Президенти Русия Владимир Путин сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 майи соли 2025 дар Майдони сурх ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба шаҳри Маскав даъват кард. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев хабар додааст.
“Мо даъватнома аз президенти Русия Владимир Путинро ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои рӯзи 9 май дар Майдони сурх супурдем”, - хабар додааст ТАСС бо истинод ба гуфтаҳои дипломат.
Сафир таъкид доштааст, ки соли оянда раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба дӯши Тоҷикистон вогузор шудааст.
Семён Григорев бар ин назар аст, ки мавзӯи 80-солагии Ғалаба дар сатҳҳои баланд баррасӣ хоҳад шуд.
Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав иштирок кард. Он замон сафари кории президенти Тоҷикистон ба Русия низ бо даъвати Владимир Путин сурат гирифт.
Қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков изҳор дошта буд, ки масоили марбут ба муҳоҷирон ба муносибатҳои Путин ва Раҳмон таъсир намерасонанд.
“Муносибатҳои сарварони давлатҳо самимиву дӯстона аст. Онҳо ҳамдигарро хуб медонанд, суҳбату гуфтушунид мекунанд ва инро мехоҳанд”, - изҳор дошт ӯ дар посух ба савол дар бораи таъсири мавзӯи муҳоҷирон ба муносибатҳо.
Додситонҳоии шаҳри Конибодом ва 6 шаҳру навоҳии дигар аз вазифа барканор шуданд
Дар ҳамаи нақлиёти ҷамъиятии кишвар дастгоҳи қабули пардохти ғайринақдӣ насб мекунанд
“Пул надиҳӣ беобрӯят мекунам”. Тамаъҷуйии марде, ки худро зан муаррифӣ кардааст
Тоҷикистон квота барои ҷамъоварии шираи камол ва ширинбияро маълум кард
Кӯчат аз дона: ниҳолпарварӣ дар Тоҷикистон ба соҳаи сердаромад табдил меёбад
"Дар гулӯяш корд гузоштам..." Боздошти ду ҷавон дар Дӯстӣ барои дуздии пулу телефон
“Парвандаи табаддулот”. Айбдоркунандаи давлатӣ барои чеҳраҳои боздоштшуда аз 20 то 30 соли зиндон талаб кард
БАОР ба Тоҷикистон рушди хушбинонаи иқтисодро пешгӯӣ мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вафодории аёз расвоии ҳасудон”
«Тоҷик-Эйр» парвозҳо аз Душанбе ба Кӯлобу Панҷакентро оғоз мекунад. Кай ва нархи чиптаҳо чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста