Роҳбарони аксар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз натиҷаи интихоботи парлумонии ахир қаноатманданд. Ҳатто онҳое, ки ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуданд, эътирозе надоранд.
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 2-юми март баргузор гардид, бо ғалабаи комили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон поён ёфт. Ин ҳизб дар ҷамъ аз 63 курсии парлумон 49 кирсиро соҳиб шуд, ки ин ду курсӣ бештар нисбат ба парлумони даъвати пешин аст.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 7 курсӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 5 курсӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон яктогӣ курсии парлумонро соҳиб шуданд. Натиҷае, ки панҷ соли пеш ҳам сабт шуда буд.

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон бори аввал натавонист ҳеҷ курсиеро дар парлумон соҳиб нашуд. Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ иштирок накард ва сабаби иштирок накарданашро ҳам шарҳ надод. Ин ҳизб ҳарчанд солҳои пеш дар интихобот иштирок мекард, аммо ҳеҷ гоҳ соҳиби мандат нашудааст.
Ғалабаи комил, такрори натоиқ ва хоҳиши як курсӣ
Вақте натиҷаи интихоботи парлумонии ахир эълон мешуд, муовини якуми раиси ҲХДТ ва раиси ҲАТ паҳлӯи ҳам нишаста, кайфиати аъло ва суҳбати хуше доштанд.
Маълум буд, ки Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси ҲХДТ аз ғалабаи комил ва беҳтар кардани натиҷаи панҷ соли пеш, хушҳол аст. Мо натавонистем бо ӯ суҳбат кунем ва пурсем, ки аз ғалабаи комил қонеъ аст ва ё боз ҳам курсии бештар мехост. Иттифоқан, мо ба ӯ саволҳои зиёд доштем, ки ҳанӯз қабл аз интихобот мехостем пурсем, аммо бо баъзе сабабҳои барои мо номаълум ин саволҳои мо бепосух монд.

Аммо Рустам Латифзода, раиси ҲАТ, ки соҳи 7 курсӣ шуд, қаноатмандии худро пинҳон намекард ва гуфт, “ин райъи мардум аст, мо онро эҳтиром ва қабул мекунем”.
“Ин масъулияти моро пеши интихобкунандаҳоямон бештар мекунад, ки бештар кор кунем”, - гуфт ӯ.
Ӯ дар марҳалаи пешазинтихоботӣ дар мусоҳибаи худ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки талош мекунанд дар парлумон ҳарчи бештар курсӣ ба даст оранд. Лекин, 7 курсӣ дар парлумон такрори натиҷаест, ки панҷ соли пеш ин ҳизб нишон дода буд.
Бо ин ҳам, Рустам Латифзода зикр кард, ки “интихобот мураттаб ба роҳ монда шуд ва натиҷаи интихоботи парлумониро хуб арзиёбӣ мекунад”.
Ғулом Ҳалимов, раиси тозаинтихоби ҲСТ, ки як курсии парлумонро соҳиб шуд, аз натиҷаи интихобот қаноатманд буд ва бо табъи болида гуфт, “мо овози зиёдтар интизор будем, лекин дар айни ҳол, дастоварди ҳозира ҳам бисёр натиҷаи назаррас мебошад ва мо аз натиҷа қаноатмандем”.

Ӯ, ки ҳамагӣ шаш моҳ пеш аз интихобот роҳбари ҲСТ шуд, дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “шояд барои ҷомеа чеҳраи камошно бошам, аммо ман аз равандҳои сиёсии дохилу хориҷ хуб огоҳам ва таҷрибаи сиёсии ман кам нест. Аз ин лиҳоз, бовар дорам, мо натанҳо як курсиро дар парлумон ҳифз мекунем, балки талош менамоем, теъдоди вакилони мо бештар шавад”.
Баъди эълони натиҷаи овоздиҳӣ дар интихоботи ахир, ӯ ба хабарнигори “Азия-Плюс” бо ишора ба иддаои дар мусоҳибааш зикркарда гуфт, ки “дидед, тавонистем курсиро ҳифз кунем”.
Аммо нуктаи дигаре, ки ӯ зикр кард, талош ҷиҳати бештар кардани теъдоди вакилон буд. Чунин менамояд, ки ба таври бояд талош сурат нагирифтааст, зеро як курсӣ дар парлумон такрори натиҷаи панҷ соли пеш аст.

Шаҳбози Аброр, раиси ҲДТ, ки барояш дар парлумон як курсӣ дода шуд, низ ин натиҷаро бо назардошти вазъи кунунии ҳизбаш қаноатбахш арзёбӣ кард.
“Ҳарчанд мо интизориҳои бештар доштем, вале бо вазъе, ки ҳизби мо дар воқеият дорад, як курсӣ ҳам натиҷаи хуб аст. Натиҷаи кунунӣ барои мо таҷриба шуд, то дар интихобҳои оянда корро боз ҳам ҷоннок кунем ва фаъол бошем”, - гуфт Шаҳбози Аброр.
Мироҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ, ҳарчанд дар интихоботи парлумонии ахир комилан шикаст хӯрд ва аз ду курсии қаблан дошта ҳам маҳрум шуд, аммо боз ҳам эътирозе надошт.
Ӯ танҳо хоҳиш дошт, ки барои ҳизбаш “дар парлумон ақаллан як курсӣ медоданд”.
Роҳбари ҲИИТ, ки дар парлумон соҳиби 5 курсӣ шуд, на пеш аз баргузории интихобот ва на баъди эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ, нахост бо “Азия-Плюс” суҳбат кунад ва номаълум монд, ки дар бораи ин интихобот ва натиҷаи он чӣ андеша дорад.
Додситони нави ҳарбӣ хост, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пешгирӣ шавад
Тағйироти кадрӣ дар сохтори додситонӣ ва додгоҳӣ. Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навро ба ислоҳи камбудиҳо ва забондонӣ муваззаф кард
Деҳқонони Тоҷикистонро ба кишти пахта маҷбур мекунанд
Азсаргирии парвози мустақим ва то $500 млн расонидани гардиши мол. Сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон боз аз чиҳо гуфтанд?
Рӯнамоии “Асарҳои мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ дар Украина
Содироти барқ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя қариб 3 баробар афзуд
Нархи хӯрокворӣ дар рӯзҳои аввали моҳи Рамазон: аллакай боло мераванд
Дар Тоҷикистон Стратегияи бехатарии ҳаракат дар роҳ таҳия мекунанд
Реҷаи интиқоли барқ дар моҳи Рамазон тағйир ёфтааст
Боздошти як марди 41-сола дар Тоҷикистон бо гумони қатли ҳамсараш дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста