Соли 2024 барои пахтакорони Тоҷикистон соли мушкил буд, чунки ҳосили начандон зиёд гирифта шуда, фермерон бо мушкилоти иқтисодӣ ва иқлим рӯбарӯ шуданд. Мушкилоти марбут ба парвариши пахта, кишти маҷбурии пахта ва шароити номусоиди истеҳсол ба хавфу хатарҳои асосӣ дар ин соҳаи муҳим табдил ёфтанд.
Хавфҳои вобаста ба иқлим
Ба гуфтаи вазири кишоварзии Тоҷикистон Курбон Хакимзода, шароити номусоиди иқлим ва хатогиҳо дар агротехника ба мушкилоти асосӣ сабаб шуданд. Дар фасли баҳор ва тирамоҳ дар ҷумҳурӣ боришоти ғайримуқаррарӣ сурат гирифта, маъракаи киштукор ба ҷой 10-15 рӯзи маъмулӣ 65 рӯз давом кард.
Кишти дер ба тағйири мавсими пухтани ҳосил дар тирамоҳ, ки боронҳои шадид оғоз гардида, сифат ва маҳсулнокии пахта бад шуд, боис гардида, ба анҷоми ҷамъоварии ҳосил имкон надод. Гармиҳои тобистон низ нақши худро бозиданд - моҳи августи соли гузашта ҳарорати хок дар ҷануби Тоҷикистон аз меъёрҳои иҷозашуда баланд шуд, ки ин ба нобуд шудани қисми назарраси ҳосил оварда расонид.
Дар Академияи илмҳои кишоварзӣ бар ин назаранд, ки мушкилот танҳо бо омилҳои иқлимӣ маҳдуд намешаванд. Президенти Академия Амонулло Салимзода зикр кард, ки бо вуҷуди таъмин бо тухмии хушсифат, фермерон на ҳамеша технологияҳои дурусти парваришро риоя мекарданд. Яке аз масъалаҳои асосӣ вайрон кардани низоми обёрӣ буд: дар шароити гармии шадид, бисёре аз деҳқонон обёриро барвақт оғоз карданд, ки ба пӯсидани решаи растаниҳо боис шуд.
Ҳамчунин кишоварзон ҳангоми ягонакунӣ ва буридани нӯги ниҳолҳо ба хатогиҳо роҳ доданд, ки ин ба коҳиши дастрасии ғӯзаҳои пахта ба моддаҳои ғизоӣ оварда расонид.
Норасоии агрономҳои соҳибтаҷриба вазъро мушкилтар мекунад. Дар кишвар ҳудуди 200 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд, вале на ҳамаи заминдорон донишҳои лозима доранд.
Пайомадҳои кишти маҷбурии пахта
Пахта маъмулан зироати муҳими стратегӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Бахши кишоварзӣ бештар аз 20% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳуриро ташкил дода, пахта дар содирот ҳиссаи назаррас дорад. Аммо фермерон ҳарчи зиёдтар аз фоидаи пасти пахта ва кишти маҷбурии он шикоят мекунанд.
Фермерон иддаъо мекунанд, ки мақомоти маҳаллӣ онҳоро ба кишти пахта дар қитъаҳои калони заминҳо маҷбур мекунад, ҳатто агар ин зиёновар бошад. Иҷорагир аз вилояти Суғд Маҳмуд Қурбонов дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ изҳор доштааст, ки мансабдорони маҳаллӣ онҳоро ба кишти дубораи пунбадона дар заминҳо маҷбур мекунанд, ҳарчанд онҳо барои кишти аввали дигар зироатҳо аллакай хароҷот кардаанд.
Аз минтақаҳои мухталифи кишвар низ ба ин монанд шикоятҳо мерасанд. Фермер аз Турсунзода, ки нахост номаф ифшо шавад, хабар дод, ки ӯ маҷбур шудааст аз 3 гектар замин дар 2 гектарш пахта кишт кунад, ҳарчанд кишти сабзавот ё гандум метавонист фоидаовартар бошад.
Вазири кишоварзӣ чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишоварзон дар интихоби зироат озод буда, метавонанд пахтаро дар бозори кушод фурӯшанд. Аммо дар амал он касоне, ки “тавсияҳо”-и мақомотро иҷро намекунанд, бо душвориҳои расмиятчигӣ, ки дастрасӣ ба замин ва захираҳоро мушкил месозанд, дучор мешаванд.
Аз лиҳози иқтисодӣ қобили қабул набудани пахтакорӣ барои фермерон
Нархи хариди 1 кг пахта ба ҳисоби миёна 6-7 сомониро ташкил дод, ки аз арзиши аслии истеҳсол пасттар аст. Фермерон барои як гектар тақрибан 15 ҳазор сомонӣ харҷ мекунанд, вале даромади онҳо аз 12 ҳазор сомонӣ бештар намешавад, ки ин ба зиён боис мегардад.
Дар ҳамин ҳол, 1 кг пахта дар бозори ҷаҳонӣ 15-16 сомонӣ нарх дорад лекин фермерон наметавонанд онро мустақиман фурӯшанд. Ба гуфтаи иқтисодчӣ Фаррух Саидов, сабаби аслии мушкилот набудани механизмҳои бозаргонӣ аст.
«Системаи харид ба манфиати на истеҳсолкунандагон, балки миёнаравон нигаронида шудааст. Бе кумакпулиҳо (субсидияҳо) ва болоравии нархи харид, фермерон наметавонанд пахтакориро рушд диҳанд», — мегӯяд ӯ.
Даромадҳои паст на танҳо ба фермерон, балки ба пахтачинон низ таъсир мерасонанд. Онҳо дар як рӯз 50 сомонӣ кор мекунанд, дар ҳоле ки дар сохтмон ва дигар корҳои мавсимӣ то 200 сомонӣ пардохт мешавад.
Дар Ӯзбекистон давлат ба ҷамъоварии пахта кумак карда, барои 1 кг 2,1 сомонӣ пардохт мекунад, ки ба ин кор ҳавасмандӣ зиёд мешавад.
Вазир аз фермерон пуштибонӣ намуд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард: «Агар барои истеҳсолкунанда ҳавасмандӣ набошад, пас пахта ҳам намешавад». Ӯ гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ ба дахолат дар фаъолияти фермерон ҳақ надошта, мушкили кишти маҷбуриро бошад, метавон бо маблағгузории пешакӣ барои деҳқонон ва роҳандозии системаи харид ҳал кард.
Сарфи назар аз зарарҳои фермерон, Ҳакимзода бовар дорад, ки «пахта ҳеҷ гоҳ зараровар нахоҳад буд. Деҳқон дар интихоби худ озод аст: агар хоҳад, парвариш кунад, агар нахоҳад, пас лозим нест».
Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезия Ориф Хоҷазода ширкатҳоеро, ки аз деҳқонон пахта мехаранду ба фаъолияти онҳо маблағгузорӣ намекунанд, мавриди интиқоди шадид қарор дод. Ба гуфтаи ӯ, ин ширкатҳо метавонистанд деҳқононро бо техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, тухмӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин намоянд, лекин ин корро намекунанд. Ба ақидаи ӯ, вақти он фаро расидааст, ки чунин вазъ тағйир дода шавад.
Нархҳои харид пасттар аз арзиши аслӣ
Дар соли 2024 нархи 1 кг пахта дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 6 сомониро ташкил дод, дар ҳоле ки арзиши аслии истеҳсоли он тақрибан ба 6-7 сомонӣ баробар буд. Бинобар ин, аксари деҳқонон ба зиён дучор гаштанд.
Ғайр аз ин, барои пардохти 1 кило ҳаққи меҳнати пахтачинон боз 1 сомонӣ сарф мешавад, вале коргарон 2 сомонӣ талаб мекунанд. Ба ин тариқ, ҳатто бо нархи хариди ҳадди ниҳоии 7 сомонӣ, деҳқонон наметавонанд хароҷоти худро пӯшонанд.
Вазъро чӣ гуна метавон тағйир дод ва пахтакориро фоидаовар намуд?
Ба ақидаи таҳлилгарон, барои он ки пахтакорӣ фоидаовар шавад, бояд ҳосилнокӣ аз 1 гектар зиёда аз 30 сентнер бошад. Вагарна, деҳқонон метавонанд зарар бинанд, зеро соли гузашта баъзе хоҷагиҳо аз 1 гектар ҳамагӣ 8-10 сентнер ҳосил гирифтанд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки усулҳои парвариши зери плёнка ва дуқатора ҷорӣ шавад, ки ба гирифтани ҳосили баланд аз майдони хурд имкон медиҳанд. Ин усул дар Чин натиҷаҳои мусбат нишон додааст. Бо усули анъанавӣ дар як гектар 95-100 ҳазор ниҳол мешинонанд, дар усули инноватсионӣ бошад, 220-250 ҳазор.
«Плёнкаи муҳофизатӣ пахтаро аз таъсири шароити обуҳаво ҳимоя мекунад, намии лозимро барои рушди растаниҳо нигоҳ медорад, хушкшавии заминро пешгирӣ мекунад ва ба нашъунамои зудтари растаниҳо мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, обёрии қатрагӣ обро самаранок истифода мебарад. Дар рӯзҳои наздик ба кишвар 100 мошини тухмикорӣ барои парвариши зери плёнка ворид мешаванд, ки ба ҷорисозиии ин технология дар саросари кишвар имкон медиҳанд. Мо бояд ҷиддан тарзи кор дар соҳаи пахтакориро тағйир диҳем», - изҳор дошт вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода.
Таҷриба аллакай нишон медиҳад, ки чунин усулҳо муассир мебошанд. Масалан, деҳқонони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Леваканд сарфи назар аз тағйироти иқлим, ба туфайли истифодаи кишти зери плёнка ва обёрии қатрагӣ ҳоили баланд ба даст оварданд.
Содирот муқобили коркард: ояндаи саноати пахтакории Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳудуди 30 корхонаи нассоҷӣ фаъолият мекунанд, ки ҳар сол 20 ҳазор тонна пахтаро коркард мекунанд. Бо вуҷуди ин, қисми назарраси нахи пахта ба содирот меравад. Агар коркард дар кишвар зиёд шавад, истеҳсоли молу маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шуда, фоида аз саноати пахта метавонад 5-7 маротиба зиёд шавад.
Коршиносон аз ҳукумат даъват мекунанд, ки ба коркарди пахта дар дохили кишвар таваҷҷуҳ намояд. Ин натанҳо ба болоравии арзиши маҳсулот, балки фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ имкон дода, даромади устуворро барои деҳқонон таъмин мекунад.
Дар соли 2024 содироти пахта барои кишвар бештар аз 211 млн доллар фоида овард, ки ин соҳаро барои буҷет ҷолиб месозад. Бо вуҷуди ин, барои деҳқонон чунин муносибат даромади назаррас намедиҳад.
Солҳои наздик нархи пахта боло меравад. Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2025 нархи ҷаҳонии пахта 5% афзоиш ёфта, 2 доллар барои килограммро ташкил хоҳад кард. Дар соли 2026 афзоиши 5% ва то 2,05 доллар расидани он дар назар аст. То 4 феврали соли 2025 нархи шартномаҳои фьючерсӣ барои пахта дар биржаи байнулмилалии ICE 66,94 долларро ташкил дод, ки ба 1,46 доллар арзиши 1 килои он баробар аст.

Раванди коркарди пахта аз се марҳилаи асосӣ иборат аст: ибтидоӣ, дуюмдараҷа ва сеюмдараҷа, ки ҳар кадоме арзиши иловагӣ ва фоидаро зиёд мекунад. Дар марҳилаи аввал дар корхонаҳои тозакунии пахта аз пахтаи хом нах, калоба ва тухмиҳои калобашуда, инчунин маҳсулоти иловагӣ ба даст меоянд. Фоида аз 1 тонна пахта ночиз буда, барои коркардкунандагон ба ҳисоби миёна аз 3-5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Коркарди дуюмдараҷа аз табдили пахта ба матоъ, ришта, пахтаи тозашуда (вата), равған ва собун иборат аст. Даромад аз 1 тонна пахта дар ин марҳила метавонад бештар аз 300 ҳазор сомонӣ бошад. Даромади умумӣ аз коркарди 100 ҳазор тонна метавонад ба беш аз 3 млрд доллар расад.
Коркарди сеюмдараҷа аз истеҳсоли маҳсулоти тайёр, мисли либос, матоъ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дигар молҳо иборат аст, ки арзиши онҳо метавонанд 5-10 баробар зиёдтар бошанд.
Ҳиссаи фоидаи деҳқонон дар тамоми занҷираи коркарди пахта дар марҳилаҳои гуногун фарқ мекунад. Дар марҳилаи ибтидоӣ он аз даромади умумӣ баробар ба сифр мебошад, дар марҳилаҳои дигар барои коркардкунандагон имконият хоҳад буд, ки ба онҳо 12-13 ҳазор сомонӣ барои тонна пардохт кунанд, ки вазъиятро ба таври амиқ тағйир медиҳад. Аммо ҳоло тамоми фоида дар дасти миёнаравон мемонад.
Додситони нави ҳарбӣ хост, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ шавад
Тағйироти кадрӣ дар сохтори додситонӣ ва додгоҳӣ. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба ислоҳи камбудиҳо ва забондонӣ муваззаф кард
Азсаргирии парвози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?
Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд
Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд
Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд
Реҷаи интиқоли барқ дар моҳи Рамазон тағйир ёфтааст
Боздошти як марди 41-сола дар Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш дар Русия
Озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи маданӣ. Тоҷикистон дар сафи “бадтарин”-ҳо қарор гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста