Дар Тоҷикистон мавсими киштукори баҳору тобистон ба охир расида, ҷамъоварии ҳосили баъзе маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2024 дар Тоҷикистон киштукори баҳорӣ дар майдони 440274 гектар ба нақша гирифта шуда, то 24 июн ин нақша 99,65% ё худ дар майдони 438 714 гектар ба иҷро расид.
Дар муқоиса бо мавсими киштукори соли гузашта имсол майдони кишти пахта (дар 5186 гектар, ҳамагӣ 185 607 гектар), растаниҳои равғандор (дар 734 гектар), картошка (дар 211 гектар), пиёзу сабзӣ, бодиринг ва дигар сабзавот (дар 1019 гектар) зиёд шуд.
Кишти зироати ғалладона (дар 10974 гектар), инчунин зироати полизӣ, карам, помидор ва растаниҳои хӯрока нисбатан кам шуд.
Ғайр аз ин, дар майдони 37 ҳазор гектар кишти такрории баъзе зироатҳо, аз ҷумла зироати ғалладона, биринҷ ва сабзавот идома дорад.
Дар баробари ин, ҷамъоварии ҳосили гандум ҷараён дошта, то имрӯз ҳудуди 414 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки 43%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳислнокӣ аз ҳар як гектар ҳудуди 41 сентнерро ташкил медиҳад, ки нисбат ба мавсимҳои пешина хеле зиёдтар аст.
То 24 июн дар Тоҷикистон зиёда аз 96 ҳазор тонна тарбузу харбуза ҷамъоварӣ шуда, ҳосилнокии онҳо 273 сентнер аз 1 гектарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи мутахассисон, дар муқоиса бо соли 2023, имсол истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон метавонад то 10% зиёд шавад.