузи ноҳияи Ҳисор барқро чанд шабонарӯз пай дар пай қатъ карданд. Дар шаҳри Ваҳдат, ба гуфтаи сокинон, дар баъзе минтақаҳои аҳолинишин барқ 3 рӯз наомадааст.

Ҳамин вазъият дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ мушоҳида мешавад, ки сокинони деҳаи Навбаҳор аз 3-юми январ шабона бе барқ мондаанд. Дар чанд рӯзи охир барқ танҳо ду соат дар рӯз дода шудааст. Дар ноҳияи Ҷайҳун, ба гуфти сокинони маҳаллӣ, барқро 3-4 рӯз пай дар пай қатъ мекунанд.

Дар Кӯшониён низ сокинон аз қатъшавии барқ азият мекашанд. Масъулини шабакаҳои тақсимоти барқи маҳаллӣ ин ҳолатро бо садамаҳо рабт додаанд, ки бо сабаби кӯҳнагии симҳо ва трансформаторҳо рух додааст.

Қатъшавии барқ ҳамчунин ба Шаҳринав ва Турсунзода низ мушоҳида шудааст. Дар баъзе деҳаҳои ин минтақа барқ ҳатто чанд шабонарӯз намеояд.

Абдукарим Шералӣ, як сокини Панҷакент, изҳороти дар бораи риояи ҷадвали таъминоти барқро “дурӯғи ошкоро” номидааст.

“Субҳ барқро аз соати 5:00 то 7:30 медиҳанд, бегоҳ онро соати 16:15 дармегиронанд ва 17:15 боз қатъ мекунанд, баъд 20:30 медиҳанд ва 23:00 боз қатъ мекунанд”, - менависад номбурда.

Як корбари дигар менависад, ки “дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панчакент ҳам ҳамин тавр аст. Ҳоло дар ин соат (соати 18:00 – аз редаксия) мо барқ надорем. Ба кормандони барк тамос гирем, мегӯянд, ки барқ аз боло қатъ шудааст ва гапро мепечонанд”.

Дар ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент вазъият боз ҳам бадтар аст. “Мо ҳамагӣ 2-3 соат дар шабонарӯз барқ дорем ва баъзан умуман онро намедиҳанд”.

акс аз Asia-Plus

Як корбар менависад, ки “нархҳои ангишт баланд шудааст ва дар баъзе хонаҳо ҳатто ҳезум нест, ки хонаро гарм кунанд. Ҷавонон тоқат мекунанд, аммо пиронсолон ва беморон азият мекашанд”.

Сокинони Хуросон мегӯянд, ки барқро танҳо 5 соат дар шабонарӯз медиҳанд. Аз ноҳияи Данғара ҳам чунин шикоятҳо ба “Азия-Плюс” расиданд.

 

Саволи сокинон: “айб нест”?

Сокинони гӯшаву канори Тоҷикистон дар шарҳҳои пурсиши “Азия-Плюс” чунин саволҳо гузоштаанд: оё роҳи алтернативӣ вуҷуд дорад ва барои ҳалли мушкилот ба кӣ муроҷиат кардан мумкин аст?

“Чаро дар асри XXI мо ҳанӯз бидуни барқ ва алоқа зиндагӣ мекунем: айб нест?”, – мепурсад яке аз корбарон.

Корбарони “Азия-Плюс” аз мақомоти масъул хостаанд, ки ба ин вазъият диққат диҳанд, инфрасохторро ба фасли зимистон комилан омода кунанд, то аз чунин қатъшавиҳо пешгирӣ карда шавад.

Ҳатто бархе корбарон менависанд, ки масъулин нерӯи барқро бидуни ҳеҷ сабабе қатъ мекунанд, вале онро бардурӯғ ба “садамаи симҳо ё транформаторҳо” иртибот медиҳанд.

Сокинон бо таассуф мегӯянд, ки “мо ба ин вазъият одат кардаем”.

 

Масъулин мегӯянд, ки “ҳангома насозед”

Шикояти сартосарии сокинон аз қатъи нерӯи барқ дар ҳолест, ки масъулин ин вазъиётро “муътадил” меноманд ва мегӯянд, ки “ҳангома насозед”-у “сарфа намоед”.

Бинои "Барқи тоҷик"

Нозирҷон Ёдгорӣ, як масъули дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”, дар пайи ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ ва расонаӣ гардидани хабари қарордоди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, охири моҳи окябри соли 2024 навишт, ки ҳар сол дар фасли зимистон маҷрои оби нерӯгоҳҳо кам мегардад, ки сабаби ҷорӣ гардидани “лимит”-и барқ дар кишвар шудааст.

 

Мушкили ҳарсолаи сокинони Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз моҳи сентябр то апрел дар Тоҷикистон маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Соли 2024 аз 22-юми сентябр дар кишвар маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд.

“Барқи тоҷик” ҳамон замон аз аҳолӣ хост, ки “ба зимистон омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд”. Сабаби ин тасмимро ширкат “сол аз сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ба барқ” унвон карда, гуфт, ки имкон дорад ба дарёи Вахш об камтар ояд.

Таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистон аст. Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Сарфи назар аз камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад.

Нозирҷон Ёдгорӣ дар шарҳи интиқоли барқ ба Афғонистон навиштааст, ки дуруст аст “мо бо Ширкати “Брешно” барои ба Афғонистон интиқол додани барқ шартнома дорем, вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад”.

Иимзои созишнома бо ширкати "Брешно" барои фурӯши барқ

Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар, дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 102,4 млн доллар нерӯи барқ интиқол ёфтааст.

 

“Баъди соли 2027 моли таърих мешавад”

Ин ҳама дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёми солонааш гуфт, ки соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энерегетикӣ ноил мешавад.

“Ман ҳар лаҳза дар фасли зимистон дар ҳар як лаҳзаву соат ташвиши мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекунам. Шояд ин зимистони охире бошад, ки ин вазъро таҷриба карда истода бошед. Дар зимистони оянда ин душвориҳо камтар мешавад ва дар соли 2027 ин вазъият дар таърих мемонад”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.