Ҷудокорони тоҷик аз мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” ё “Grand Slam”-и Токио, ки рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр дар Ҷопон баргузор шуд, медал ба даст оварда натавонистанд.
Дар ин мусобиқа, Тоҷикистонро 6 варзишгар – Обид Ҷебов, Мусаниф Миробов (ҳарду дар вазни то 66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳарду дар вазни то 81 кг), Мизробшо Лоиқов (дар вазни то 90 кг) ва Муҳсин Малаев (дар вазни то 100 кг) намояндагӣ карданд.
Дар миёни ин паҳлавонони тоҷик, ки ҳама дар даврҳои гуногун ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуданд, Обид Ҷебов ба натиҷаи беҳтаре даст ёфта, баъди шикаст аз қаҳрамони феълии ҷаҳон Такеши Такеокаи ҷопонӣ ҷои 5-умро гирифт. Соли гузашта ягона медали Тоҷикистонро дар ин мусобиқа Ҷебов ба даст оварда буд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ин мусобиқот бо як ҷойи панҷум, зинаи 15-умро соҳиб шуд.
Ҷопон бо касби 37 медал (11 тило, 11 нуқра ва 15 биринҷӣ) мақоми аввал, мунтахаби Русия бо касби 5 медал (1 тило, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо касби 3 медал (1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро ишғол карданд.
Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷоизавии мусобиқаи имсола 154 ҳазор евро буд. Ба паҳлавононе, ки медали тилло гирифтанд, 5 ҳазор евро, соҳиби медали нуқра шуданд, 3 ҳазор ва нишони биринҷӣ гирифтанд, 1500 евро тақдим гардид.
Ҳамчунин, ғолибони ҷои аввал соҳби 1000 имтиёз, барандагони ҷойи дуюм 700 имтиёз ва зинаи сеюм 500 имтиёз гирифтанд. Онҳое, ки ҷойҳои 5 ва 7-умро соҳиб шуданд, мутаносибан 360 ва 260 хол ба даст оварданд.
Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар "Tokyo Grand Slam 2025" беш аз 300 гуштигир (169 мард ва 134 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи “Tokyo Grand Slam 2024”, ки моҳи декабр баргузор шуда буд, танҳо як медалӣ биринҷӣ ва онро ҳам Обид Ҷебов дар вазни 66 кг ба даст оварда буд. Дар ин мусобиқот, ки Тоҷикистонро 4 ҷудокор намояндагӣ мекард.
Варзишгарони тоҷик дар“Tokyo Grand Slam 2023” низ медал ба даст оварда натавониста буданд. Он замон ба хайати мунтахаби кишвар даҳ варзишгар шомил буданд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста